7.9 C
Dushanbe

CPJ аз мақомоти Тоҷикистон озодии Аҳмад Иброҳимро талаб кард

Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон (CPJ) 13-уми январ бо нашри изҳороте озодии бешарту қайди Адҳам Иброҳим ва 7 рӯзноманигорои дигарро аз мақомоти тоҷик талаб кард.

Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаи CPJ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ мегӯяд: “Бо он ки мақомоти Тоҷикистон дар тӯли даҳ соли охир матбуоти мустақилро комилан аз байн бурданд, ҳукми сангин ба Аҳмад Иброҳим нишон медиҳад, ки онҳо барои аз байн бурдани гузоришҳои интиқодӣ чӣ қадар талош хоҳанд кард.”

Дар гузориши CPJ таъкид мешавад, ки “Мақомоти Тоҷикистон бояд Аҳмад Иброҳим ва ҳафт рӯзноманигори дигарро, ки бо иттиҳомоти сохта ба муддатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шудаанд, фавран озод кунанд ва муҳити саркӯбкунандаи расонаҳои кишварро ислоҳ кунанд.”

Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон боздошти сардабири “Пайк”-ро интиқоми мақомот аз ӯ ва пеши роҳи интиқодро гирифтан медонад. Зеро, ба гуфтаи ин ниҳоди ҳуқуқӣ, Аҳмад Иброҳим қаблан аз фишори мақомоти маҳаллӣ барои навиштани мақолаҳои интиқодияш шикоят карда буд.

Ёдовар мешавем, ки Додгоҳи шаҳри Кӯлоб сардабири ҳафтаномаи “Пайк” Аҳмади Иброҳимро рӯзи 10-уми январи соли ҷорӣ ба 10 соли зиндон маҳкум кард. Ӯ моҳи августи соли 2024 дастгир гардид ва бо иттиҳомоти “ришвадиҳӣ ба маъмури Кумитаи давлатии амнияти миллӣ”, “тамаъҷӯӣ” ва “ифротгароӣ” гунаҳкор дониста шуд.

Аҳмади Иброҳим як рӯз қабл аз эълони ҳукм дар номае ба Рустами Эмомалӣ ҳама иттиҳомотро рад карда гуфта буд: “дар умрам ба касе пора надодаам, вале маро ба порадиҳӣ айбдор мекунанд. Дар умрам тамаъҷӯӣ накардаам, аммо маро ба тамаъҷӯӣ айбдор доранд. Дар умрам ифротгаро набудам, балки тӯли 22 соли охир ба ифротгароӣ мубориза бурдам. Чӣ гуна мани рӯзноманигор ва нависандаи 6 роман дар васфи зардуштиён салафӣ мешавам?”.

Аммо бо вуҷуди ин Додгоҳи шаҳри Кӯлоб 10-уми январ ин рӯзноманигори 63-соларо барои даҳ сол равонаи зиндон кард. Ҳукме, ки пайвандони рӯзноманигор онро қабул надоранд ва бераҳмона медонанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Афзоиши ҳамлаҳои Русия ба Украина

Рӯзи 28-уми январ нерӯҳои Русия ба шаҳри Киев ва чанд минтақаи дигари Украина ҳамлаи нав анҷом доданд.

Номаи шикоятии гурӯҳе аз фаъолони тоҷик ба ВКХ-и Олмон аз фаъолияти Имомуддин Сатторов

Фаъолиятҳои сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов фаъолони ҷомеаи тоҷики хориҷ аз кишварро нигарон кардааст.

Марги 1623 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар дар соли 2025

Тибқи иттилои расӣ, дар соли 2025 танҳо тариқи фурудгоҳҳо ҷасади 1623 шаҳрнвад ба Тоҷикистон оварда шудааст.

То соли 2030 сифати интернет дар Тоҷикистон беҳтар мешавад

Ба иттилои мақомоти дахлдори Тоҷикистон, бо қабули стратегияи нав сифати интернет дар Тоҷикистон то соли 2030 беҳтар мешавад.