Рӯзи чоршанбе 22-юми декабр шаҳрвандони Афғонистон ҷасади як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар дарёи Омӯ ғарқ шуда буд, дар соҳили ин дарё, аз ҷониби марзи Афғонистон пайдо карданд.

Саноуллоҳ Фоиз, як корбари афғон дар саҳифаи фейсбукияш акси ҷасади ин ҷавони тоҷикро бо шиносномааш нашр кард. Ӯ дар зери ин акс навиш: "Имрӯз чаҳоршанбе 22-уми декабр соати 15:15 баъд аз зуҳр ҷасаде дар миёни дарёи Омӯ ёфт шуд, ки аз кишвари ҳамсояи Тоҷикистон аст ва феълан дар клиникаи вулусволии Хоҳон (ҳаммарз бо Тоҷикистон) интиқол ёфтааст."
Ин шарҳванди Афғонистон аз ҳама хоҳиш карда буд, ки дар матлаб дар ҳамаҷо паҳн шавад то хонавода ва соҳибонаш пайдо шуда ҷасадро бигиранд.
Аз акси шиносномае, ки ин корбари афғонистонӣ дар саҳифааш гузошааст, маълум мешавад, номи ҷавон Қурбонов Кароматуллоҳ буда, соли таваллудаш 23.10.1992 мебошад. Аммо дигар ҷузъиёти ҳувияти ӯ, ки аз кадом ноҳияи кишвар аст, маълум нест. Ва низ маълум нест, ки шиносномаи хориҷии ӯ бо кадом мақсад ҳамроҳаш будаст ва оё ба куҷое сафар кардан мехостааст ва ғайр.

Аммо имрӯз, панҷшанбе дар як пости дигар Саноуллоҳ навишт, ки ҷасади ин ҷавони тоҷикро, ки дар дарёи Панҷ ғарқ шуда буд, соати 13:15 баъд аз зуҳр ба хонаводаашон супорида шуд.