27.5 C
Dushanbe

Ҷо Байден барандаи интихоботи Амрико эълон шуд

Дар интихоботи Амрико Ҷо Байден, номзад аз ҳизби демократон бо аз худ кардани 290 раъйи коллеҷӣ баранда ва президенти тозаинтихоби Амрико эълон шуд.

Барои ҳамчун президент интихоб шудан дар интихоботи Амрико 270 раъйи коллеҷӣ муҳим буд, ки Байден ин марзро убур кард. Ӯ дар ин маъракаи интихоботӣ бо президенти кунунии ИМА Доналд Трамп рақобат мекард, ки  214 раъй насибаш гашт ва интихоботро бохт.

Трамп дар суҳбати ахираш гуфт, Байден дар эълони баранда шуданаш набояд аҷала кунад, чун ҳоло шумориши овозҳо ба охир нарасидааст. Аммо расонаҳое, ки пирӯзии Байденро эълон карданд, менависанд, ки Тармп дигар шонсе барои пирӯзшавӣ надорад.

Дар ҳамин ҳол Трамп иддао дорад, ки дар интихобот тақаллуб сурат гирифтааст ва ӯ аз ношаффофиятии интихобот ба маҳкама шикоят бурдааст.

Доналд Трамп дар саҳифаи твиттераш навишт, ки интихобот дуздида шудааст ва ба бовари ӯ масъулони шаҳрҳои бузурги Амрико фасодкоранд ва онҳо интихоботро ба нафъи Байден тамом карданд. Ба иддаои Трамп дар хусуси тақаллуб ва ношаффофиятӣ дар интихобот далелҳои муътамад ба дасташ расидааст.

Бояд гуфт, ки то ҳол натоиҷи интихобот расман эълон нашудааст, чун дар баъзе шаҳрҳои дигари Амрико то ҳол шумориши оро пурра анҷом наёфтааст. Баъд аз эълони расмии натоиҷи интихоботи Амрико ба эҳтимоли қавӣ Ҷо Байдени 78-сола 46-умин президенти Амрико ба шумор хоҳад рафт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Истирдоди зодагони Язгулом аз Русия ва боздошти онҳо дар Тоҷикистон

Пулиси Русия чаҳор сокини ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷро охири моҳи апрели соли ҷорӣ боздошт ва ба Душанбе истирдод кардаанд.

Дар Душанбе шавҳар зани худро бо корд зад

Бо сабаби даргирии хонаводагӣ як мард дар Душанбе ҳамсари худро бо чанд зарби корд захмӣ кардааст.

СММ хостори озодии рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова шуд

Созмони Милали Муттаҳид аз мақомоти Тоҷикистон озодии рӯзноманигори зиндонӣ Рухшона Ҳакимоваро талаб кард.

Меҳмони набераи Президентро дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доданд

Мақомоти Русия блогери озаритабори 30-сола Ҳусейн Ҳасановро барои шустушӯи пул ва напардохтани андоз дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ додаанд.