21.5 C
Dushanbe

Чораҳои нав дар сиёсати давлатии муҳоҷрати Русия

Ҳукумати Русия Қарорномаи сиёсати давлатии муҳоҷирати ин кишвар барои солҳои 2020-2022ро ба тасвиб расондааст. Дар ин бора қарори  ҳукумати Русия 30 май ба имзо расид ва ин консепсиюн нақша ва чорабиниҳои ҳукумати Русия ва наҳваи татбиқи онҳо  дар тӯли ин солҳоро  дар робита ба муҳоҷират дар назар дорад.

Нақшаи мазкур аз тарафи вазорати умури дохилаи Русия ва бо ҳамкории дигар мақомоти давлатӣ  барои ислоҳи низоми муҳоҷират ва институти шаҳрвандии ин кишвар  таҳия шудааст.

Дар ҷараёни татбиқи нақша  такмили шароити иқомати доимӣ барои атбои хориҷӣ ва гирифтани мақоми табаият дар назар гирифта шудааст. Бар пояи ин консепсиюн шароити нави ҳуқуқӣ барои будубоши баландмуддати атбои хориҷӣ фароҳам карда мешавад,ки ба муосиртар  кардани наҳва ва созукори соҳаи муҳоҷирати корӣ,таъмини амният ва тартиботи ҳуқуқӣ барои муҳоҷират мусоидат хоҳад кард ва низ ва низ дар системаи давлатии идораи соҳаи муҳоҷират ислоҳот ворид мекунад. 

  

 Дар назар аст ки  маҷмӯи чорабиниҳо  барои таъсиси платформаи воҳиди иттиллоотӣ, ки маълумот дар бораи шаҳрвандони хориҷиро дорад ва  тавонад хадамоти давлатиро арза ва таъмин кунад,ҳамкорӣ ва фаъолияти муштараки байни шаҳрвандон ташкилот ва мақомоти давлатӣ дар намуди электронӣ таъмин намояд татбиқ карда хоҳад шуд.

Консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷират дар Русия аз чанд сол ба ин сӯ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дорад.Аммо Ковид-19 ошкор кард, ки ин кишвар бидуни ҷалби неруи кори хориҷӣ ва ё муҳоҷирони меҳнатӣ наметавонад иқтисоди худро пеш бибарад. Ба хусус арсаи кишварзӣ ва сохтмони Русия ниёзи шадид ба неруи кори хориҷӣ дорад.Аз ин ҷиҳат ҳоло роҳбарияти Русия қасд дорад шароити ҷалби муҳоҷирон ба ин кишварро  беҳтар ба роҳ монад.Ахиран барои дарёфти ҳаққи иқомати доимӣ  ва мақоми шаҳрвандӣ Русия барои кишварҳои шӯравии пешин сабукиҳои зиёд дод.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Истирдоди зодагони Язгулом аз Русия ва боздошти онҳо дар Тоҷикистон

Пулиси Русия чаҳор сокини ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷро охири моҳи апрели соли ҷорӣ боздошт ва ба Душанбе истирдод кардаанд.

Дар Душанбе шавҳар зани худро бо корд зад

Бо сабаби даргирии хонаводагӣ як мард дар Душанбе ҳамсари худро бо чанд зарби корд захмӣ кардааст.

СММ хостори озодии рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова шуд

Созмони Милали Муттаҳид аз мақомоти Тоҷикистон озодии рӯзноманигори зиндонӣ Рухшона Ҳакимоваро талаб кард.

Меҳмони набераи Президентро дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доданд

Мақомоти Русия блогери озаритабори 30-сола Ҳусейн Ҳасановро барои шустушӯи пул ва напардохтани андоз дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ додаанд.