38.9 C
Dushanbe

Ҷарима барои огоҳ накардани масъули танзими маҳалла

Мақомоти шаҳри Ваҳдат Холов Иззатулло, сокини деҳаи Бакарони ин шаҳрро барои риоя накардани қонуни Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим 3200 ҷарима баст.

Акс як аз Интернет

Додситони кулли кишвар бо нашри ин хабар менависад, ки “сокини шаҳри Ваҳдат, Ҷамоати деҳоти Симиганҷ, деҳаи Бакарон Холов И.Х., бе гирифтани тавсиянома аз комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, санаи 06 марти соли 2022 аз соати 9.00 дар рӯзи корӣ, дар хонаи истиқоматиаш, бо омода намудани таъом, маросими соли додарашро баргузор намудааст.”

Дар хабар гуфта мешавад, барои он ки Холов бе гирифтани тавсинома аз масъули танзим маросими соли бародарашро гузарондааст, додгоҳи шаҳри Ваҳдат ӯро ба андозаи 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 3200 сомонӣ ҷарима бадст.

Ин дар ҳолест, ки дар бештари шаҳру ноҳияҳо маъмул шудааст, сокиноне, ки тӯй ва ё маросими дигаре мегузаронанд, рафта ба масъули танзими ҷамоат чанд маблағи муайяне медиҳанд ва ҳар нафаре, ки маблағи бештар бидиҳад ва ё он масъул аз шиносону наздиконаш бошад, соатҳои тӯлонитару бо меҳмонони бештар маросимашро мегузаронад. Дар баробари ин мансабдорони шаҳру ноҳияҳо бошанд, барои гирифтани чунин тавсияномае ниёз надоранд. Бе гирифтани он ҳам маросимҳои дабдабаноке мегузаронанд ва касе ҳам онҳоро ҷарима намекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Фишор болои наздикони фаъолони зодаи Бадахшон

Мақомоти Тоҷикистон фишор болои хонаводаҳои зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро, ки дар хориҷ аз Тоҷикистонанду дар ҷустуҷӯ қарор доранд, сахттар кардааст.

Тазоҳуроти фаъолон дар Олмон: Ҳамкорӣ бо Тоҷикистон қатъ шавад!

Гурӯҳе аз фаъолон дар Олмон бо баргузории тазоҳурот ва дархости озодии Абдуллоҳи Шамсиддин, хостори қатъи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон шуданд.

Муттаҳидони Русия ҳамлаҳои Исроил ба Эрон ва Ғаззаро маҳкум карданд

Раҳбарони кишварҳои узви гурӯҳи БРИКС дар як баёнияи муштарак...

Боздошти ду ҷавони тоҷик дар Русия бо иттиҳоми озори ноболиғон

Пас аз баргузории ҷашнвораи фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Красноярски Русия, ду ҷавони тоҷик бо иттиҳоми озору азияти ду духтари 14-сола боздошт шудаанд.