Худовандо, омӯзгоронро биёмурз. Умрашонро тӯлонӣ ва касбашонро пуррӯзӣ гардон!
Пайёмбари Акрам (С)
Тоҷикон мегӯянд: «дониш чароғи равшан аст». Хелеҳо ҳам ҳастанд, ки муаллимонро ба унвони чароғҳои равшани ҷомеа мешиносанд. Ҷомеае муваффақ мешавад, ки агар муаллимонаш сарфароз бошад. Тоҷикон аз бузургтарин муаллимони таърихашон ифтихор доранд, вале вазъи имрӯзашон нишон медиҳад, онон ноумед аз зиндагӣ ва ҳаргиз мисли жопониҳо наметавонанд бишаванд, ки муаллимонашонро аз ризояту сидқу сафо ба унвони қаҳрамонони зиндагиашон мепарастанд.
Тасаввур меравад, давраи истиқлолият давраи мадҳу ситоиш шудааст. Истиқлоли миллӣ ҳадияи ногаҳоние барои тоҷикон ва тоҷикистониён буд, ки бояд ба қадраш расид. Беш аз се даҳсола аст, мадҳи истиқлол мекунем ва ҳаргиз хаста намешавем. Аз дастовардҳои истиқлолият боифтихор менависем ва зиёда ҳам мегӯем, вале боре ҳам бар ин намеандешем, ки бо ба даст овардани ин туҳфаи гаронқадри сарнавишт, чӣ арзишҳои беҳтарини иҷтимоӣ ва маънавиро аз даст додем.
Барои дарки муҳим будани ин мавзӯъ, мо тасмим гирифтем зимни ироаи силсилаи мақолот ва гузоришҳо, авзои қишрҳои осебпазири ҷомеаро баъд аз касби истиқлолияти Тоҷикистон бозгӯ намоем.
Фориғболии ҷомеа ё беории аҳли илму маориф
Маҳз дар давраи истиқлолият аст, ки ҳамасола шурӯъ аз 1 октябр то 5 октябр дар Тоҷикистон рӯзи муаллим ҷашн гирифта мешавад. Бояд иқрор шуд, ин иқдоми хуб аст, чун аз сӯйи ЮНЕСКО – ниҳоди фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид 5 октябр рӯзи ҷаҳонии муаллим эълом шуда ва то ҳол беш аз 100 кишвари ҷаҳон инро пазируфтаанд. Ҳамасола дар чунин рӯзе дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон аз мақом ва нақши муаллимон дар ҷомеа таҷлил мешавад.
Баррасиҳои ахир нишон медиҳад, ки зоҳиран, масъулон ҳамасола пайгири ҳалли роҳҳои масъалаи норасоии муаллимон ва маоши онҳоанд. Тибқи гузориши Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфта буд, ки дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бештар аз 2 ҳазору 600 омӯзгор намерасад. Гуфта шудааст, бо ҳадафи бартараф намудани ин мушкил, 2170 донишҷӯёни курсҳои болоиро ба кор ҷалб кардаанд. Ин дар ҳолест, ки дар бисёре аз мактабҳо волидайн боз ҳам аз сифати пасти таълиму тарбия шикоят ва таъкидҳо, такрор ба такрор бар вазъи сахти даромади муаллимон ва аз бад будани кайфияти таълиму тарбия дар ҷомеа мекунанд.
Дуруст аст, ки муаллимон санги бинои маориф ва дониши ҳар ҷомеа ҳастанд ва ояндаи наслҳои оянда дар дасти онҳост. Тибқи одат ҳар сол дар ҳаққи муаллимон аз минбарҳои расмӣ аз забони намояндагони давлатӣ садои тавсифу таърифҳо баланд мешавад. Бале, шакке нест, муаллимон равшангари муҳити дониши ҷомеа мебошанд, вале пурсишҳои зиёде ҳанӯз боқианд.
Оё то ба ҳол фикр кардаем, ки ин чароғҳои хомӯши ҷомеа чӣ қадр дар миёни мо мавриди иззату эҳтиром қарор доранд ва чӣ қадр зери ҳимояти мустақими давлат қарор гирифтаанд?
Баъд аз пошхӯрии Ҷамоҳири Иттиҳодияи Шӯравӣ ҳамасола мо аз камбуди маоши омӯзгорон, нарасидани муаллимон дар соҳаи маориф, тарки касби омӯзгорӣ ва тарки муаллимон кишварро барои дарёфти музди меҳнати беҳтар хотирнишон мекунем, вале шоҳидем масъулин ҳеҷ роҳи беҳтаре барои пешгирии мушкилоти маориф ва муаллимон пайдо намекунанд.
Тибқи оморе, ки Кумитаи омори Тоҷикистон ба Ожонси ИТАР-ТАСС хабар додааст ва онро хабаргузории Радиои Озодӣ низ мунташир намудааст, даромади кори якрӯзаи муаллим дар кишвар соли 2003 54 сентро ташкил медода ва омӯзгор бо пул имкони харидани як кило ангурро надоштааст. Дар ҳамин ҳол, вазири маорифи собиқи он замон Сафаралӣ Раҷабов дар ҷаласаи машваратии вазорат эълом намуда буд, ки кишвар аз омӯзгорон садҳо ҳазор доллар қарздор аст. Авзои бади зиндагии муаллимон сабаб гардид, ки садҳо нафар омӯзгори боумеду болаёқат тарки касби пурифтихори муаллимӣ кунанд ва маҷбаран дар ҷустуҷӯйи кор ба Русия ва кишварҳои дигари собиқ Шӯравӣ муҳоҷират намоянд. Тибқи ҳамон гузориши Вазорати маориф ба мактабҳои ҷумҳурӣ 8 ҳазор муаллим намерасидааст. Баъд аз он гузориш вазири маориф борҳову борҳо таъкид намуда аст, ки касби омӯзгорӣ ҳамоно касби камдаромад дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Дар гузоришҳои дигаре омадааст, ки масъулон ҳамасола кӯшиш мекарданд то маоши муаллимонро ба ҳадди мунисиб баланд бардоранд. Чунончи, тибқи баррасиҳо соли 2010 маоши моҳонаи муаллимон аз 50 то 60 доллари амрикоиро ташкил медод, ки ҳамоно камтарин маош ба ҳисоб мерафт, ки боиси тарки бештари касб ва рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ овардани омӯзгорони ботаҷриба шуд. Бархе аз коршиносон бист соли гузаштаи таърихи давраи истиқлоли Тоҷикистонро ба унвони “давраи бесобиқаи фирори мағзҳо” арзёбӣ намудаанд. Ошноӣ бо омори солҳои ахир нишон медиҳанд, ки ин арзёбӣ комилан дуруст аст.
Чунончи, тибқи иттилое, ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба сайти Еurasianet додааст, соли 2021 1124 нафар омӯзгор ба мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ намерасида аст. Ин дар ҳоле аст, ки баъд аз як сол теъдоди норасоии муаллимон дар кишвар ба 3400 расидааст.
Муҳаммадюсуф Имомзода вазири собиқ дар суханронии худ ин мушкилотро ҳалшудани хонда ва гуфта буд, ки ҳар сол зиёда аз 16 ҳазор донишҷӯ риштаи омӯзгории донишгоҳҳо ва донишкадаҳоро хатм мекунанд ва онҳо ҷойи омӯзгорони рафтаро пур мекунанд. Агар ин гузориш воқеъият дошта бошад, пас, оё баррасӣ кардаанд, ки ба чӣ сабаб то ба ҳол норасоии муаллимон, на танҳо дар деҳот, балки дар ҳамаи шаҳрҳои ҷумҳурӣ ҳам дида мешавад?
Пурсиши дигаре аз вазири муҳтарам Муҳаммадюсуф Имомзода, ки худ академики Академияи илмҳои ҶТ мебошад ва ҳамзамон солҳо Раёсати Донишгоҳи муътабарро бар уҳда дошт, боре ҳам фикр накард, ки барои пайдо кардани таҷрибаи корӣ ҳар омӯзгор бояд солҳо заҳмат кашад?
Дигар аз аҷоиботи ҷомеаи тоҷикон ин аст, ки ба сабаби тарки муаллимони зиёд аз кишвар, касби омӯзгорӣ имрӯз қариб пурра бар уҳдаи занон гузошта шудааст. Шоҳидем, ки бисёре аз ҷавононе, ки риштаи омӯзгориро пешаи кори худ мекунанд, ин корро барои озод шудан аз хидмати ҳатмии ҳарбӣ ва аз тарси ду соли “дедовшина” интихоб мекунанд.
Ба гуфтаи масъулин, онҳо барои ҳалли камбудҳо дар соҳаи маориф ва илм талош мекунанд, вале боре ҳам дар нишастҳо намеандешанд ва чораҳои корсозе намебинанд, ки чӣ арзишҳое дар зарфи ин ҳама сол бидуни бозгашт аз даст меравад.
Наслҳои пеш медоданд, ки касби омӯзгорӣ дар даврони Шӯравӣ дар ҷомеа болотарин мақомро соҳиб буд. Муаллимони он даврон аз беҳтарин вазъ бархӯрдор буданд. Барои такмили ихтисос ва малакаи худ ҳар як омӯзгор метавонист барои худ вақт ҷудо кунад. Дар он замони начандон дур, ба ҷуз имконоти хуб, институтҳои такмили ихтисос низ амал мекарданд.
Бархеҳо ба касби муаллимӣ ҳамчун интиқолдиҳандагони иттиллоот менигаранд, вале бехабар аз он ки муаллим нақши асосӣ дар шаклдиҳии фарҳанг, арзишҳои инсонӣ ва ояндаи кишварро дорад. Тибқи гузоришҳои соли 2025, камии муаллимон то андозае афзоиш пайдо кардааст, вале аслитарин мушкилоти омӯзгор то ҳол ҳалли худро наёфтааст.
Вазири маориф Р. Саидзода дар нишасти хабарие гуфт:
“Ҷамъоварии маблағ барои таъмири мактаб мумкин нест, вале баъзе волидон бо хоҳиши худ эҳсон мекунанд”, аммо вазир ишорае ҳам накард кадом хонаводаҳо чунин эҳсонро метавонанд бикунанд.
Мардум бояд бидонад, ки пардохти ҳар маблағ ба будҷаи давлат қонунӣ бошад. Шоҳидем ва медонем, ки на ҳамаи хонаводаҳо қудрати хайру эҳсон ба давлат карданро доранд. Суйистифодаҳои ҳукуматиён, бахусус Вазорати маориф аз мақоми худ, хилофи қонун дар ҷомеа аст, ки мусалламан, боиси эҷоди халал бар амнияту назм дар кор, сабаби рушди худсариҳо, фасод ва хушунат дар ҷомеа мегардад. Ба гуфтае, бидуни қонун ҷомеа ба самти беназмӣ, зӯргуӣ ҳаракат карда ва зиндагии инсонҳо ба шакли “ҳайвонгуна” дармеояд.
Шиорҳои бардурӯғ
Оё муаллимон ниёзманданд? Ва ё ҳарфу амал яке нест?
Солҳост, ки аз минбарҳо ва нишастҳои хабарӣ масъулин дар бораи ройгон будани мактабҳои давлатӣ дар ҷумҳурӣ мегӯянд, вале мардум медонад, ки ҳарф дигар асту амал дигар. Ин суханон аз забони сарвари давлат Эмомали Раҳмон дар рӯзи “Дониш”, ки соли 2024 ҳам садо дод, вале баъд аз чанд рӯзи дигар дар ҷаласаҳои мактабӣ сарварони мактабҳо суханони Раисҷумҳурро бо дигар маънӣ баён намуда, волидайнро бо баҳонаҳое, чун «моҳонаи мактаб ва кӯмакҳое, ки Шумо мекунед ва ин пули хайру эҳсон ба мактаб ва муаллимони фарзандони шумост… ва ғайра» фареб доданд.
Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз расми ҷоуфтодаи ҷамъоварии маблағ аз хонандагонро амали номатлуб хонд ва ба роҳбарони Вазорати маориф, раёсатҳо ва шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо таъкид намуд, ки ба чунин амал қатъиян хотима бахшанд. Вале натиҷаи ин ҳама «таъкидот» ку?
Ҷомеъае, ки дар он масъулонаш эҳтиром на ба қонун на ба фармонҳои “Пешвояш” дорад, оё роҳи эҷоди саодати имрӯзу фардо ҳаст? Ё худ суханони “Пешво” дар рӯзи “Дониш” мумкин аст, як навъ худширинкунӣ дар назди мардумаш буд? Чаро то ҳол масъулоне, ки ҳамеша аз дастгирӣ ва саховатпешаи “Пешво” ҳарф мезананд, вуҷуди чунин қонунро «бо хатти зарҳал» навишта дар дарвозаҳои мактаб намеовезанд? Мумкин ин ба нафъашон нест!!
Дар гузоришҳо омадааст, боз ҳам дар бештари мактабҳои ҷумҳурӣ аз ҳар як хонанда ҳар моҳ пули моҳона ҳамчун пули хайр аз 20 то 30 сомонӣ, кумак ба фарроши мактаб, ба ҷузъ пули таъмир, ки ҳамасола аз ҳар хонанда аз 80 то 100 сомонӣ ва боз барои иваз кардани панҷараҳои синфхонаҳо, таъмири системаи гармидиҳӣ, пул барои хариди таҷҳизот барои хонандагон ва ғайраву ҳоказо ҷамъоварӣ мешавад.
Густариши ин расми аҳмақона, дақиқан ишора бар он дорад, ки муаллимон, чи дар шаҳрҳо ва чи дар деҳот, ба навъи гадоёни волидайни шогирдонашон табдил шудаанд. Таваҷҷуҳ ба муҳтавои матлаби зер дошта бошед! Ба гуфтаи бархе аз омӯзгорон, ки нидояшон нашрияҳое ба табъ расидааст, мегуянд:
«Мо низ намехоҳем эътибори касбии худро пойин оварда аз хонандагон пул талаб кунем, бисёре аз талабаҳое, ки хонаводаҳояшон вазъияти хуби иқтисодӣ надоранд, падари хонавода дар муҳоҷират меҳнатӣ ҳаст, волидайнро маҷбур мекунанд, ки барои пойин наовардани шахсияташ дар назди ҳамсинфон дархости муаллимонро ба ҷо биёваранд.
Мо шарқӣ ҳастем эътибори хонавода барои мо муҳим аст. Бисёре аз омӯзгорон, ки дониши хуб ва таҷрибаи хуби педагогӣ доштанд, маҷбур шуданд ин касби пурифтихорро раҳо ва ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд. Нозирони маориф ба масъалаҳои маъмурӣ ва бюрократӣ машғул шуда, ба комёбиҳои илмӣ кам аҳамият медиҳанд.
Мо пайваста шикоят мекунем, ки либоси мактабӣ мувофиқи талаботи Вазорати маориф нест, мӯйи сарашон тарошида, озода бояд бошанд. Волидайне, ки фарзандонашон ба дарсҳо ширкат намекунанд ё хониши хуб надоранд, эътироз мекунанд, ки ҳар чи маблағе, ки аз ҷониби мактаб дархост мекунед пардохт мекунем. Шумо ҳам гузашт кунед!!»
Худо худ раҳнамо бошад!
Ба назар менамояд, на танҳо масъулини манофеъпараст боиси бадбахтиҳои ҷомеаанд, балки худ ҷомеа аст, ки бояд аз бадбихтиҳояш бигӯяд. Акси ин ҳол, солҳост, ки мо худ маддоҳем, гаштаву баргашта дар ҳаққи муаллимон мадҳияҳо месароем ва ифтихормандона мегӯем, ки муаллим ба фарзандонамон таълим медиҳад, муаллим ҳифзкунандаи ҳамаи арзишҳои неки инсоният, вай ҳомии садоқат, ростгӯӣ, адолат, шуҷоат, меҳрубонӣ ва донишу хирад, омӯзгори ҷомеа аст ва….
Ва аммо намебинем, ки ҷомеаи тоҷикон сахт беору берӯ шудааст. Муаллим, он касе, ки бояд аз ҳақиқат ба шогирдонаш гӯяд, вале дар баробари воқеъиятҳои фоаҷиангези зиндагиаш хомӯш аст. Намехоҳад ҳақиқатро бинад ва аз адолати хору зоршуда гӯяд. Беш аз си сол аст, ки дар баробари поймол шудани ҳақ ва эътибори рехтаву аз дастрафтаи муаллимон забонашро фурӯбурдааст. Намехоҳад бигӯяд, ки даҳҳо сол аст, ки муаллимони кишвар ба як қишри ниёзмандтарин ва «гадоёни босавод» -и ҷомеаи мурдадил табдил шудаанд. Инсоф бояд дошт, дар ҷомеае, ки муаллим худ гарави саломатии ҳар ҷомеа аст, фарзандонаш чӣ гуна метавонанд солим бошанд?
Оё хақ дорем, бо ин вазъе, ки бар сари муаллимони фарзандонамон эҷод кардаем, худро мусалмону аз пайравони аҳком ва содиқони аҳодиси тарбиягари Паёмбари Ислом (С) маҳсуб бидонем?
Пеш аз ин ки мушовирони дастгоҳ ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон машварат барои беҳбудии мақоми муаллимон диҳанд, аввал худашон ба қадру манзалати муаллимони гадовазъи ҷомеа бирасанд. Фақат дар ин сурат, миллати тоҷик метавонад барои беҳтар шудани вазъи муаллиму таълим ва тарбияти ҷомеа умед бандад дар ғайри ин сурат, ҷомеаи мо ба сӯйи нобудии инсоният равон хоҳад шуд.
Комбизи Доро
