13.9 C
Dushanbe

Сенарияҳое, ки Русияро аз “арш” ба поин мекашанд

Буҳрони имрӯза дар Русия оқибатҳое метавонад дошта бошад, ки дар низоми қудратҳои минтақа ва ҳатто ҷаҳон тағйироти бузурге ворид кунад.

Агарчи бояд дар назар дошт, ки Русия имкон дорад дар ин ҷанг ғолиб шавад ва Украинаро қисман ё пурра ба тасарруфи худ дарорад, ба назари мо ин ҳолат аз воқеият дур буда, дар ояндаи дарозмуддат имконияти воқеъ шуданаш 10% ҳам нест. Гумони ғолиб бар он аст, ки Русия мағлуб мешавад. Аз ҷумлаи сенориёҳои мағлубшавии Русия, ки дар оянда метавонад ҷой дошта бошад, ба таври зер аст:

1.Мағлуб шудани Русия дар ҷанги Украина ва фурӯпошии он.

Дар ҷанг мағлуб шудани Русия ба назари ҷомеаи ҷаҳонӣ аллакай ба як воқеият мубаддал шудааст. Тамоми ҷаҳон – ба ҷуз чанд кишвар, тарафдори Украина шуда, кишварро бо маблағҳои зарурӣ, дастгирии дипломатикӣ ва аслиҳаи замонавӣ таъмин карда истодаанд. Эълон кардани “басиҷ” дар Русия низ ба он ишора мекунад, ки мағлуб шудани артиши рус дар ин кишвар наздик аст ва бо талафоти бешуморе дучор шудааст. Русия акнун қувваҳои охирини худро ҷамъ карда, зарбаи охирини худро омода карда истодааст. Дар ҳолати ноком шудани ин нақша мағлубияти комили Русия аз воқеият дур нест.

Дар ҳолати мағлуб шудани Русия ва заиф шудани ҳукумати марказӣ, дур нест, ки ҷумҳуриятҳо ва минтақаҳои Русия мустақил шуданро баррасӣ кунанд. Дар қаламрави Русия имрӯз 22 ҷумҳурӣ, 4 минтақаи худмухтор, 1 вилояти худмухтор, 85 субъекти федеративӣ ва 46 вилоят вуҷуд дорад. Русия бори аввал нест, ки бо ҷудоихоҳӣ (сепаратизм) дучор мешавад. Солҳои навадум, ки он вақт низ ҳукумати марказӣ заиф шуда буду Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрд, ҷумҳуриҳои Русия, аз қабили Доғистону дигар ҷумҳириҳои Қафқоз барои ҷудо шудан талош карда буданд. Чеченистон ҳатто аз муддате истиқлолияти худро эълон карда буд. Рӯҳияи ҷудоихоҳӣ дар ҷумҳуриҳои Ингушетия, Тува, Тотористон, Бошқирдистон, Якутия ва Бурятия низ хеле қавӣ буданд. Ҳатто дар минтақаҳои аксаран руснишине чун вилоятҳои Калининград ва Кемерово, минтақаи Урал ва Шарқи Дур даъвоҳои ҷудоихоҳӣ хеле қавӣ буданд. Вале минбаъд бо қавӣ шудани ҳукумати марказӣ ва сиёсати диктотуриву саркӯбкунандаи Путин чунин даъвоҳову талошҳо бераҳмона пахш карда шуданд.

Соли 2019 минтақаи Урал, хусусан дар Екатеринбург – яке аз бузургтарин шаҳрҳои Русия, мардум дар пайи гирдиҳамоиҳои мардумӣ бар зидди ҳукумати марказӣ мақомотро маҷбур карданд қарори вайрон кардани боғи марказии шаҳрро бекор кунанд. Боғ боқӣ монд, ҳамчунин нафрат ба ҳукумати марказӣ рӯҳияи ҷудоихоҳиро тақвият бахшид.

Соли 2020 дар минтақаи Шарқи Дур дар пасманзари дастгир шудани раиси дӯстдоштаи мардум Сергей Фургал рӯҳияи ҷудоихоҳии мардум боз ҳам бештар шуд.

Таҷрибаи пошхӯрии Итиҳоди Шӯравӣ пас аз ҷанги ин кишвар бо Афғонистон нишон медиҳад, ки ҷанги ноҳақи ҳукумати марказӣ бо кишвари мустақили дигар ҳамеша норизогии мардуми Русияро зиёд карда, ба заиф шудани ҳукумати марказӣ ва қувват гирифтани қувваҳои марказгурез оварда мерасонад.

Дар пасманзари эълони “басиҷ”, яъне маҷбуран ба ҷанг бурдани мардону ҷавонон, қувваҳои марказгурез аллакай дар Доғистону баъзе ҷумҳуриҳои Қафқоз ва дигар субъектҳои федеративӣ зуҳур карда, сар боло карда истодаанд.

2.Инқилоби мардумӣ дар Русия

Сенориёи мантиқии дигар метавонад инқилоби мардумӣ бошад. Тақвият ёфтани рӯҳияи инқилобӣ ва тағйири ҳукумат дар пасманзари эълони басиҷи нерӯҳо аз воқеият дур нест. Зеро маҷбуран ба ҷанг бурдани мардону ҷавонон, ки тибқи даъвои мақомот 300 ҳазор низомӣ, вале тибқи пешгӯии баъзе коршиносон то ба 1 миллион мерасад, ба ҳамин миқдор хонавода бевосита таъсир хоҳад расонд. Албатта, норозигии мардумӣ оммавӣ хоҳад шуд ва оқибати онро пешгӯӣ кардан душвор аст. Дуруст аст, ки қаблан эътирози мардумӣ дар пайи боздошти Навалний дар Русия ноком шуд, вале имрӯз се нуқтаи муҳиме ҳаст, ки он замон набуд:

1. Таҳримҳои шадидтарин дар дунё, ки ададашон наздик ба 10 ҳазор расидааст. Барои мисол, кишваре, ки қаблан ба таҳримҳои шадид гирифтор шуда буд, Эрон аст, ки шумораашон ба 3750 мерасад.

2. Пас аз ҷанг заифии моддӣ ва маънавии ҳукумати марказии Русия хеле шадид хоҳад шуд. Иттиҳоди Шӯравӣ низ пас аз ҷанги Афғонистон пош хӯрд, бори он ки ҷанг барояш вазнинӣ карда буд. Хисороти моддиву ҷониву маънавии ҷанг бо Украина хеле вазнинтар аз ҷанг дар Афғонистон хоҳад шуд. Нобуд шудани ҳазорҳо танку тӯп, ҳавопаймоҳои ҷанги ва бесарнишонҳо, марги  наздик ба 60 ҳазор низомии рус, фирори зиёда аз 400 ҳазор “ақл” то замони эълони басиҷи нерӯҳо ба аритш далели ин гуфтаҳо мебошад.

3. Норозигии мардумӣ, ки ҳоло оммавӣ шудааст, зеро садҳо ҳазор ва ҳатто зиёда аз 1 миллион оиларо шомил мешавад, дар ин сатҳ ва миқёс дар таърихи навини Русия бесобиқа аст.

Шояд суоле дар зеҳни хонанда ба миён биояд, ки чӣ гуна Русия мағлуб мешавад, ки дар пахши инқилобҳо аллакай таҷрибадор шудааст, чун эътирозҳои мардумиро дар Белорусу Қазоқистон пахш карда буд, ҷавоб чунин мешавад, ки аввалан, Русия бештари қувваи худро ба Украина масраф карда истодааст, бинобар ин дар ду фронт мубориза барояш хеле душвор хоҳад шуд. Сониян, пахши эътирозҳои Белоруси аҳолияш 10-милиона ва Қазоқистони 15-милиона бо эътирози оммавии Русияи 145-милиона муқоисашаванда нест.

3.Кудатои дохилиҳукуматӣ дар Русия

Албатта, ҳамаи мақомдорони Русия хеле равшан дида истодаанд, ки чунин ҳолат ба манфиати онҳо ва фарзандонашон нест. Аксари мақомдорони Русия ба кишваҳои ғарбӣ нигоҳи мусбат доранд. Фарзандони аксари онҳо дар Аврупову Амрико таҳсил мекунанд, худи онҳо дар ин кишварҳо хонаву ҳавлӣ ва ҳатто тиҷорат доранд, ба истироҳат ва харид ба ин кишварҳо мераванд, дар бонкҳои ин кишварҳо маблағҳои худро нигоҳ медоранд ва ғайра. Бинобар ин, дур нест, ки ҷамъе аз онҳо ҳамфикр шуда, кудатое ба роҳ монанду Путинро аз вазифа гиранд ва ё ба ҳабси хонагӣ, ё зиндон равона кунанд. Дар таърихи навини Русия соли 1991 кудатое шуда буд. Он вақт мақомдорони баландмартаба мақоми давлатие бо номи Кумитаи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода (Государственный комитет по чрезвычайному положению) ташкил карда, худро зимомдори Иттиҳоди Шӯравӣ эълон карда буданд. Он вақт кудато ноком шуд. Иштирокчиёни ин кудато ягон ҷазое нагирифтанд. Суд то соли 1993 давом ёфта, баъдан ҳамаи онҳоро шомили авф кард.

Давом дорад…

Муҳаммад Раззоқӣ

Аз идораи сомона: Гӯшаи “Блоги Шумо” минбари гуногунандешӣ буда, матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Azda tv” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.