Ҳодисаи куштори навраси тоҷик Қобилҷони Алиеви 10-сола вокунишҳои зиёдеро дар сатҳҳои гуногун ба вуҷуд овардааст.
Пас аз кушта шудани ин навраси тоҷик дар дохили як мактаб аз ҷониби як фарди миллатгарои рус, ин ҳодиса ба таври густурда дар расонаҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла BBC, The New York Times ва дигар расонаҳои ҷаҳонӣ бозтоб ёфт. Вале расонаҳои давлатии Тоҷикистон то лаҳзаи омода шудани ин хабар дар бораи ин фоҷиа ҳеҷ гуна гузориш ё изҳори назаре нашр накардаанд.
Ин хомӯшӣ дар ҳолест, ки аксари шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус муҳоҷирони корӣ, бо пардохти андоз ва интиқоли маблағ аз хориҷ саҳми назаррас дар иқтисоди кишвар доранд ва ба гуфтаи коршиносон, қисми муҳими буҷети давлат маҳз аз ҳисоби онҳо таъмин мешавад. Бо вуҷуди ин, расонаҳои давлатӣ, ки бо пули ҳамин шаҳрвандон фаъолият мекунанд, дар баробари фоҷиаи рӯйдода хомӯширо ихтиёр кардаанд.
Аз ҷумла, расонаи давлатии “Ховар”, ки ба чор забон хабар нашр мекунад ва ҳар рӯз аз фаъолияти президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гузориш медиҳад, дар бораи ин ҳодисаи пурсарусадо ҳеҷ иттилое нашр накардааст. Ҳамчунин шабакаҳои телевизионии давлатӣ низ, ки бо маблағҳои буҷетӣ фаъолият мебаранд, аз ин қазия канораҷӯӣ кардаанд. Ҳатто вокуниши расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин робита дар расонаҳои давлатӣ бозтоб наёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, корбарон мегӯянд, барномаҳои хабарии давлатӣ пур аз паёмҳои такрорӣ, суханрониҳо ва ваъдаҳои Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, аммо дар бораи мусибате, ки бар сари як шаҳрванди бегуноҳи тоҷик омадааст, иттилое нашр намешавад.
Мунтақидони режим ин равиши расонаҳои давлатиро “буздилона” арзёбӣ мекунанд ва бар ин назаранд, ки расонаҳои расмии давлатӣ ба ҷои ҳимоя аз манфиати миллӣ ва шаҳрвандони тоҷик, бештар ба ситоиш ва таблиғи як хонаводаи ҳоким машғуланд. Ба гуфтаи онҳо, чунин сиёсат эътимоди ҷомеаро ба расонаҳои давлатӣ заиф намуда, нақши онҳоро дар ҳимояи ҳуқуқ ва шаъну шарафи шаҳрвандон зери суол мебарад.
