14.9 C
Dushanbe

Чанд мулоҳиза оид ба муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

Вуруд ба мавзуъ. Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар поёни даҳаи сеюми соҳибихтиёрии худ иқдомҳои ҷиддиро барои ба роҳ мондани муносибатҳои минтақавӣ, аз он ҷумла дуҷониба роҳандозӣ намуданд.

Бознашр аз саҳифаи фейсбукии Шералӣ Ризоён

Шуруъ аз соли 2016 низоми муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар Осиёи Марказӣ сифатан дигар шуд ва ин шароит бешубҳа аз сиёсатҳои нави минтқавии Ӯзбекистон сарчашма мегирад. Дар муддати кутоҳ силсилаи омилҳои хатарзо ва таҳдидофар бартараф карда шуданд ва дар натиҷа ҳамкории наздики давлатҳо дар Осиёи Марказӣ шакл гирифт, ки маҷмуан ба нафъи ҳамаи онҳо буда, барои амалӣ шудани манфиатҳои миллиашон низ мусоидат мекунад.

Дар минтақа, дар борабари омилҳои такондиҳандаи муносибатҳои рӯ ба ҳамгироӣ инчунин омилҳои боздорандаи чунин равобит низ ба назар мерасанд. Ба шумори омилҳои боздоранда чунин масъалаҳо, аз қабили омилӣ геополитикӣ, ихтилофи дохилимитақавӣ ва осебпазирии суботу амният; “рақобат барои лидерӣ дар минтақа”; баҳси ҳувият ва таърих дар минтақа; тавозун байни афзалияти ҳамгироии минтақавӣ ва бунёди давлатдории миллӣ (миллатсозӣ); тавозун байни протексионизми иқтисодӣ ва ҳамгироии минтақавӣ; раванди сулҳи Афғонистон ва ояндаи номуайяни он; ва ғайраро метавон номбар кард. Албатта ҳар як нуктаи дар боло зикр шуда, таҳлилу баррасӣ ва бозкушоии васеъро аз диди манфиатҳои Тоҷикистон тақозо мекунад, вале ҳоло ин корро барои оянда мегузорем.

Таҳлили муносибатҳои маҷмуии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар давраи истиқлол нишон медиҳад, ки ду кишвар давраи гуногуни сатҳи муносибатҳоро паси сар карданд ва беҳтар шудани муносибатҳои байнидавлатӣ ба нафъи ҳарду давлат аст, чун онро манфиатҳои миллии тарафайн тақозо мекунад.

Муҳимтар аз ҳама таҳлили маҷмуии сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар солҳои охир нишон медиҳад, ки дар самти Ӯзбекистон аксари созишҳои дуҷониба амалӣ мешаванд ва ҳар кадоми ҳуҷҷатҳои пештар ба имзо расида натиҷа дода истодаанд. Ин шароит андешаи натиҷабахшу ҳадафнок будани робитаҳоро тақвият дода, агар ҳудуди 5 соли дигар чунин идома ёбад, сатҳи муносибатҳои дуҷониба сифатан ва комилан дигар мешаванд.

Оид ба сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон

Расми қабул ва тамоми чорабиниҳое, ки бо иштироки президентҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Душанбе ва вилояти Суғд баргузор шуданд, ба таври бесобиқа таваҷҷуҳи зиёди сокинони кишвари мо ва ҳамсояро ба худ ҷалб намуд. Ин худ бозгӯи талаботи ҳаётии ҷомеаҳо барои тавсеаи муносибатҳо аст. То сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон ба Тоҷикистон як силсила чорабиниҳо иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ доир гардиданд.

Муҳимтар аз ҳама раисони Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, вазирони корҳои хориҷӣ ва умуман худи ниҳоди татбиқкунандаи сиёсати хориҷии ду давлат кори ниҳоят зиёд, ҷиддӣ ва арзишмандро анҷом доданд.
Инак, бори сеюм аст, ки Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ташриф меорад ва ҳар як сафар ниҳоят самимӣ ва дустона дар матбуот ва умуман фазои иттилоотӣ паҳну пахш мешавад.

Заминаи муносибатҳои неки ҳамсоягии ду давлат аз созишномаи соли 2018 оид ба шарикии стратегӣ сарчашма мегирад. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ сатҳи шарикии стратегӣ байни кишварҳое сурат мегирад, ки шароит ва ё имкони то ҳадде баробар доранд ва ё барои бароварда намудани манфиатҳои худ ба чунин формати равобит азм менамоянд. Дар мисоли шарикии стратегии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бояд гуфт, ки он то ҳадде сатҳи табиӣ муносибатҳо аст, чун ҳарду кишвар захираҳои лозимаро барои тақвият бахшидани имконоти дохилӣ ва зарфияти заруриро барои инкишоф доранд ва муҳимтар аз ҳама муҳтавои рушди устувори якдигарро пурра мекунанд.

Баъди соли 2018 санадҳои зиёди дуҷонибаи байнидавлатӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба имзо расиданд ва шумораи он ба таври бесобиқа зиёд гардид, ки то имруз Душанбеи расмӣ бо ҳеҷ кишвар чунин таҷрибаро надоштааст. Танҳо соли 2018 ҳудуди 54 санади байнидавлатӣ ба имзо расид ва дар ин сафар шумораи он 36 адад зикр шуд. Аз ин ру, пешбинӣ намудан мумкин аст, ки дар сафари ҷавобии раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ҳамин миқдор созишномаҳо ба имзо мерасанд ё ба татбиқи амалии санадҳои пештаримзошуда оғоз мебахшанд. Перомуни масъалаҳои усулии шарикии стратегии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар марҳилаи муосир, нуктаҳои меҳварӣ ва дурнамои тавсеаи он як таҳлили алоҳида бояд сурат гирад, ки оянда таҳия мегардад.

Аз диди манфиатҳои миллии Тоҷикистон дар самти муносибат бо Ӯзбекистон сафари Шавкат Мирзиёев дар таърихи 10-11 июн ба кишвари мо аз ин ҷиҳат муҳим арзёбӣ мешавад:

Якум, роҳбарони ду давлат омодагии худро барои идома бахшидани тақвияти муносибатҳои маҷмуии ду кишвар зикр карданд, ки бешубҳа як падидаи мусбат ба шумор меравад. Ҳам дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ҳам дар минтақаи пасошӯравӣ перомуни муносибатҳои ду давлат истилоҳи “моҳи асалин”-ро истифода мекунанд, интизори ба поён расидани он ҳастанд. Вале таҷрибаи 5 соли охири муносибатҳо нишон медиҳад, ки мушкилоти амиқ ба миён наомадааст ва агар пайдо ҳам шуд, бо назардошти манфиатҳои тарафайн ҳаллу фасл шуданд. Албатта, боз ҳам беҳтар шудани муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон барои бозингарони манфиатдор дар Осиёи Марказӣ як силсила мушкилот меофарад ва муҳимтар аз ҳама таъсирпазирии ду давлатро аз акторҳои хориҷӣ кам менамояд. Шояд бо назардошти ҳамин нукта чунин таҳлилҳо садо медиҳанд.

Аз ҷониби баъзе коршиносон садо додани чунин нукта ба он вобаста аст, ки онҳо аз солҳои 2000-ум то 2016 муносибатҳои ду давлатро комилан дигар хел арзёбӣ намуда, умуман версияи беҳтар шудани равобит кам баррасӣ мешуд. Яъне касбияти чунин коршиносон дар мисоли беҳтар шудани муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зери суол рафт. Як нукта дақиқ аст, ки агар муносибатҳо ҳар қадар наздик ва тақвият дода шаванд, ҳамеша мушкилиҳо пайдо мешаванд, ки табииӣ аст. Умедворем, ки барои ҳаллу фасли онҳо ба назар гирифтани манфиатҳои тарафайн, ба хусус риояи созишномаҳои имзошуда ҳамчун асли муҳим истифода мешаванд.

Маҷмуан, арзёбии масъала нишон медиҳад, ки муносибатҳои сиёсии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ҳачун як модели муваффақ барои минтақа баҳогузорӣ намудан мумкин аст. Муҳимтар аз ҳама зарурати ҷиддӣ барои ниҳодина намудани он ба миён омадааст, ки ба таври табиӣ қавӣ гардида, аз унсурҳои берунаву муваққатӣ осебпазир набошад. Нуктае, ки дар рафти сафар аз ҷониби раисҷумҳури Ӯзбекистон перомуни дар сатҳи ноҳия ва вилоятҳои наздимарзии ду ҷониб тавсеа додани муносибатҳо садо дод, умедро барои қавӣ ва ниҳодина шудани равобит ва умуман муносибатҳо бештар мегардонад.

Дуюм, рушди ҳамкориҳо дар соҳаи обу энергетика ва иқдоми муштарак барои ҳали мушкилоти экологӣ. Таҳлили масъала нишон медиҳад, ки то соли 2016 масъалаи обу энергетика дар Осиёи Марказӣ ниҳоят “сиёсӣ” шуда буд ва ҳамчун унсури рақобату зиддият баромад мекард. Вале бо наздик шудани муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон “масъалаҳои пештар ҳалнашаванда” ба тадриҷ, қадам ба қадам, бидуни ба таври сунъӣ такон бахшидани онҳо ҳаллу фасл шуда истодаанд.

Зарурати тавсеаи ҳамкориҳо дар ин самт аз он иборат аст, ки Осиёи Марказӣ аз ҳисоби захираҳои дохилӣ барои таъмин намудани аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва полезӣ худкифо аст, вале мушкилоти асосӣ дар куҳна шудани низоми обёрӣ ва аз ҳад зиёд талаф шудани об буд. Таҷрибаи ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соли 2020 ва Тоҷикистону Қазоқистон дар соли 2021 барои таъмини об ҳам як падидаи мусбат мебошад, чун нишон дод, ки давлатҳо барои ба назар гирифтани манфиатҳои якдигар омода ҳастанд. Муҳимтар аз ҳама Тоҷикистон собит намуд, ки иродаи сиёсии амалиро барои таъмин намудани кишварҳои ҳамсоя бо об дар давраи мушкил дорад.

Дар самти таъмини Осиёи Марказӣ бо неруи барқ дар минтақа зарфияти кофӣ мавҷуд аст, вале ба таври зарурӣ ҳамкориҳо дар ин самт барои истеҳсоли якҷояи он низ дида намешуд. Вале эълон шудани оғози бунёди ду неругоҳ дар дарёи Зарафшон аз ҷониби Тоҷикистону Ӯзбекистон (ин нукта ду сол қабл изҳор шуда буд) бо ҷалби сармояи худӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, ин масъаларо ба таври дигар ба намоиш гузошт. Зеро, захираи энергетикии танҳо Тоҷикистон имкон медиҳад, кулли минтақа бо барқи аз нигоҳи экологӣ тоза таъмин шуда, энергияи сабз ва безарар ба муҳити зист истифода шавад.

Ин ҳамкории Тоҷикистон бо Ӯзбекистон перомуни хариду фурӯши неруи барқ имкон медиҳад, ки ин таҷриба фарогир гардаду давлатҳои минтақа бо сармояи худ барои бунёди иншооти нави энергетикӣ дар кишвари мо ширкат кунанд. Рушди соҳаи энергетика ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, иқдомҳои муштарак барои ҳифзи пиряхҳо имкон медиҳанд, ки ҳам ҳамкориҳо дар ин соҳа густариш ёбад ва ҳам қадами ҷиддӣ барои ҳалли мушкилоти экологӣ, алалхусус бартараф намудани оқибатҳои манфии хушкшавии Баҳри Арал низ таҳия гардад.

Мувофиқи пешбинии коршиносони Ӯзбекистон бо назардошти амалӣ шудани ислоҳоти иқтисодии ҷараёндошта, талаботи ин кишвар дар 10 соли оянда ба неруи барқ бамаротиб боло меравад. Аз ин дидгоҳ, зарфияти энергетикии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки самаранокии ислоҳот ҷиддӣ бошад ва дар дурнамои миёнамуҳлат амалӣ гардад. Зикри ин нукта низ аз он ҷиҳат муҳим аст, ки дар низоми ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи обу энергетика як таҷриба ва модели муваффақро ба вуҷуд меорад.

Сеюм, мавқеи наздик (ягона) перомуни рӯзнома ва мушкилоти глобалӣ, таҳдиду хатарҳои воқеию эҳтимолӣ. Табиист, ки ба суботу амнияти Осиёи Марказӣ дар умум ва давлатҳои он дар алоҳидагӣ ягон қудрати берунаи ҷаҳонию минтақавӣ ба пуррагӣ манфиатдор нест. Чунки ҳар кадоми онҳо аз ин шароит барои бароварда намудани манфиатҳои геополитикию стратегии худ истифода мекунанд. Ҳар қадаре агар кишварҳои минтақа барои таъмини суботу амнияти худ ба давлатҳои дигари берун аз минтақа такяи бештар кунанд, ин омил вобастагии онҳоро низ зиёд мекунад.

Бинобар ин, доштани мавқеи муштарак оид ба равандҳои муосири ҷаҳон ва густариш додани ҳамкорӣ барои муқовимату пешгирӣ нисбат ба таҳдиду хатарҳои муосир, ба хусус ифротгароӣ, тундгароӣ, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва ғайра ниҳоят зарур аст. Тавсеаи дипломатияи бисёрҷониба дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ низ дар марҳилаи имрӯза ниҳоят муҳим аст ва он барои ҳифзи манфиатҳои миллии онҳо низ замина мегузорад.

Дар мисоли муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон метавон зикр кард, ки сарони ҳарду давлат ба масъалаи Афғонистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд. Роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон ташаббуси музокироти тошкандӣ барои Афғонистонро дастгирӣ намуда, иқдомҳои ин давлат барои тавсеаи равобит бо давлатҳои Осиёи Ҷанубиро низ ҷонибдорӣ кард. Ояндаи норавшани музокироти байниафғонӣ барои расидан ба сулҳи устувор ва пойдор нигаронии ҷиддии ҳамсоякишварҳо, қудратҳои ҷаҳонию минтақавиро ба вуҷуд овардааст. Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамчун ҳамсояҳои шимолии Афғонистон ба равандҳои ҷараёндошта дар ин кишвар бетафовут нестанд, чун он ба таври амалӣ ба суботу амнияти ҳарду давлат таъсир мерасонад.

Чорум, тавсеаи ҳамкориҳо дар самти иқтисод, сармоягузорӣ, нақлиёт ва иртиботот. Мушкилоти асосии минтақаи Осиёи Марказӣ ва давлатҳои он ин ҷойгиршавии дур аз роҳҳои баҳрӣ аст. Барои расидан ба бандарҳои обҳои гарм бояд марзи як ё якчанд давлатро убур намуд. Минтақа то ҷое дар инзиво қарор дорад ва ба ин нигоҳ накарда, чӣ дар солҳои гузашта ва чӣ имрӯз омили зарфияти нақлиётӣ (ба хусус заминӣ) ҳамчун абзори фишор аз ҷониби худи кишварҳои минтақа нисбат ба якдигар истифода мегардид ва то ҳол истифода мешавад, ки ба таври умум зарфияти маҷмуии онҳоро коҳиш медиҳад.

Шароити мазкур дар маҷмуъ барои пешрафти ҳар яке аз давлатҳо монеъ эҷод менамояд. Бинобар ин, густариш ёфтани ҳамкориҳои қавию мустаҳкам дар соҳаи мазкур имкон медиҳад, ки ҳам минтақа зарфияти транзитии худро баланд бардорад ва ҳам давлатҳои он ба пешрафт ноил гарданд. Чунки омили мазкур барои боло рафтани тиҷорат, гардиши молу маҳсулот ва сармоя, умуман барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ сабаб мешавад ва замина мегузорад. Лоиҳаҳои мухталифи нақлиётию иртиботӣ имрӯз бо фаро гирифтани Осиёи Марказӣ таҳия шудаанд ва татбиқ шудани онҳо низ бисёр зарур аст. Худи кишварҳо низ дар барномаҳои давлатии худ тавсеаи зарфияти транзитиро низ дар афзалият қарор додаанд.

Аз ин дидгоҳ, тавсеаи робитаҳои нақлиётию иртиботӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бисёр муҳим аст ва дар рафти сафар ба ин масъала таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шуд, ки дар изҳороти муштарак дида мешавад. Бунёди роҳи оҳан аз Самарқанд то Панҷакент, гаштани нақлиёти мусофирбари заминӣ байни шаҳрҳои калон ва умуман дар оянда хатсайрҳои Душанбе-Тошканд, Душанбе-Самарқанд бисёр муҳиму саривақтӣ ҳастанд.

Дар 5 соли охир гардиши савдои муштарак то ба ҳадди $500 млн. расонида шуд ва ҳоло тасмим барои то ба $1 млрд гузошта шудааст, ки иншоаллоҳ амалӣ мешавад, чун тамоми шароити мувофиқ ба назар мерасад. Бояд гуфт, ки дар низоми муносибатҳои иқтисодии ҳамаи давлатҳо тавозун байни “фоида” ва “зарар” дар ба назар расида, баҳогузории он бояд аз диди зарурати сиёсию геополитикӣ сурат гирад. Аз ин дидгоҳ ду давлат бобеҳтар намудани муносибатҳои худ фоидаи зиёдеро ба даст оварданд ва дар оянда низ зарфияти хубе барои тавсеа додани муносибатҳо доранд.

Барои татбиқи барномаҳои стратегии Тоҷикистон давлати Ӯзбекистон нақши муҳим дорад, чун интиқоли нисбатан арзони молу маҳсулот тариқи роҳи оҳан аз қаламрави ин кишвар имконпазир аст. Ӯзбекистон низ аз зарфияти транзитии Тоҷикистон барои баромадан ба самти шарқ ва ҷанубу шарқ метавонад истифода кунад. Ин масъала, бинобар сабаби фарогир ва вижа буданаш таҳлили алоҳидаро тақозо мекунад.

Панҷум, тавсеаи муносибатҳо дар самти фарҳангию гуманитарӣ ва тақвият бахшидани рафту омади аҳолӣ. Дар 5 соли охир дар ин самт пешрафти ҷиддӣ сурат гирифт, чун ҳамаи муносибатҳо барои содда ва оддӣ намудани рафту омади шаҳрвандон нигаронида шудаанд. Зимнан эълон шуд, ки буду боши беқайди шаҳрвандон то 10 шабонаруз дароз шуд ва кишварҳо қадами ҷиддиро барои пурра аз байн бурдани раводид байни ҳамдигар гузоштанд, ки маҷмуан барои тавсеа ёфтани муносибатҳо дар ҳамаи соҳаҳо, ба хусус самти фарҳангию гуманитарӣ фароҳам меорад.

Дар интиҳо бояд зикр шавад, ки дар навиштаи инҷониб муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба таври мусбат баҳсу баррасӣ гардид, чун ҳеҷ як омили ҷиддие дигаре барои чунин иқдом накардан – набуд. Ва муҳимтар аз ҳама мавқеи шаҳрвандии муаллиф аст. Чунки ба дурнамои шарикии гуногунпаҳлуи стратегии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боварии комил дорам ва бар он назар ҳастам, ки маҷмуан он дар марҳилаи имруза ба манфиатҳои ҳаётан муҳими Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошад.

Шералӣ Ризоён, сиёсатшинос

Расм аз Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон шомили кишварҳои олудатарини ҷаҳон шуд

Созмони швейтсариягии IQAir, ки сифатнокии ҳаворо дар кишварҳои ҷаҳон таҳқиқ мекунад, дар гузориши тозааш Тоҷикистонро шомили кишварҳои олудатарини дунё кардааст.

Шикояти муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз боздошту шиканҷа

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Ҳабси пешакии гумонбарон дар ҳамлаи хунини Русия

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳоле" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкориҳои худ ва аз он ҷумла дар бораи масоили амниятӣ суҳбат карданд.