Чойхонаи “Роҳат” тахриб мешавад?

Ба эҳтимоли зиёд яке аз қадимтарин биноҳои шаҳри Душанбе маъруф ба чойхонаи “Роҳат” тахриб мешавад.

Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории кишвар Низом Мирзозода 5-уми феврал дар нишасти матбуотии ниҳодаш аз тахриби чойхонаи “Роҳат” пуштибонӣ карда, гуфтааст, ки ба монанди он иншооти нав сохта шавад.

Мирзозода дар суҳбат бо рӯзноманигорон аз чойхонаи “Наврӯз” мисол оварда, пурсидааст, ки он чӣ камбуд дорад? Инчунин ӯ гуфтааст, ки ин чойхонаи “Наврӯз” дар кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой муъҷизаи меъморӣ эълон шудааст.

“Агар мо як чойхонаи дигар бо номи чойхонаи “Роҳат” созем, бо ҳамин меъморӣ, бо ҳамин нақшу нигори миллӣ ва аз ин зебову озода гардонем, чӣ зарар дорад? Магар хубтар нест? Бинои ҳукуматро ба истифода диҳем дар пасманзар (фон)-и ҳамон бино чойхонаи “Роҳат” чӣ хел мешавад? Сухан гуфтан ва эрод гирифтан осон аст, лекин дурандеш будан лозим аст” – гуфтааст раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории кишвар.

Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории кишвар дар ҳоле аз тахриби яке аз қадимтарин биноҳои кишвар пуштибонӣ карда, ки раиси пешинаи ин кумита Маҳмадсаид Зувайдзода 21-уми июли соли 2022 дар нишасти хабарие гуфта буд, ки мувофиқи “Нақшаи умумии бозсозии шаҳри Душанбе” тахриби чойхона дар назар нест.

Бояд гуфт, баҳси вайрон кардан ё мондани чойхонаи “Роҳат”, ки соли 1958 сохта шудааст, ҳадди ақал ҳафт сол боз идома дорад ва мақомот то ҳол таърихи мушаххаси тахриби онро эълон намекунанд.

Тахриби осори боқимонда аз замони Тоҷикистони Шӯравӣ тайи даҳ соли ахир суръати бештаре касб карда, мақомот то ҳол чанд бинои қадимии Душанбе, ба мисли биноҳои шаҳрдорӣ, Вазорати кишоварзӣ, Театри ба номи “Маяковский” ва Кохи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон кардаанд.

Дар пайи аз нав сохтани бинои ҳукумати Тоҷикистон як қисмати чойхонаи “Роҳат” тахриб шуд, аммо қисмати асосии он ҳанӯз боқӣ мондааст ва ба эҳтимоли зиёд Театри ба номи “Абулқосим Лоҳутӣ” низ дар оянда тахриб мешавад.

Инчунин чанде пеш дар шаҳри Душанбе кӯчондани ёдгории меъмории маъруф ба номи “Танка” ба “Боғи Ғалаба” оғоз ёфт.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ҳукумат талош дорад, ки тамоми осор ва нишонаҳои таърихиро аз шаҳри Душанбе аз байн барад ва ба ин тариқ ба наслҳои баъдӣ нишон диҳад, ки бунёдгузори Душанбеи навин Эмомалӣ Раҳмон аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шумори қурбониёни ҷанги Ғазза баъд аз эълони оташбас аз 1300 кас гузашт

Вазорати тандурустии Ғазза эълом кард, ки дар 24 соати гузашта дар пайи ҳамлаҳои Исроил 7 кас кушта шуда ва 30 захмии дигар ба бемористонҳо интиқол дода шудаанд.

Раҳмон дар паради низомӣ аз афсарону сарбозон чӣ хост?

Дар майдони "Истиқлол"-и пойтахт рӯзи 7-уми сентябр ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон паради низомӣ баргузор гардид.

Аврупо мехоҳад муҳоҷирони ғайриқонуниро ба кишварҳои сеюм ихроҷ кунад

Баъзе кишварҳои аврупоӣ талош доранд, то охири соли ҷорӣ бо кишварҳои берун аз Иттиҳоди Аврупо барои таъсиси марказҳои бозгардонии муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба созиш бирасанд.

“Роғун” ё нерӯгоҳи офтобӣ, ки бо суръат арзон мешавад? Кадоме беҳтар аст? 

Дар ҳоле ки қимати нерӯгоҳ ва барқи офтобиву бодӣ бо суръат арзонтар мешавад ва суръати сохтмони нерӯгоҳи офтобӣ низ бамаротиб тезтар аст, оё месазад ба ҷои “Роғун” дар Тоҷикистони офтобӣ нерӯгоҳи офтобӣ сохта шавад?