22.9 C
Dushanbe

Чаро Абдуқаҳҳор Розиқов дар Кӯлоб ба қатл расонда шуд?

Бо гузашти як ҳафта аз қатли бераҳмонаи Абдуқаҳҳор Розиқов аз ҷониби кормандони милисаи Кӯлоб, гумонбарон то ҳол ба ҷавобгарӣ кашида нашудаанд.

Абдуқаҳҳор Розиқов

Ба иттилои расонаҳо, шаби 2-юми январи соли ҷорӣ кормандони ШВКД-и шаҳри Кӯлоб сокини ин шаҳр Абдуқаҳҳор Розиқови 37-соларо аз хонаи истиқоматиаш боздошт карда, дертар ҷасадашро ба сардхонаи шаҳр месупоранд.

Наздикону пайвандонаш дар суҳбат ба расонаҳо гуфта буданд, ки Розиқов дар натиҷаи шиканҷаи мақомот ба ҳалокат расидааст, ҷун дар баданаш осори шиканҷа дида мешуд.

Дар ҳамин ҳол рӯзи 3-уми январ Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби марги Абдуқаҳҳор Розиқовро истеъмоли зиёди “маводи сахттаъсири навъи амфетамин (кристалл)” гуфтааст, аммо наздиконаш инро рад мекунанд.

Абдуқаҳҳор Розиқов чӣ гуна ва чаро кушта шуд?

Яке аз наздикони Абдуқаҳҳор дар тамос бо Azda tv бидуни зикри номаш гуфта буд, ки марҳумро дар боздоштгоҳи шаҳри Кӯлоб барои имзо гузоштан зери кадом парвандаи ҷиноятие маҷбур мекунанд, вале ӯ имзо намекунад. Аз ин рӯ, ӯро 4 ё 5 нафар аз кормандони пулис дар барқ мемонанд ва то дами марг шиканҷаи сахт мекунанд. Пас аз ҷон бохтан онҳо бо мақсади рӯпӯш кардани ин ҷинояташон ӯро ба беморхона ва аз онҷо ба сардхона бурда, худ фирор кардаанд. “Ҳатто сабти дурбинҳои мадорбастаи сардхонаро пок кардаанд, то пайдо нашавад, ки ҷасадро кӣ ба онҷо овардааст”, мегӯяд манбаъ.

Як манбаи дигар ба Isloh.net гуфтааст, ки кормандони пулис марҳумро дар роҳ ба сӯи милисахона зада куштаанд. Ин хабар дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садо ва суолҳои зиёдеро ба бор овардааст. Баъзе аз корбарон қатли ин ҷавони зодаи Кӯлобро ба қатли ваҳшиёнаи сокини деҳаи Роштқалъаи ВКМБ Гулбиддин Зиёбеков, ки моҳи ноябри соли 2021 cурат гирифта буд, монанд медонанд.

Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони Миллии Тоҷикистон дар суҳбат ба Azda TV гуфт, дар куштори Абдуқаҳҳор Розиқов ва Гулбиддин Зиёбеков шабоҳат ва тафовутҳое дида мешавад. Ба гуфтаи ӯ шабоҳат дар он аст, ки ҳарду кушташудаҳо дар миёни теъдоди муайяни ҷавонони Кӯлоб ва Бадахшон лидер буданд ва ин ба ҳукумат писанд наомада буд.

Алим Шерзамонов, муовини раиси ПМТ

Алим Шерзамонов вобаста ба ин суол, ки оё қатли Абдуқаҳҳор Розиқов мисли қатли Гулбиддин Зиёбеков аз пеш тарҳрезӣ шуда буд, мегӯяд:

“Чун қатли Гулбиддин ибтидои як тарҳе буд, ки оқибаташро дар моҳи майи соли 2022 мушоҳида карда будем, яъне ин ибтидои саркӯби Бадахшон буд. Ва ӯро ба хотири ба қатл расондан боздошт карда буданд. Шояд куштори Абдуқаҳҳор Розиқов аз пеш тарҳрезӣ шуда набуд. Аммо ба назар мерасад, ки ин ҷавон дар ҷомеа дошт аз обруву эътибори калон бархӯрдор мешуд ва инро мақомот, албатта барои худ таҳдид меҳисобид. Барои ҳамин хотир боздошту зиндонӣ кардани ӯро аз пеш тарҳрезӣ кардаанд, то аз ҷомеа канда шавад. Ва шояд дар ин миён барои эътирофи гуноҳе мавриди шиканҷа қарор гирифту ҷон дод” – афзуд муовини раиси ПМТ.

Тақдири онҳое, ки барои адолатхоҳӣ дар назди ҳукумати шаҳр эътироз карданд, чӣ мешавад?

Гуфта мешавад, дар пайи хабари қатли бераҳмонаи Абдуқаҳҳор Розиқов рӯзи 3-уми январ даҳҳо нафар дар назди бинои ҳукумати Кӯлоб ва сардхонаи бемористони марказӣ ҷамъ омада, аз мақомот хоста буданд, онҳое, ки дар қатли марҳум гумонбар мешаванд, боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Пайвандонаш ба расонаҳо гуфтанд, пас аз он ки як кумисиюн бо ҳузури раиси шаҳри Кӯлоб “дар бораи боздошту бозпурсии се маъмури милиса хабар дод”, ҷасади Абдуқаҳҳор Розиқовро аз сардхона гирифтанд ва мардум ҳам пароканда шудаанд. Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, мақомоти шаҳри Кӯлоб ба дасти се маъмури милиса завлона зада, ба мардум нишон додаанд, то онҳо пароканда шаванд.

Аммо баъд аз пароканда шудани мардум беш аз даҳ нафари онҳо аз ҷониби кормандони милиса боздошт шудаву баъзеҳоро раҳо кардаанд. Ҳатто тибқи хабарҳои таъйидношуда пас аз боздошти эътирозгарон як нафари дигар ҳам дар натиҷаи шиканҷаи пулис ҷон бохтааст.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, хавфи он вуҷуд дорад онҳое, ки назди бинои ҳукумати Кӯлоб ва сардхона барои ба ҷавобгарӣ кашидани гумонбарон баромада буданд, дар оянда мисли эътирозгарони бадахшонӣ таъқиб ва қисме ҳам равонаи зиндон хоҳанд шуд.

Бобоҷон Қаюмов, сухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки “Мутаассифона қазияи куштори Абдуқаҳҳор Розиқов дар боздоштгоҳ аввалин ҷинояти мақомот нест ва охирин ҳам нахоҳад буд. Мардум аз ҷиноятҳои мақомот аллакай безор шудаанд ва ба ҳамин хотир муҷозоти ҷинояткорони пагондорро талаб карданд. Мо медонем, ки аллакай бисёри эътирозгарон бозпурсӣ шуданду аз онҳо баёнот ҳам гирифтанд.

Бобоҷон Қаюмов, сухангӯи ҲНИТ

Қаюмов мегӯяд, мақомот эътирозгаронро ором карда, дар оянда ҳатман боздошт ё ҷарима мекунанд. “Аммо таҷриба нишон додааст, ки онҳоро ором карда, баъдан ҳатман боздошт ё ҷарима мекунанд. Зеро табиати ҳукумати диктаторӣ ҳамин аст. Бар асоси баъзе маълумотҳо, ҳатто баъзе иштирокдорони ин эътироз аз тарафи мақомот ҷустуҷӯ мешаванд. Аммо парвандасозӣ барои онҳо, мутаассифона, дар оянда сурат хоҳад гирифт”-илова кард ӯ.  

Бобоҷон Қаюмов бар ин бовар аст, ки “мақомот метавонад бо муҷозоти ҷинояткорони пагондор ҳам эътимоди мардумро ҷалб кунад ва ҳам адолатро дар сохторҳои қудратӣ ниҳодина кунад. Аммо ҳукуматҳои диктотурӣ бештар ба фикри бақои худашон ҳастанд то ҷалби эътимоди мардум ва ниҳодина кардани адолат дар сохторҳояшон”.

Инчунин сухангӯи ҲНИТ мегӯяд, ки бо вуҷуди боздошту зиндонӣ карданҳо эътироз бар зидди зулму куштор дар оянда ҳам идома хоҳад кард ва то барқарории адолат рӯз ба рӯз агар кунд ҳам бошад пеш хоҳад рафт.

Чаро гумонбарон ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд?

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки нисбати се маъмуре, ки барои пароканда кардани мардум гӯё боздошт шуда буданд, айб эълон нашуда, масъалаи шиканҷа ва ба қатл расондани ягон нафар дар миён нест. Ҳатто тибқи баъзе маълумотҳо ҳамаи нафароне, ки дар қатли Розиқов даст доранд, дар озодӣ қарор доранд. Чун ба гуфтаи манбаи Azda TV, онҳо дар ҳукумати кишвар чанд ҳимоятгар доранд.

Манобеъ мегӯянд, ки дар шиканҷаи Розиқов кормандони пулис бо номҳои Шамшод, Шорух, Зафар ва Кароматов Ҷамшед даст доранд. Инчунин сомонаи Isloh.net яке аз омилони марги Розиқовро Капитан Комил Назарзода, бародари Ҷумъа Назаров, муовини Шоҳрух Саидов ном бурдааст.

Наздикони марҳум Розиқов ба Azda TV гуфта буданд, ки ин чанд нафар пулиси ҷавон вақтҳои охир дар шаҳри Кӯлоб бо мардум бисёр рафтори ноҷо ва мағрурона доштанд, “чунки онҳоро сардори пулиси шаҳри Кӯлоб Қунғуротзода Фотеҳ ҳимоят мекард ва ба ҳар коре дилашон мехост, даст мезаданд.”

Инчунин ба иттилои ин хеши Абдуқаҳҳор, яке аз ҳимоятгарони аслии пулисҳои номбаршуда яке аз домодҳои Нуриддин Раҳмонов, бародари Эмомалӣ Раҳмон будааст. Сокинони Кӯлоб мегӯянд, наздикони Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб мардумро ба дод овардаанд.

Ба иттилои Isloh.net, аз ҷумла яке аз ҳимоятгари дигари қотилони Абдуқаҳҳор Розиқов, Раҳмон Давлатзода, амаки зани Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон будааст.

Инчунин ҷонибдорони ҳукумат ва худи мақомоти тоҷик талош доранд ӯро гунаҳкор ҳисоба, ҷинояти пулисро бипӯшонанд. Онҳо далел меоранд, ки Абдуқаҳҳор Розиқов чанд сол пеш ба гумони муомилоти маводи мухаддир боздошт ва ба 12 соли зиндон маҳкум шуда буд, вале баъдтар шартан дар озодӣ буду ҳар ҳафта ба пулис гузориш медод.

Аммо корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар вокуниш ба куштори Абдуқаҳҳор аъмоли пулиси Кӯлобро маҳкум карда, менависанд, ки “агар Абдуқаҳҳор ҷиноятеро содир карда буд, бояд дар назди қонун ҷавоб мегуфт ва маъмурони пулис дар ҳар ҳолате ҳақ надоштанд ӯро шиканҷа кунанду ба қатл расонанд”.

Хабари шиканҷаву бадрафторӣ аз сӯи кормандони мақомот нисбат ба маҳбусону гумонбарон дар боздоштгоҳу зиндонҳои Тоҷикистон ва марги онҳо бори аввал нест, ки дар расонаҳо нашр мешавад. Дар аксар ҳолатҳо кормандони мақомоти кишвар ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.

Ҷамшед Ёров, ҳуқуқшинос ва раиси Бунёди “Бузургмеҳр” мегӯяд, ки омилҳои даст доштани мақомот дар куштору шиканҷа ва бидуни ҷазо мондани онҳо гуногун буда, вобаста ба ҳодисаи ҳар як шиканҷа аст.

Ҷамшед Ёров, ҳуқуқшинос ва раиси Бунёди “Бузургмеҳр”

“Дар умум гуфта метавонем, ки омилҳои асосӣ ин хешутаборбозӣ, сатҳи бениҳоят баланди коррупсия дар Тоҷикистон ва рӯйпӯш кардани чунин амалҳои номатлуб аз ҷониби сардорони ташкилотҳо ва муассисаҳои қудратӣ мебошанд. Чунки тамоми рафторҳои ғайриинсонӣ, шиканҷа таъқиб, зуроварӣ ва ғайра бо фармони шифоҳӣ ё розигии хомӯшонаи ҳамин сардорон ба вуҷуд меояд.”- гуфт Ёров.

Раиси Бунёди “Бузургмеҳр” мегӯяд, ки бояд дар кишвар барои таҳқиқи беғаразонаи чунин ҳодисаву парвандаҳо ва ба ҷавобгарӣ кашидани гумонбарон, низом ё мақомоте ба монанди “Агентии мубориза бар зидди маводи мухаддир”, ки ба ягон вазорат тааллуқ надошта бошад, ташкил карда шавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Раҳмон ба Итолиё меравад?

Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Итолиё дар якҷоягӣ бо Оҷонсии савдои ин кишвар (ICE) дар бораи Тоҷикистон нишаст баргузор мекунанд.

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.