Фаъоли ҷомеаи мадании Амрико Чарли Кирк дар назди дурбинҳо, ҳангому гуфтугӯ бо мардум бо тири гулула кушта шуд.
Кирк, фаъоли сиёсии маъруфи амрикоӣ ва муассиси созмони “Turning Point USA” буд. Ҳодисаи куштори ӯ дирӯз, 10-уми сентябр дар Донишгоҳи Utah Valley University ҳангоми суханронии дар назди зиёда аз 3 000 нафар рух дод.
Ба гуфтаи мақомоти амниятии Амрико, тир ба гардани ӯ расидааст ва кӯшишҳои духтурон барои наҷот додан натиҷа надод. Пас аз ҳодиса, қувваҳои маҳаллӣ ва федералӣ, аз ҷумла FBI тафтишро оғоз карданд. Яке аз гумонбарон дар аввал боздошт шуд, вале баъдан маълум гардид, ки ӯ шахси муҳоҷим набудааст.
Марги Кирк вокуниши васеи сиёсӣ ва иҷтимоиро ба миён овард. Сиёсатмадорон ва шахсиятҳои маъруф аз тамоми гӯшаҳои Амрико ин ҳамларо маҳкум намуда, даъват карданд, ки хушунати сиёсӣ хотима ёбад.
Чарли Кирк чеҳраи калидӣ дар таблиғи арзишҳои муҳофизакорона дар байни ҷавонон шинохта мешуд. Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва барномаҳои расонаӣ фаъол буд ва ҳамеша аз сиёсатҳои Доналд Трамп пуштибонӣ мекард.
Доналд Трамп дар як изҳороташ гуфт: “Марги Чарли Кирк талафоти бузург барои ҳаракати мо ва барои Амрико аст. Ӯ шахси бошараф, далер ва садоқатманд ба кишвараш буд.”
Баъзе мунтақидони Крик мегӯянд, ӯ аз наслкушии Исроил дар Ғазза пуштибонӣ мекард ва сиёсатҳои Натанёҳуро дар қиболи ишғоли Фаластин дуруст мешуморид. Ин сабаб шуда буд, ки дар байни гурӯҳи дигар аз фаъолони ҷомеаи мадании Амрико, ки аз наслкушии Исроил дар Ғазза интиқод мекарданд, танишҳои шадиди лафзӣ ва дидгоҳҳои мухталиф ба вуҷуд биёяд.