CММ озодии фаъолони зодаи Бадахшонро талаб кард

Созмони Миллали Муттаҳид боздошти фаъолони бадахшониро аз ҷониби мақомоти тоҷик, “боздоштҳои худсарона” донист.

Гурӯҳи кории СММ, аз ҷумла боздошти фаъолони зодаи Бадахшон Улфатхоним Мамадшоева, Сорбон Юноев, Фаромуз Иргашов ва Манучеҳр Холиқназаровро, ки аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шудаанд, “боздоштҳои худсарона” эътироф кард.

Гузориш аз ҷониби Гурӯҳи корӣ дар мавриди боздоштҳои худсарона дар иҷлосияи 99-уми ин гурӯҳ қабул ва дар сомонаи СММ дар ду ҳуҷҷат нашр шудааст.

Дар қарори ин гурӯҳ гуфта мешавад, ки боздошти рӯзноманигор Улфатхоним Мамадшоева, соҳибкор ва фаъол Сорбон Юноев, инчунин ҳуқуқшиносон Фаромуз Иргашев ва Манучеҳр Холиқназаров хилофи “Эъломияи умумии ҳуқуқи башар”, “Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва ҳуқуқи инсон”, “Паймони Байналмилалии Ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ” ва “Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ” буда, худсарона мебошад.

Гурӯҳи кории СММ дар мавриди боздоштҳои худсарона аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардааст, ки ин афродро фавран озод кунанд ва бар асоси қавонини байналмилалӣ ба онҳо ҳаққи ҷуброн ва дигар шаклҳои ҷубронпулиро фароҳам кунанд.

Ин гурӯҳ ҳамчунин аз Ҳукумати кишвар талаб кардааст, ки тафтиши пурра ва мустақили вазъиятро, ки ба худсарона аз озодӣ маҳрум кардани ин шахсон вобаста аст, таъмин намояд.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ба хулосаи Гурӯҳи кории СММ вокуниш нишон надодааст. Аммо дар гузашта мақомот талаби ин гурӯҳро дар мавриди озод намудани чандин зиндонии сиёсии тоҷик, аз ҷумла Маҳмадалӣ Ҳаит, Зайд Саидов, Сайидумар Ҳусайнӣ, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Бузургмеҳр Ёров, Мақсуд Иброҳимов ва дигарон иҷро накарда буд.

Бояд гуфт, фаъолони зодаи Бадахшон Улфатхоним Мамадшоева, Сорбон Юноев, Фаромуз Иргашов ва Манучеҳр Холиқназаров пас аз тазоҳуроти осоиштаи мардуми ин вилоят ва қатли даҳҳо тан аз ҷониби Ҳукумат дар солҳои 2021-2022, боздошт гардида буданд ва то имрӯз даҳҳо созмони байналмилаливу кишварҳои ғарбӣ озодии онҳоро талаб кардаанд, аммо ин афрод то ҳол дар зиндон қарор доранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Муҳоҷири корӣ дар рақобат бо роботу AI ва Чин

Агар суол гузошта шавад, ки бузургтарин хавфи иқтисодии Тоҷикистон кадом аст, посух на кам шудани тилло дар конҳост ва на қарзҳои афзояндаи хориҷӣ, балки тағйир ёфтани модели муҳоҷирати корӣ аст.

Ҷалби садҳо миллион доллар грант барои татбиқи чанд лоиҳа дар Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон барои амалисозии чандин лоиҳаи бузург аз Бонки ҷаҳонӣ садҳо миллион доллар грант мегирад. 

Боздошти се нафар бо гумони таҷовуз ба номуси як духтари ноболиғ

Мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 7-уми июл аз боздошти се ҷавон бо гумони содир кардани ҷиноятҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба як духтари ноболиғ хабар доданд.

21 кушта ва 19 захмӣ: омори нигаронкунандаи садамаҳо дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ бар асари ҳодисаҳои нохуш дар корхонаҳои саноатӣ ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон 21 нафар ҷон бохта, 19 нафари дигар захмӣ шудааст.