13.9 C
Dushanbe

Ҷасади сарбозони ғарқшуда ёфт шуд ва ё ин ҳам бозии навбатии мақомот аст?

Дирӯз 14 июн Радиои Озодӣ хабар дод, ки ҷасади ду сарбози қисми марзбонии кишвар, ки 8 моҳ пеш дар рудхонаи Бартанг дар ВМКБ ғарқ шуда буданд, пайдо шудааст.

Радиои Озодӣ аз як манбааш хабар дод, ки ҷасадҳо аввали моҳи июн ёфт шуданд, аммо шинохта намешуданд ва барои таҳқиқи ҷасадҳо 13 рӯз мақомот кор карда, аз рӯи ташхиси ДНК ҷасадҳоро шиносоӣ намуда, сипас ба хок супурдаанд.

Искандар Воҳидов, падари Қандилҷон Воҳидов рӯзи 14-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта, ки ҷасади писари ӯро 36 километр ва ҷасади ҳамроҳаш, Сироҷиддин Ятимовро 6 километр поёнтар аз макони ғарқшавӣ пайдо кардаанд. Ӯ гуфт, ки об ҷасадҳоро зери қум карда будааст ва ҳоло бо поён шудани сатҳи оби рӯдхонаи Бартанг ҷасадҳо намудор шудаанд.

“Ҷасадҳо шинохта намешуданд. Қисме аз либосашон ва устухонҳояшон монда буд. 13 рӯз даркор шуд, ки тариқи ДНК исбот кунанд, ки ин ҷасади писари ман аст”,-гуфт ӯ.

Барои таҳқиқи масъала “Аздо тв” талош кард бо падари сарбозон тамос бигирад, аммо Искандар Воҳидов, падари сарбози ғарқшуда Қандилҷон Воҳидовро пайдо карда натавонист. Ба “Аздо тв” муяссар шуд, ки бо падари Сироҷиддин Ятимов, Сангин Ятимов тамос бигирад ва асли воқеаро ҷӯё бишавад.

Сангин Ятимов дар тамос бо “Аздо тв” гуфт:

“Аз ноҳияи Мурғоб ба мо тамос гирифта огоҳ карданд, ки ҷасадҳоро пайдо кардаанд ва барои ташхиси ДНК бояд хун бисупоранд. Ҳамсарам хун супорид, гуфтанд, ки фарзанди шумост, вале бо вуҷуди он натиҷаи ДНК-ро ба мо надоданд. Онҳо аз мо хостанд, ки болои тобутро накушоем ва фақат имзо гузорем, ки ҷасади фарзанди мо пайдо шудааст. Вале мо намедонем, ки онҳо кӣ ва чиро фарзанди мо гуфта ба хок супоридаанд, на ҷасадро дидем ва на қабул кардем ва имзо ҳам нагузоштем”.

Дар акс: Сарбози ғарйшуда Сироҷиддин Ятимов аз рост падараш Сангин Ятимов

Ӯ дар идома мегӯяд, ки ба хотири он ки мо дар расонаҳо чанд боре суҳбат кардем, аз ин ки мақомот аз “шарри” мо халос шаванд хостанд, чунин иқдоме бикунанд ва бо ҳамин амалиёти ҷустуҷӯро аз сарашон соқит кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, агар аз хонаводаи онҳо барои озмоиши ДНК хун гирифта бошанд, аз хонаводаи Искандар Воҳидов аслан чизе нагирифтаанд. Фақат огоҳашон кардаанд, ки ҷасадро пайдо кардем ва ба хок супоридем.

Шакли пурраи мусоҳибаи “Аздо тв” бо Сангин Ятимов, падари сарбози ғарқшуда, Сироҷиддин Ятимовро метавонед дертар дар сомонаи “Azda.tv” бихонед ва ё дар канали ютубии мо шакли садоияшро бишунавед.

Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои расмӣ, Сироҷиддин Ятимов ва Қандилҷон Воҳидов, сарбозони қисми нерӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Рӯшон рӯзи 30 сентябри соли гузашта барои наҷоти як хонандаи мактаб, ки худро бо қасди худкушӣ ба дарё андохта буд, дар рудхонаи Бартанг ғарқ шуданд.

Ҷасади хонандаи мактабро рӯзи 30 сентябр пайдо карданд, аммо бо гузаштани моҳҳо ҷасади ду сарбоз ёфт нашуд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Падари сарбози ғарқшуда бо чанд далел фарзияи мақомотро дар мавриди ҳалокати фарзандаш шуҳбанок медонад

Ду сарбози ғарқшуда дар Тоҷикистонро чаро то имрӯз пайдо накарданд? (Садо)

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Нигаронии Тоҷикистон аз озору азияти муҳоҷирон дар Русия

Омбудсмени Тоҷикистон аз поймолшавии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия изҳори нигаронӣ кард.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон

Президенти Тоҷикистон дар раъси як ҳайати баландпояи кишвар бо сафари кори озими Туркманистон шуд.

Додгоҳе дар Белгия монеи истирдоди зани тоҷик шуд

Як додгоҳ дар Белгия бо судури ҳукм нагузошт зани тоҷик ба Тоҷикистон истирдод шавад.

Боздошти як гурӯҳе, ки аз муҳоҷирон бо зӯр пул меситониданд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ хабар дод, ки дар Русия аз ҳамватанони муҳоҷир зӯран пул мегирифтаанд.