Бонкҳои мушкилдори Тоҷикистон, ки аз ин бонкҳо дутояш дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доранд, соли 5-ум аст, ки наметавонанд пулҳои муштариёни собиқи худро пурра пардохт кунанд.
Бино ба иттилои “Asia-Plus” қарзи умумии ин бонкҳо назди саҳҳомон айни замон бештар аз 1 млрд сомонӣ (ҳудуди 90 млн доллар) аст.
Рӯзи 10 феврал раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки ин бонкҳо натавонистаанд амволи худро дар ин ҳаҷм фурӯшанд, то ҳамаи пули амонатгузоронро пурра пардохт кунанд.
Холиқзода дар бораи қарзи бонкҳо назди амонатгузорон гуфт, ки то ин дам қарзи пардохтнашудаи “Агроинвестбонк” ҳудуди 662 млн сомонӣ, “Тоҷиксодиротбонк” – 344 млн сомонӣ, “Тоҷпромбонк” – 50 млн сомонӣ ва “Фононбонк” – 5 млн сомониро ташкил медиҳад.
Иҷозатномаи ду бонки охир аз ҷониби БМТ дар моҳи феврали соли 2017 лағв карда шуданд ва дар тӯли чор соли охир Тоҷпромбонк тавонист беш аз 70% ва “Фононбонк” беш аз 90% маблағҳоро ба муштариёни собиқи худ баргардонад.
Агроинвестбонк ва Тоҷиксодиротбонк, ки ҳукумат барои пешгирӣ аз муфлисшавии онҳо кумаки молиявӣ намуда буд, тавонистанд 50% ва 70% қарзҳои худро баргардонданд.
Ёдовар мешавем, ки дар охири соли 2016 ҳукумат бо маблағи умумии беш аз 3,3 миллиард сомонӣ ба ин бонкҳо кумаки молӣ расонда буд.
Дар ҳамин ҳол, Хазинаи байнулмилалии асъор аз рӯйи натиҷаи қариб ҳамаи сафарҳояш ба Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”- ро барҳам диҳанд.
Охирон бор чунин тавсия аз ҷониби ХБА моҳи сентябри соли 2020 садо дода буд. Аммо масъулини Бонки миллӣ мегӯянд, ки бонкҳои мазкур бояд фаъолият кунанд, то ки кам-кам пулҳои мардумро баргардонанд.