7.9 C
Dushanbe

Чаро хабарнигори тоҷикро ба Узбекистон роҳ надоданд?

Мақомоти Узбекистон як хабарнигори тоҷикро панҷ сол аз ҳаққи даромадан ба ин кишвар маҳрум карданд.

Хабарнигори тоҷик Шервони Умриддин рӯзи 7-уми сентябр хостааст барои дармони духтараш ба шаҳри Самарқанд равад, аммо ӯро дар гузаргоҳи марзии “Саразм” ба хоки Узбекистон роҳ надодаанд.

Худи хабарнигор дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки марзбонҳои Узбекистон ӯро дар гузаргоҳи марзӣ се соат нигоҳ дошта, сипас гуфтаанд, ки бо дастури Тошканд вурудуш мамнуъ аст.

Ба гуфтаи ӯ нашри се видео дар бораи фаъолон ва вазъи забони тоҷикӣ дар Самрақанду Бухоро сабаб шудааст, ки ин хабарнигорро барои панҷ сол аз ҳаққи даромадан ба Узбекистон маҳрум кунанд. Шервони Умриддин гуфтааст, ки талош кард марзбононро фаҳмонад, ки муаллифи ин филмҳо нест, аммо ба гуфтаҳои ӯ эътибор надоданд.

Ин рӯзноманигори тоҷик тақрибан ду ҳафтаи охир талош кардааст, шарҳи расмӣ ва хатии манъи вурудашро ба Узбекистон бигирад, аммо дар сафорати Узбекистон дар Душанбе ба ӯ гуфтаанд, ки сабабҳояшро аз Вазоратҳри корҳои хориҷии Тоҷикистон ё Узбекистон фаҳмад.

Инчунин онҳо гуфтаанд, ки ягон нафарро бесабаб аз ҳаққи сафар ба Узбекистон маҳрум намекунанд ва шояд ӯ ягон қонуншиканӣ карда бошад. Аммо Шервони Умриддин мегӯяд, дар чанд соли охир ҳамагӣ панҷ дафъа ба дидани Узбекистон рафта, ягон қонуншиканӣ накардааст.

Гуфта мешавад, ҳадди ақал дар чанд соли охир ин бори аввал аст, ки як шаҳрванди Тоҷикистонро барои нашри видео дар бораи вазъи забони тоҷикӣ дар Самрақанду Бухоро ба хоки Узбекистон роҳ намедиҳанд.

Дар гузашта, яъне даврони президентии Ислом Каримов равуои шаҳрвандони Тоҷикистон ба Узбекистон ва ё баръакс бисёр мушкил ва дар аксар ҳолат имконнопазир буд. Рафтуомад байни ин ду кишвари ҳамсоя пас аз ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев беҳтар шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Талаби 17 соли зиндон барои як рӯзноманигори дигар

Додситон аз додрас барои бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов ва рӯзноманигор...

Оё бо омадани Трамп ҷанги Русияву Украина хотима меёбад?

Доналд Трамп, раисҷумҳури тозаинтихоби Амрикон ба Владимир Путин дар робита ба ҷанг дар Украина ҳушдор дод.

Тошиев: Созишномаи баҳсҳои марзӣ ба зудӣ аз ҷониби президентҳо имзо мешавад

Ба иттилои расонаҳои хабарӣ, созишнома дар бораи муайянсозии марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон то ҷашни Наврӯз аз ҷониби президентҳо ба имзо мерасад.

Ихроҷи ҳазорҳо муҳоҷир аз Санкт-Петербург

Дар соли 2024 танҳо аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия зиёда аз 8 ҳазор муҳоҷир ихроҷ шудаанд.