23.9 C
Dushanbe

Чаро масъулони ширкати “Барқи тоҷик” ҳақиқатро намегӯянд?

Сурат: tj.sputniknews.ru

Бахши тоҷикии радиои “Садои Хуросон” бо истинод ба пойгоҳи хабарии “tajweek.tj” менависад, ки коршиноси масоили энержӣ Камолиддин Сироҷиддинов ба изҳороти масъулини ширкати “Барқи тоҷик” дар мавриди сабаби лимити барқ дар манотиқи кишвар аз соати 8:00 то 17:00, ки таҷдиди турбинаҳои нерӯгоҳи “Норак” гуфтаанд, эрод гирифта мегӯяд:

“Бо сабаби камбориш омадани имсол, аз 9 турбина дар нерӯгоҳи барқии “Норак” танҳо 3 тоаш кор мекунанд ва турбинаҳои дигар барои сарфаи оби сарбанд барои истифодаи зимистон кор намекунанд”.

Сироҷиддинов афзуд:

“Агар ҳоло оби сарбанди нерӯгоҳи “Норак” истифода шавад, дар зимистон об намемонад, аз ин рӯ масъулини ширкати “Барқи тоҷик” бояд ба мардум ҳақиқатро эълом кунанд ва бигӯянд, ки сабаби асосии лимити барқ дар кишвар ​​мушкилоти фаннӣ ва бозсозии турбинаҳо нест, балки буҳрони камбуди об аст”.

Масъулони ширкати давлатии “Барқи тоҷик” бо пахши гузорише дар бахши ахбори Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон сабаби ҷорӣ кардани лимити барқ ​​дар аксари манотиқи кишварро идомаи бозсозии турбинаҳои нерӯгоҳи “Нарак” унвон карданд.

Ёдовор мешавем, ки чандест дар аксар манотиқи кишвар мисли солҳои пешин лимити барқ ҷорӣ шудааст. Сокинон аз он шикоят доранд, ки дар як шабонарӯз танҳо аз 10 то 12 соат барқ доранд, ҳатто дар баъзе минтақаҳо аз ин ҳам камтар барқ дода мешавад.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳояш гуфта буд, ки дигар лимити барқ аз байн бардошта шудааст ва бебарқиҳои зимистонаро ба афсона ташбеҳ карда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Иштироки намояндаи Тоҷикистон дар САҲА

Рӯзи 17-уми июни соли ҷорӣ нишасти Кумитаи амнияти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Вена баргузор гардид.

Оғози амалиёти “Нелегал” дар Челябинск

Дар вилояти Челябински Федератсияи Русия "рейд"-и муҳоҷирон бо номи амалиёти "Нелегал" оғоз ёфтааст.

Танишҳо байни Исроилу Эрон шиддат мегирад. Ҷанг ба куҷо мекашонад?

Бо оғози шашумин рӯзи ҳамлаҳои артиши Исроил ба Эрон раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон Алӣ Хоманаӣ бо нашри паёме гуфт, ба Исроил "посухи қавӣ" хоҳад дод.

Мақомот нуҳ сокини маҳаллаи “Дарвоз”-ро равонаи зиндон кард

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нуҳ сокини маҳаллаи "Дарвоз"-и пойтахтро бо иттиҳомҳои ифротгароӣ равонаи зиндон кард.