CPJ аз мақомоти тоҷик озодии ду рӯзноманигори зиндониро талаб кард
Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ) аз мақомоти Тоҷикистон талаб кард, ки хабарнигорони зиндонӣ Хушрӯз Ҷумъаев ва Улфатхоним Мамадшоеваро озод кунад. Акс: Интернет Рӯзи 13-уми декабри соли ҷорӣ, Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон бо нашри изҳороте ҳукми хабарнигорони зиндонӣ Хушрӯз Ҷумъаев ва Улфатхоним Мамадшоеваро ваҳшатнок номида, аз мақомоти тоҷик талаб кард, ки таъқиби намояндагони ВАО-ро қатъ намуда, […]
Фирӯзи Ҳаит· Рӯзноманигор ва муҷрӣ· Ба дигарон фирист
Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ) аз мақомоти Тоҷикистон талаб кард, ки хабарнигорони зиндонӣ Хушрӯз Ҷумъаев ва Улфатхоним Мамадшоеваро озод кунад.
Акс: Интернет
Рӯзи 13-уми декабри соли ҷорӣ, Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон бо нашри изҳороте ҳукми хабарнигорони зиндонӣ Хушрӯз Ҷумъаев ва Улфатхоним Мамадшоеваро ваҳшатнок номида, аз мақомоти тоҷик талаб кард, ки таъқиби намояндагони ВАО-ро қатъ намуда, онҳоро барои фаъолияташон зиндонӣ накунанд.
Мақомоти Тоҷикистон Хушрӯз Ҷумъаев ва Улфатхоним Мамадшоеваро моҳи майи соли ҷорӣ пас аз ҳодисаҳои хунин дар ин вилоят, боздошт ва дар аввали моҳи ҷорӣ дар мурофиаҳои баста Ҷумъаевро ба 8 сол ва Улфатхоним Мамадшоеваро ба 21 соли зиндон маҳкум карданд.
Бино ба иттилои расонаҳо мақомот блогнависи ҷавон Хушом Ғуломро дар узвият ба гурӯҳи ҷиноӣ ва Улфатхоним Мамадшоеваро ба 8 моддаи ҷиноӣ, аз ҷумла “даъват ба сарнагунии ҳукумат” гунаҳкор донистаанд. Чун мурофиаҳо пушти дарҳои баста баргузор шудаанд, маълум нест ин хабарнигорон чӣ гуфтаанд ва оё аз болои ҳукм шикоят мебаранд ё не. Аммо Улфатхоним Мамадшоева дар мурофиаҳои гузашта иттиҳомоти нисбаташ эълоншударо рад карда буд.
Гуфта мешавад, CPJ барои шарҳ ва тасдиқи ҷузъиёти ҳар як парванда ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кул нома фиристод, аммо ҳеҷ посухе дарёфт накардааст.
Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон дар гузашта низ хостори озодии рӯзноманигори зиндонӣ шуда буд. Аммо мақомот ба ин даъватҳо мисли даъвати дигар созмонҳо то ҳанӯз посухи мусбат надодааст.
Ин ягона созмони ҳуқуқие нест, ки мақомоти тоҷикро барои боздошти рӯзноманигорон, фаъолон ва ҳомиёни ҳуқуқ мавриди танқид қарор медиҳад ва озодии онҳоро талаб мекунад.