19.9 C
Dushanbe

Ҷузъиёти куштори Розиқов дар боздоштгоҳи шаҳри Кӯлоб

Наздикони Абдуқаҳҳор Разоқов гуфтанд, 4 нафар аз кормандони пулиси шаҳри Кӯлоб соати 2-и шаби 3-уми январ ӯро аз хонааш дастгир карда, соати 4-и субҳ ҷасадашро ба сардхона бурданд.

Яке аз наздикони Абдуқаҳҳор дар тамос бо Azda tv бидуни зикри номаш гуфт, ки марҳумро дар боздоштгоҳи шаҳри Кӯлоб барои имзо гузоштан зери кадом парвандаи ҷиноятие маҷбур мекунанд, вале ӯ имзо намекунад. Аз ин рӯ, ӯро 4 ё 5 нафар аз кормандони пулис дар барқ мемонанд ва то дами марг шиканҷаи сахт мекунанд. Пас аз ҷон бохтан онҳо бо мақсади рӯпӯш кардани ин ҷинояташон ӯро ба беморхона ва аз онҷо ба сардхона бурда худ фирор кардаанд. “Ҳатто сабти дурбинҳои мадорбастаи сардхонаро пок кардаанд то пайдо нашавад, ки ҷасадро кӣ ба онҷо овардааст”, мегӯяд манбаъ.

Манбаъ 4 нафар аз кормандони пулиси шаҳри Кӯлобро, ки дар ин ҷиноят гумонбар дониста мешаванд, бо номҳои Шамшод, Шорух, Зафар ва Кароматов Ҷамшед ном бурд.

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки сардори пулиси шаҳри Кӯлоб, ки аз наздикони Рустами Эмомалӣ аст, ба зердастонаш барои тамоми корро кардан иҷозат додааст ва ҳатто ба онҳо гуфта, ки “ҳар тавре ки дилатон мехоҳад рафтор кунед, ҳатто бизанеду бикушед ҳам ман посухашро мегӯям.”

Гуфта мешавад, айни замон ин 4 пулис дар додситонии шаҳри Кӯлоб боздошт шудаанд, аммо маълум нест парвандаи онҳо таҳқиқ мешавад ва онҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ва ё на. Ба гуфтаи наздикони марҳум, ин чанд нафар пулиси ҷавон вақтҳои охир дар шаҳри Кӯлоб бо мардум бисёр рафтори ноҷо ва мағрурона доштанд, “чунки онҳоро сардори пулиси шаҳри Кӯлоб Қунғуротзода Фотеҳ ҳимоят мекард ва ҳаркоре дилашон мехост даст мезаданд.”

Инчунин ба иттилои ин хеши Абдуқаҳҳор, яке аз ҳимоятгаронии аслии пулисҳои номбаршуда яке аз домодҳои Нуриддин Раҳмонов, бародари Эмомалӣ Раҳмон будааст. Сокинони Кӯлоб мегӯянд, наздикони Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб мардумро ба дод овардаанд.

Манбаъ мегӯяд, яке аз ин пулисҳо, ки номаш Ҷамшед аст, боре бо ҷинояти фурӯши маводи мухаддир дастгир ва аз кор ронда шудааст, аммо боз бо шиносбозӣ дубора пулиси минтақа таъйин мешавад.

Ёдовар мешавем, ки пас аз марги Абдуқаҳҳори 37-сола нафарони зиёде дар назди шуъбаи пулиси Кӯлоб ҷамъ омада, аз мақомот хостанд, онҳое, ки дар қатли марҳум гумонбар мешаванд, боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо гуфта мешавад, пас аз таҷаммуи хешу наздикони Розиқов дар назди идораи пулиси шаҳри Кӯлоб беш аз даҳ нафари онҳо боздошт шуданд, ҳатто тибқи хабарҳои таъйидношуда пас аз боздошти пайвандони Абдуқаҳҳор як нафари дигар ҳам дар натиҷаи шиканҷаи пулис ҷон бохтааст. Аммо то ҳол Azda tv дурустии ин хабарро аз манбаъҳои дигар таъйид накардааст.

Дар ҳамин ҳол рӯзи 3-уми январ Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби марги Абдуқаҳҳор Розиқовро истеъмоли зиёди “маводи сахттаъсири навъи амфетамин (кристалл)” гуфтааст, аммо наздиконаш инро рад мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ба муҳоҷирони дорои доғи судӣ шаҳрвандии Русия дода намешавад

Дар Русия қоидаҳои гирифтани иқома ва шаҳрвандӣ барои муҳоҷирон боз ҳам сахттар мешаванд.

Идомаи пулҷамъкунӣ дар мактабҳо. Кӣ бояд пеши роҳи ин “ғорат”-ро бигирад?

Бо наздик шудани поёни соли таҳсил, масъулони мактабҳои миёна дар вилояти Хатлон хонандогон ва ҳатто омӯзгоронро маҷбур доранд, ки барои таъмири мактаб пул ҷамъ кунанд.

Пас аз нигарониҳо мақомот андозбандии интиқоли маблағ байни шаҳрвандонро рад кард

Мақомоти андози Тоҷикистон хабари ҷорӣ гардидани низоми андозбандии рақамиро ҳангоми истифодаи ҳамёнҳои электронӣ рад кард.

Корманди додситонӣ Меҳрона Ноибоваро ба худкушӣ расонд

Меҳрона Ноибоваи 23-сола 4-уми апрели соли ҷорӣ аз истироҳатгоҳи "Чорчаман"-и Дарвоз нопадид гашта, ҷасадаш аз соҳили рӯди Панҷ пайдо шуд.