17.9 C
Dushanbe

Имсол воридоти орд ба Тоҷикистон 44% бештар будааст. Пас чаро гаронтар шуд?

Бино ба иттилои Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-октябри соли равон беш аз 73 ҳазор тонна орд ба Тоҷикистон ворид карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 44 % зиёдтар мебошад.

Дар хабар гуфта мешавад, ки ин миқдори орд дар ҳаҷми қариб 19 млн доллар харидорӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба андозаи 52 дарсад зиёдтар будааст.

Ҳамчунин “Азияи-Плюс” аз қавли Агентии омор менависад, ки нархи орди навъи якум, ки бештар серхаридор аст, аз моҳи январ то аввали моҳи ноябр қариб 15 % боло рафтааст.

Дар идома гуфта мешавад, ки то аввали моҳи ноябр арзиши 1 кило орди навъи якум ба ҳисоби миёна дар пойтахт 4,7 сомонӣ, шаҳри Турсунзода – 5,2 сомонӣ, Рашту Ванҷ ва Хоруғ – беш аз 5 сомонӣ, Хуҷанду Исфара ва Истаравшан – 4,4 сомонӣ баробар буд.

Тӯли моҳҳои январ-сентябри соли равон ба Ҷумҳурӣ зиёда аз 760 ҳазор тонна гандум оварда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 воридоти гандум дар зарфи 10 моҳ 7,8 дарсад кам гардида бошад ҳам, ҳаҷми гандуми воридшуда аз ҳаҷми орди воридотӣ 10 баробар зиёдтар гуфта мешавад.

Дар як сол талаботи Тоҷикистон ба орд наздики 1 млн тонна арзёбӣ мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Идомаи “рейд”-и муҳоҷирон дар Русия

Ҳафтаи дуюм аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия...

Боздошти собиқ раиси Тоҷик-Эйр

Мақомоти Тоҷикистон собиқ раиси Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ва ширкати ҳавопаймойи "Тоҷик-Эйр"-ро боздошт кардаанд.

Сиёсати ҷанг ё идораи об?

Дар натиҷаи набардҳои ба вуҷуд омада дар минтақаҳои ҳаммарзи Афғонистон ва Эрон дасти кам се нафар кушта ва даҳҳо каси дигар аз ду тараф ҷароҳат бардоштанд.

Аз истирдоди як тоҷик ба Душанбе пешгирӣ шуд

28-уми майи соли ҷорӣ аз истирдоди паноҳҷӯи тоҷик Сорбон Абдураҳимзодаи 30-сола аз Варшава ба Душанбе пешгирӣ шуд.