13.9 C
Dushanbe

Чаро Тоҷикистон давлати фақир аст?

Дар рӯйхати созмони Милали Муттаҳид тақрибан дусад давлат ҷойгир аст ва мувофиқи ченакҳои байналмилалӣ давлате, ки солона ба сари ҳар нафари аҳолиаш $100 000 харҷ менамоянд, аз шумораи давлатҳои сарватманд ва ҳукуматҳое, ки ба сари аҳолиашон 1000 $  сарф менамоянд, дар қатори давлатҳои фақир ба шумор мераванд.

Тоҷикистони мо ҳам мутаасифона, дар қатори давлатҳои фақир қарор дорад. Маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ (ВВП) ба ҳар сари аҳолии Тоҷикистон дар як соли охир 773 доллар буд. Мувофиқи маълумоти Сандуқи байналмилалии пул, даромади миёнаи солонаи ҳар сари аҳолӣ 833 долларро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаи пасттарин дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки чаро баъзе давлатҳо сарватманд ва дигаре фақир мебошанд?

Мо ин ҷо чанд сабаберо, ки таҳлилгарон барои фақир шудани давлатҳо, баён намудаанд, зикр менамоем ва барои хонанда возеҳ мешавад, ки бо бартараф шудани ин сабабабҳо Ватани мо ҳам ба қатори давлатҳои пешрафта шомил мешавад.

Якумин сабабе, ки мутахассисон барои фақир шудани давлатҳо зикр менамоянд, ин бенизомӣ дар шакли идораи давлат ва ришвахӯрӣ  мебошад. Барои мисол, Вазорати андоз, ки вазифаи асосиаш пур кардани буҷаи давлат аст, дар давлатҳои фақир фақат “гум шудан” (дуздидан)-и пули андоз аз 25 то 105 млн долларро ташкил медиҳад. Дар радабандии нави созмони “Transparency International” (Шаффофияти байналмилал), ки мизони фасоди молиро дар кишварҳои ҷаҳон “чен” мекунад, Тоҷикистон (дар миёни 180 кишвар)  дар ҷойи 149-ум қарор гирифтааст.

Муҳаққиқони амрикоӣ, ки сиёсати буҷаву андози Тоҷикистонро бо ченаки  “Commitment to Equity Assessment” арзёбӣ кардаанд, ба ин натиҷа расиданд, ки сиёсати андозу буҷаи кишвар боиси то 5,12 банди фоизӣ афзудани камбизоатӣ дар кишвар мешавад. Дар ин пажӯҳиш гуфта мешавад, андозҳо дар Тоҷикистон “барои хонаводаҳои камбизоат сангинӣ мекунад”, аммо “қишри дорои аҳолӣ, баръакс, баробар ба сарвату сармояаш андоз намесупорад”. Яъне, дар натиҷаи ситонидани андози зиёд аз мардуми қаторӣ ва насупоридани андоз ва дуздидани будҷаи давлат аз тарафи мансабдорон, шаҳрвандони қаторӣ фақиртар ва мансабдорон золимтабиату сарватмандтар мегарданд.

Дигар соҳаҳои пуркунандаи буҷаи давлат, гумрук  ба ҳисоб меравад ва ба ибораи дигар, гумрукро дарвозаи буҷа низ гуфтан мумкин аст. Локин мутасифона, гумруки Тоҷикистон дар дасти дуздони “пагондор” карор дорад ва ҷое, ки бояд маблағ ҷамъ ва дар буҷаи давлат зам шавад, баръакс ғасби амволи мардум ва кишвар аз тарафи кормандони мақомот сол аз сол зиёдтар мешавад.

Мисоли зинда, эътирофи корманди гумруки терминали “Душанбе-1” Шаҳбоз Раҷабов  бо дуздии  моли давлатӣ дар назди Роҳбари Давлат ва ҳамон лаҳза авф шудани вай бо сабаби “ҷавон” буданаш аст. Далели дигари ришваситонии кормандони гумруки Тоҷикистон ин вуҷуди фарқи калон дар омори пешниҳодӣ бо шарикони асосии тиҷорат – Чин, Узбекистон, Русия ва ғайра аст. Бори аввал дар ин маврид соли 2013 гуфта шуд. Он замон маълумоти Вазорати тиҷорати Чин тақрибан 2,5 маротиба бештар аз маълумоте буд, ки омори Тоҷикистон пешниҳод мекард. Агар бо рақамҳо фаҳмонем, Вазорати молияи Чин моли аз ҳудудаш ба Тоҷикистон воридшударо 1 милиарду 700 милион нишон медиҳад, локин кормандони гумруки  Тоҷикистон бошанд 700 милион нишон медиҳанд.

Мутахассисони соҳаи иқтисод сабаби дуюме, ки ба фақир шудани давлат оварда мерасонад, дар хешутаборбозӣ ва маҳалбозии мансабдорон дар ҳукуматҳои худкома медонанд. Маҷаллаи “Foreign Policy” менависад: “Низоми идории Тоҷикистонро метавон бо ду калима хулоса кард: nepotism (авлодбозӣ) ва cronyism (ошнобозӣ). Тамоми мансабҳои калидӣ дар дасти хешовандону дӯстони наздики Президенти Тоҷикистон аст.  Ҳамаи захираҳои иқтисодӣ ва тиҷоратҳову корхонаҳои муҳим аз сӯи чанд нафари мунтахаб назорат мешавад. (Радиои Озодӣ 22.12.2013). Агар дар солҳои аввали ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аксари мансабдорон аз як вилоят таъйин мешуданд, ҳоло бошад мансабҳои калидӣ аз як ноҳия ва болотарин мансабҳо бошад, ба  оилаи худи Раҳмон супорида шудаанд.

Сабаби сеюм, ки ба фақир шудани давлатҳо таъсир мерасонад, аз ҳолати ҷойгиршавии ҷуғрофии ин ё он давлат вобастагӣ дорад. Тоҷикистон, ки аз дасти табартақсимкунандаҳои  ҳукумати шуравӣ дар минтақаи кӯҳӣ ҷой гирифта аст ва 93% заминаш кӯҳҳо мебошад, аз ин омил бенасиб намонда аст. Бо вуҷуди ҳамин ҳам, агар аз ин кӯҳҳо дуруст истифода карда шавад, имконоти васеъи иқтисодӣ ва сайёҳӣ ба даст овардан мумкин аст. Локин ҳукумати оилавии Раҳмон соле нест, ки чанд кӯҳҳои  Ватанро  бо маъданҳои зери заминиаш ба давлати Чин насупорад.

Ҳоло ширкатҳои чинӣ аксари конҳои тилло ва дигар маъданҳои Тоҷикистонро дар даст дорад. Ғайр аз “Зарафшон”, ки ширкати тоҷикӣ-чинӣ гуфта мешавад, дигар конҳо, мисли “Покруд” дар Ромит ва инчунин ду кони тилло дар ноҳияи Айнӣ ба пуррагӣ дар ихтиёри Чин қарор дорад. Дар соли 2019 бошад, кони нуқраи “Якҷилва” дар Бадахшон низ ба ихтиёри чиниҳо супорида шуд, ки захираи нуқра дар он конро намояндагони ҳукумати марказӣ 113 тон, вале ҳукумати вилояти Бадахшон захираи нуқраро 415 тон меҳисобанд. Дурӯғҳои ҳамешагии ҳукумат водор мекунанд, ки бовар кардан ба суханҳои ҳукумати маҳаллӣ бо мантиқ аст.

Ғайр аз оне, ки ҳукумати Раҳмон коркарди маъданҳои Тоҷикистонро ба чиниҳо медиҳад, боз чунин ширкатҳоро ҳамроҳ бо ширкатҳои Оила аз пардохти молиёти гумрукӣ озод менамояд. Коршиносон бар ин назаранд, ки озодшавии ширкатҳои чинӣ ба оилаи Раиси Ҷумҳур вобастагӣ дорад. Яъне, нафаре аз дохили оила ришваи ҳангуфтро мегирад ва болои парлумони кишвар фишор меорад, то ин ширкат аз пардохти гумрукӣ озод гардад. Чунин «гузашт»-ҳои гумрукӣ, ба носолимии рақобати тиҷорӣ ва оқибат ба муфлисшавии тоҷирони маҳалӣ оварда мерасонад.

Сабабҳое, ки бевосита дар фақиршавии давлатҳо зикр шуданд, аз ҳама пуртаъсираш фасод ва хешутаборбозӣ ба ҳисоб меравад. Мутаасифона, ин омил он қадар дар ҳукумати оилавии Раҳмон реша давонда аст, ки аз фарроши таваллудхона то курсинишини вазоратхона ҳама вазифаҳо фурӯхта мешаванд ва нархи мансабҳо ба  миқдори даромади (дуздии) ҳар мансаб вобастагӣ дорад. Дар натиҷа, вазифаталаб, ки бо маблағи муайян ба курси менишинад, ҳам буҷаи давлатро месӯзонад ва ҳам хонаи корафтодаро.

Баъзе аз ҳамватанон аз нодонӣ бошад ё аз содагӣ мепурсанд, ки Раҳмон ба танҳоӣ чӣ кор карда метавонад!? Ҷавоб чунин аст, ин  нафар чуноне ки, давлату миллатро ба ин аҳвол гирифтор кардаст, агар мехост ба ҳолати беҳтаре оварда мерасонд, фақат бояд намедуздид ва ба наздиконаш низ иҷозаи дуздиданро намедод. Барои исботи навиштаҳо аз ҳолати гузашта ва ҳозираи яке аз давлатҳои собиқ шуравӣ мисолҳо меоварем.

Гурҷистон дар соли 2004 аз ҷиҳати ришваситонӣ дар зинаи 133 қарор дошт, ҳоло бошад дар мақоми 44-ум қарор дорад. Яъне, бо омадани  Саакшивилӣ ба сари қудрат ин давлати фасодзада сад зина аз фасод канора гирифт. Саакшивилӣ ислоҳоти асосиро дар соҳаи полис гузаронида 80 фоизи кормандони ин соҳаро аз кор ронда, дар ҷои онҳо нафарони навро дар асоси озмун қабул намуд ва маоши кормандонро 10 баробар баланд бардошт. Идораҳо ва утоқҳои кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар як бинои шаффоф сохта шуд, то муомилаи кормандон назора карда шавад.

Аз 21 намуди андоз шаштояшро боқӣ гузошт ва иҷозатномаҳое, ки барои тиҷорат дода мешуд, 85% фоизашро кам намуд. Идораҳои хизматрасонӣ дар як бино ҷамъ карда шуд, то корафтодагон дар муддати кӯтоҳ  ҳуҷҷатҳои лозимаашонро пайдо намоянд. Имрӯз дар Гурҷистон кушодани тиҷорат аз дигар давлатҳои Аврупо дида осонтар ва бо суръат ҳуҷатгузорӣ мешавад.

Чуноне мебинем, барои тағйири ҳолат ва ислоҳот кифоя аст, ки хоҳишу виҷдон бошад, то баҳри давлату милат софдилона хизмат намуда, ба наслҳои имрӯзу фардо шароити беҳтари зиндагӣ ва иззату каромати инсонӣ фароҳам оварда, номи неке аз худат боқӣ гузорӣ, то ин ки қаҳрамони болои варақҳо ва толорҳо набуда, дар ҳақиқат қаҳрамони миллӣ бимонӣ. Локин таърих гувоҳ аст, ки ҳукуматҳои фасодзада ҳамон вақт даст ба ислоҳот задан мехоҳанд, ки дар муқобилашон қувваи мардумро эҳсос карда бошанд, вале он замон дигар барои ислоҳу ислоҳот фурсат боқӣ намемонад.

Бо умеди рӯзҳои нек ва ободии Ватан ……

Сорбон Азимӣ, махсус барои Аздо тв

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.