32.9 C
Dushanbe

Чаро ҳеч масъуле дар Ваҳдат ба ҳоли мардум таваҷҷуҳ намекунд?

Бӯи бади корхонаи истеҳсоли “комбикорм” (коркарди эму хӯрок барои ҳавоноти хонагӣ) дар деҳаи Холмуродии шаҳри Ваҳдат сокинони чанд деҳаро азият медиҳад.

Сокинони деҳаҳои наздик ба ин корхона шикоят доранд, ки бӯи бади ин корхона чандин деҳаи гирду атрофро фаро гирифтааст ва ҳатто, ба гуфтаи онҳо, нафаскашӣ баъзан вақт душвор мегардад, вале бо вуҷуди муроҷиатҳои зиёд ҳеч мақомдоре наметавонад ин мушкилиро бартараф кунад.

Як манбаъ аз шаҳри Ваҳдат бо шарти зикр нашудани номаш ба Azda TV гуфт, “кадом мақомдори баландпояе дар деҳаи Холмуродии шаҳри Ваҳдат як корхонаи истеҳсоли “комбикорм” сохтаст. Касе соҳиби аслии онро намешиносад. Ин корхона мурғҳои мурда ва устугонҳои хару гову дигар ҳавонотро коркард намуда, ба сабус табдил медиҳад ва сипас ин маҳсули худро ҳамчун хӯрок барои мурғон ба корхонаҳои мурғпарварӣ бурда медиҳад.”

Манбаъ мегӯяд, мушкилии ҷиддӣ барои сокинон он аст, ки “ин корхона он қадар бӯйи баду нохушро дар гирду атроф паҳн мекунад, ки аксари мардум ҳангоми баромадан ба берун даҳону бинияшонро бо рӯймол мепӯшонанд. Ин бӯи бад сокинони деҳаҳои Лақайбегӣ, Гурхӯрда ва Ескигузарро се сол боз сахт азоб медиҳад.”

“Бӯй чунон сахт аст, агар ягон нафар меҳмон шавад мепурсад, ки ин чӣ бӯ аст? Мегӯӣ, ки бӯи ҳамин корхона аст. Мегӯяд, ки ба прокуратура надодед? Вале намедонад, ки дарди моро касе намешунавад.” мегӯяд манбаъ.

Ба гуфтаи ин сокини шаҳри Ваҳдат, ба ниҳодҳои дахлдор муроҷиат кардаанд, вале касе чора намеандешад. Ӯ гуфт: “Мо сокинони ин деҳаҳо чандин маротиба ариза навиштем. Шахсан худам имзо ҷамъ кардам, аммо гапамон намегузарад.”

Ҷустуҷӯи Azda TV барои пайдо кардани соҳиб ё яке аз масъулини ин корхона бенатиҷа буд. Ва агар ҳар хонанде дар ин бора маълумоти дақиқтаре дошта бошад, лутфан барои такмили хабар маълумотро ба нишонии мо бифиристанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳунарманди маъруфи театру синамои тоҷик даргузашт

Рӯзи 27-уми апрели соли ҷорӣ ҳунарманди шинохтаи театру синамо Асланшоҳ Раҳматуллоев дар умри 71-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Кушта шудани 12 нафар дар пайи ҳамлаи Русия ба пойтахти Украина

Шаби 24-уми апрели соли 2025 пойтахти Украина, шаҳри Киев ҳадафи ҳамлаи шадиди низомии Русия қарор гирифт.

Раҳмонов боз дар бораи ҷазо ва маҳдудиятҳо гуфт

Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз ҷазо барои истифодаи "ғайриқонунии нерӯи барқ" ва "напардохтани пули он" гуфт.

Покистон дар камтар аз як моҳ 120 ҳазор афғонро ихроҷ кард

Дар камтар аз як моҳ давлати Покистон ҳудуди 120 ҳазор шаҳрванди Афғонистонро ихроҷ кард.