33.9 C
Dushanbe

Имрон Хон дар нақзи қонуни “зидди терроризм” айбдор мешавад

Рӯзи 22-уми августи соли ҷорӣ пулиси Покистон собиқ сарвазири ин кишвар Имрон Хонро ба нақзи қонуни “зидди терроризм” айбдор кард.

Тавре расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд, собиқ сарвазири Покистон Имрон Хон дар як суханронияш рӯзи шанбе аз боздошт ва шканҷа шудани яке аз дастёрони наздикаш Шаҳбоз Гилл вокуниш нишон дода, мақомоти додгустарӣ ва пулисро дар шиканҷаи ӯ гунаҳкор карда, гуфтааст, ки алайҳи онҳо шикоят хоҳад кард.

Ӯ дар суханронии рӯзи шанбеаш дар хитоб ба пулис ва мақомоти додгустарии кшвараш гуфта, ки “Шумо ҳам омода бошед, зеро мо алайҳи шумо иқдом хоҳем кард. Шумо бояд хиҷолат бикашед“.

Мақомоти қудратии Покистон ин хитоби Имрон Хонро ҳамчун таҳдид ба мақомҳои давлатӣ арзёбӣ карда, ӯро ба нақзи қонуни “зидди терроризм” айбдор ва нисбаташ парванда карданд.

Гуфта мешавад, ин парванда ба эҳтимоли зиёд ба боздошт ва зиндонӣ шудни собиқ сарвазири Покистон меанҷомад.

Бино ба гузоришҳо, пас аз эълони боз шудани парванда айлаҳ Имрон Хон ҷонибдоронаш хонаи ӯро иҳота карданд, то аз боздошти ӯ пешгирӣ кунанд. Онҳо гуфтаанд, дар сурати боздошти оқои Хон Исломобод – пойтахти Покистонро ба тасарруфи худ хоҳанд даровард.

Дар ҳамн ҳол Ҳизби Таҳрик ва инсофи Покистон, ки муаассисаш худи оқои Имрон Хон аст, дар як изҳороте ба мақомот ҳушдор дода, ки дар сурати боздошти ӯ эътирозҳои саросариро дар тамоми Покистон роҳандозӣ хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки собиқ сарвазири Покистон Имрон Хон дар ҷаласаи пралумон 9-уми моҳи апрели соли ҷорӣ дар пайи раъйи адами эътимод аз мансабаш барканор шуд. Ва то ҳол танишҳое байни ӯ ва мақомоти қудратии Покистон барои баргузории интихоботи шаффоф идома дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.