Ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи тоҷик дар Варшава

Рӯзи 1 июн сомонаи “

Ивона Кийовска, сухангӯи Пулиси минтақаи 2-и Варшава. Сурат: tvn24.pl

Ба суоли “Аздо тв”, ки чаро пулис ва расонаҳои лаҳистонӣ хабари беасосро нашр кардаанд, ӯ дар посух гуфт:

“Маълумоти нашршуда аз забони шоҳидони ҳодиса, ки дар маҳалли ҳодиса ҳузур доштанд, нақл шудааст ва яке аз шоҳидон низ шаҳрванди Тоҷикистон мебошад”.

Хонум Кийовска дар идома афзуд:

“То субҳи имрӯз пизишкони муъолиҷи фарди маҷруҳ ба пулис иҷозаи бозпурсии ӯро надода буданд. Вазъи саломатияш беҳтар арзёбӣ мешавад ва пулис имрӯз бо ӯ суҳбат хоҳад кард ва баъди суҳбати пулис бо ин шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистон маълумоти бештар дастрас хоҳад шуд. Саломатияш хуб аст ва ҳеҷ хатаре ӯро таҳдид намекунад”.

Ба суоли дигари “Аздо тв”, ки наздикони ронандаи маҷруҳ аз он нигаронанд, ки ӯ дастрасӣ ба телефон надорад ва наметавонанд бо ӯ мустақим дар тамос бошанд, чунин гуфт:

“Телефони ӯ ҳамчун далели шайъӣ барои таҳқиқот дар ихтиёри пулис аст, чун ин телефони кории ронандаи токсӣ буд ва то поёни таҳқиқот дар дасти пулис хоҳад монд, зеро фарди ҳамлагар ба ин телефон таксӣ супориш дода буд”.

Дар мавриди иҷозати мулоқот бо ин шаҳрванди Тоҷикистон сухангӯи пулиси Варшава гуфт, бояд инро аз пизишки муъолиҷаш ва масъулони бемористон бипурсед.

Аммо дар хусуси ин ки оё то ин лаҳза маълумоти бештаре дар бораи фарди ҳамлагар дастрас шудааст, мегӯяд: “Бале, маълумотҳо дорем, вале наметавонем расонаӣ кунем, баъд аз шунидани қурбонии ҳодиса ва муқоисаи маълумотҳо метавон банатиҷаи ниҳоӣ расид”.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 1-уми июн “TVP.info“-и Лаҳистон хабар дод, ки як марде савори таксие шуда ва аз пушти сандалӣ ба ронандаи таксӣ тир холӣ кардааст. Ин мошини таксӣ дар кӯчаи Пулавскаи шаҳри Варшава дар ҳоли тавақуф будаст.

Қурбонии ин ҳамла ба бемористон мунтақил шуда ва ҷустӯ барои пайдо кардани ҳамлагар идома дорад. Ивона Кийовска, сухангӯи пулиси мантақаи 2-и Варшва ин ҳодисаро чунин шарҳ дода буд:

“Ин ҳодиса шаби душанбе соати 23:30 дар кӯчаи Пулавскаи шаҳри Варшава рух дод, мусофир баъди савори “BOLT taxi” шуданаш туфангчаро ба сӯи сандалии ронанда нишон гирифта тир холӣ мекунад”.

Дар идомаи гузориш “TVP.info”-и Лаҳистон омадааст, ки ронандаи маҷруҳгашта шаҳрванди Тоҷикистон мебошад ва фарди ҳамлагар низ шаҳрванди Тоҷикистон буда, пулис ҷузъиёти ҳувияти ин фардро медонад ва дар пайи ҷастуҷӯи ӯ аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Такер Карлсон: Натанёҳу Трампро барои ҳамлаи ҳастаӣ ба Эрон фишор меорад

Такер Карлсон, рӯзноманигори маъруфи амрикоӣ, ҳушдор додааст, ки эҳтимол дорад Амрико дар рӯзҳои наздик ба Эрон ҳамлаи ҳастаӣ анҷом диҳад.

Бедарак шудани як фаъоли зодаи Бадахшон дар Олмон

19-уми октябри соли ҷорӣ, фаъоли зодаи Бадахшон Саидтаиб Саидмамудов дар Олмон боздошт шудааст ва бо гузашти ду ҳафта аз ӯ хабаре нест.

Намоиши филми Эмомалӣ Раҳмон дар масҷидҳои ноҳияи Ванҷ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ аз намоиши филми мустанади «Пешво аз қалби мардум» дар масҷидҳо, инчунин идораҳо ва муассисаҳои ноҳия хабар додаанд.

Русия далелҳои ихроҷи муҳоҷиронро аз 22 ба 45 маврид афзоиш медиҳад

Аз 3-юми ноябр дар Русия қонуни наве мавриди иҷро қарор мегирад, ки шумори моддаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки ихроҷи шаҳрвандони хориҷиро пешбинӣ мекунанд, аз 22 ба 45 мерасонад.