-1.1 C
Dushanbe

Чаро дар Амрико “Пешвои миллат” нест?

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон низ мебоист мисли интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико дар ҳафтаи аввали ноябр баргузор мегардид. Аммо онро як моҳ пеш оварданд, вале дар Амрико тағйир надоданд. Аз ҳамон оғози ноябри соли 1854 ва то ба ҳоло -ноябри соли 2020 ин муқаррарот дар Амрико дигар нашудааст. Қонун иҷозат намедиҳад.

Ин танҳо тафовут миёни интихобот дар Амрико ва Тоҷикистон нест. Дар рӯзи интихобот дар Тоҷикистон тӯю тамошо доданду рақсу бозӣ карданд. Муддаиёни курсии раёсати ҷумҳурӣ ҳамагӣ бо як овоз аз райдиҳандаҳо хостанд, ки овозҳои худро ба номзади “асосӣ” диҳанд. Аммо дар Амрико даъвогарони курсӣ барои ҳар як овоз ба ҷанги танбатан рафтанд.

Дар баъзе аз шаҳрҳои бузург барои фурӯ нишондани шиддати авзоъ нерӯи интизомӣ вориди амал шуд. Ва ҳамин ҳоло, новобаста аз онки фарқи овозҳо миёни баранда ва бозанда хеле зиёд аст, Доналд Трамп, қасд дорад баҳси интихоботро вориди додгоҳ кунад.

Дар Амрико нафари баранда барои чаҳор сол интихоб шуд. Албатта метавонад боз чаҳор соли баъдӣ интихоб бишавад. Ва дигар нуқта. Тамом.

Дар Тоҷикистон баъди чаҳор навбат, ки 28 солро дар бар гирифт, боз барои ҳафт соли дигар интихоб шуд. Вале боз ҳам тамом не. Вергул. Метавонад “якумрӣ” ва “беохир” даъво кунад.

Дар Амрико “муҳлати ду чаҳорсолии пайдарпай” беш аз 250 сол аст ки тағйир накардааст, дар Тоҷикистон давоми камтар аз 20 сол се маротиба тағйир кард. Се маротиба тағйир кард, вале боз ҳам ҳамон Аҳмади порина.

Ҳатто агар Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии амалкунанда овоз ҳам мегирифт, барои чор соли дигар буд, на беш аз ин. Аммо ин Тоҷикистон аст, ки Эмомалӣ Раҳмон 28 сол раиси ҷумҳурӣ буд, боз барои 7 соли дигар “интихоб” шуд ва агар бихоҳад чуноне гуфтем, метавонад “беохир” бошад.

Ҳолате, ки бо Трамп пеш омад дар таърихи интихоботҳои дунимасраи Амрико ҳамагӣ 5 маротиба рух додааст. Яъне раисҷумҳури амалкунанда муваффақ нашудааст, ки дар даври дуввум баранда шавад. Шоистасолорӣ, мардумсолорӣ ва аслу усули интихобот ҳам ҳамин аст! Ин иродаи халқ-овоздиҳанда аст, ки ҳокимиятро ташкил медиҳад ва ин ҳам халқ аст, ки дар сурати пушт гардонидан ва раъй надодан ҳокимият аз сарчашмаи ташаккули худ маҳрум ва пойи он аз замин канда мешавад.

Ҷорҷ Вашингтон, нахустин раисҷумҳури Амрико, бо онки дар давраи дуввум ҳам аз маҳбубияти тамом бархурдор буд, бо ҳамон ду давраи чаҳорсолӣ, ки Қонун муқаррар кард, иктифо кард. 28 сол, ки чӣ, барои нӯҳум сол наистод. Ҳарфи қонун барояш арзиши олӣ буд, шаҳомат ва қудсияти ҳокимиятро арҷ гузошт, халқу давлат ва миллаташро эҳтиром ниҳод. Агар бо мантиқи ҳокимони имрӯзӣ ва мушовирини чоплуси ӯ чанду чен, кунем мебоист Трамп ғалаба мекард. Чун ҳама ихтиёрот ва имконотро дар даст дошт.

Ҷаззобият ва афзалияти интихоботи имрӯзаи Амрико ҳам дар ҳамин ҷои он нуҳуфта буд, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии дар сари қудрат натавонист. Натавонист дар баробари иродаи халқ, натавонист дар баробари қудрат ва қазовати мардум. Тавон ва ҷуръат барои тағйири ҳолати пешомадаро нахоҳад дошт. Чун бо мардум рӯ ба рӯст.

Чаҳор соли пеш интихобаш карданд вале ҳоло дигар интихобаш намекунанд. Бояд аз худ бипурсад, ки чаро интихобаш накарданд? Ногузир курсиро барои рақиби худ тахлия мекунад. Курсиеро, ки барои рақибаш халқи Амрико додааст, ҳамчуноне чаҳор соли пеш барои ӯ дода буд. Ӯ, ки раиси ҷумҳурӣ буд, ӯ ки қудрат ва маъмурият дар дасташ буд, нотавон шуд. Чун мардуми Амрико дигар бар ӯ ва идомаи ҳузури ӯ розӣ нест ва раъй надод.

Ин 59 ум маротибаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аст, ки дар Амрико баргузор мешавад. Дар инҷо интихобот қулла ва авҷи баланди муборизаи сиёсӣ ва марраи он дониста ва эътироф шудааст. Интихобот довар ва ҳакам аст ва қазоват мекунад. Риояти натиҷаи қазовати интихобот ҳатмӣ аст.Чун ин қазоват аз тарафи халқ аст ва ҳакам ва довар ҳам халқ аст. Ҳеҷ кас аз халқ боло буда наметавонад. Ҳеҷ кас халқро фиреб намедиҳад.

Аммо мо дида истодаем, ки дар тӯли наздик ба се даҳа дар кишвари мо интихобот як кори бекора, як кори бемаза ва як маъракаи бемаъно шуда истодааст. Қазоват ва довар халқ нест. Халқ мавриди фиреб қарор гирифта истодааст. Махсус ва амдан эътимод ва эътиқоди мардумро ба интихобот гум карда истодаанд. Дар зеҳну тафаккури мардум интихоботро беарзиш ва пуч сохта истодаанд. Як вуҷуд ва ваҷибаи холӣ аз аҳамият.

Дар ҳоле, ки барои як раъй, як барга ҳазорҳо, балки миллионҳо чашму таваҷҷӯҳ дӯхта мешавад, ки арзиши раъй ва раъйдиҳанда аст, дар мо даста-даста, қабза-қабзаашро як кас ба қуттӣ мерезад. Дар ҳоле, ки дар шумориши раъй виҷдон, инсоф, имон, рӯҳ ва масъулит маҳак ва мизон қарор мегирад, амонат хиёнат намешавад. Дар мо ҳамаро аз қабл ва дар гирди дастурхон ва дар даст вискиву водка ҳаллу фасл мекунанд.

Онҷо қонун намегузорад, ки нафаре дар сари ҳокимият ҳаст, ҳар чизе дилаш бихост ҳамонро анҷом диҳад. Онҷо қонун раиси ҷумҳури амалкунандаро ба зер мекашад, чун қонун халқ аст, на як касе, ки аз номи халқ ва аз они халқро барои худ ва хонаводаи худ ва қавму қабилаи худ медуздад. Ҳамин кор наздик ба 250 сол аст, ки дар Амрико идома дораду урф шудааст. Дар Тоҷикистон ҳамин як кас сӣ сол аст, ки қонунро ба “таг”-и худаш мутобиқ мекунад.

Ҳоло бинигаред, ки тағйир ва ё таъвизи нафари аввал дар ҷомеаҳо барои давлатҳо ва мардуми як кишвар то чи ҳад аҳамият дорад ва инки чаро кишварҳое, ки ҳокимони дарозумр ва ё бо баёни возеҳтар, диктотур ва худкома дорад ба ин ҳад ақибуфтода ва фосиду фақиранд.

Ҳамин тағйирёбӣ, ҳамин ивазшавӣ ва ҳамин вобастагии ҳокимият ба мардум аст, ки имрӯз Амрико қудрати аввали дунё, муттакои мардумсолорӣ ва кишвари орзуҳои миллион-миллион мардуми олам аст, ки ҳаваси зиндагӣ дар онҷоро доранд. Онҷо зиндагӣ ва рӯзи як инсон беҳтар аз ҳар кишваре дигар мегузарад. Ҳазорҳо тоҷику тоҷикистонӣ ҳам тамоюл доранд. Онҷо ки дар даруни идораи раиси ҷумҳурӣ масҷид аст ва ҳар мусалмон метавонад намоз гузорад. Аммо дар Тоҷикистон дар тамоми Идораҳо гузоридани намоз мамнӯъ аст.

Чаро аз ин “ватани азизу маҳбуб” даста-даста кӯч мебанаданд ва дар барномаи “переселение”,-и Русия тоҷик аз саҳар то шом дар навбат аст. Касе шунавид, ки касе “грин -корт”-и Тоҷикистонро буридааст? Касе шунавид, ки дар ин “биҳишти рӯи замин” чӣ касоне ҳаваси зиндагӣ кардан доранд? Ҳол дар кадом иёлоти Амрико қувваи барқ вуҷуд надорад?

Чаро Трамп бачаашро раиси Маҷлиси намояндагон таъйин накарду духтарашро роҳбари Дастгоҳи иҷроия намонд? Қудояшро раиси Хадамоти алоқа таъин накард? Писари бародарашро раиси Лосанҷелос таъйин накард. Чаро Трамп дар ҳар соати ахбори SNN “шукрона кунед, шукронаи ана ҳамин давлат” кунед гуфта, доду фарёд намекашад? Воқеан ҳам, чаро Трамп аз қудрат меравад аммо дар ин кишвар ҷанги шаҳрвандӣ намешавад.

Чаро касе Байденро бо иттиҳоми хоин муттаҳам накард? Чаро оппозитсияи онҷо метавонад ҳокимиятро орому осуда бигирад ва ҳукуматро табдил ба оппозитсия мекунад, аммо агар дар Тоҷикистон касе иддаои роҳбарӣ кард, ӯро бо сад забон нафрину танқид мекунанду душмани халқ эълон? Ҳамчуноне бо Фаромуз Иргашев карданд. Чаро дар Амрико “Пешвои миллат”-нест?

Дар Истаравшан барои панҷ сол андоз аз амволи ғайриманқул ва манқулро пешакӣ гирифта истодаанд. Дар Вахш аз ҳар як нафар одамҳо аз 180 то 200 сомонӣ пахтапулӣ талаб карда истодаанд ва мардум сари кас рафта аз заводҳо пахта харида гашта оварда супорида истодаанд. Дар ноҳияи Мастчоҳу Панҷакент аз хонаҳои мардум картошка талбида истодаанд. Як справка-маълумотномаи одӣ дар Идораи ҷамоат даҳ сомонӣ аст. Додани пора ва ришва як кори маъмулӣ шуд. Ин натиҷаи иваз нашудан аст.

Раҳмон бо онки 28 сол ва бидуни ҳатто мураххасӣ дар сари қудрат аст як гурӯҳ аз мардуми кишварро хоин хонду розӣ аст, ки онҳо дар оворагиву ғарибӣ ба сар баранд. Раҳмон ҳаққи дигарҳоро гирифтааст. Ҳаққи раҳбарӣ ва интихоб шуданро, ки ҳар як тоҷик дорад, ҳар як ҳамватан дорад, беш аз 28 сол аст, ки Раҳмон тасарруф кардааст.

Ҷо Байден дар аввалин суханронии баъди пирӯзиаш гуфт, ӯ барои тамоми Амрико раиси ҷумҳурӣ аст. Вай бо хитоби махсус ба тарафдорони Трамп гуфт, ки ҳамроҳ Амрикоро намунаи дунё месозем. Ӯ хоину хоиннавозӣ накард. На хоини давлат гуфт, на хоини миллат. Гуфт, ки ҳамагӣ амрикоием, соҳиби ин ватан ҳамаи моем….

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Радиои Озодӣ соҳибони Net Solutions-ро дар Тоҷикистон ошкор кард

Санадҳои ёфтаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нишон медиҳанд, ки...

Омили террори генерали рус аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ будааст

Мақомоти Русия аз боздошти як шаҳрванди узбекистонӣ хабар доданд, ки дар террори генерли 54-солаи рус гумонбар мешавад.

Набераи раисҷумҳури Тоҷикистон дар 9-солагӣ аз Дубай хона харид. Бо кадом маблағ?

Набераи 9-солаи Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи соҳилибаҳрии Дубай як хонаи сеҳуҷрагӣ харидааст, ки арзиши он 1,3 миллион доллар аст.

Фишор болои пайвандони узви фаъоли “Гурӯҳи 24”

Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти беш аз як моҳ аз ирсоли Лоиҳаи Қонуни ҶТ "Дар бораи афв" ба Дастгоҳи риёсати ҷумҳрӣ ҳанӯз онро имзо накардааст.