32.9 C
Dushanbe

CPJ аз мақомоти тоҷик озодии ду рӯзноманигори зиндониро талаб кард

Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ) аз мақомоти Тоҷикистон талаб кард, ки хабарнигорони зиндонӣ Хушрӯз Ҷумъаев ва Улфатхоним Мамадшоеваро озод кунад.

Рӯзи 13-уми декабри соли ҷорӣ, Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон бо нашри изҳороте ҳукми хабарнигорони зиндонӣ Хушрӯз Ҷумъаев ва Улфатхоним Мамадшоеваро ваҳшатнок номида, аз мақомоти тоҷик талаб кард, ки таъқиби намояндагони ВАО-ро қатъ намуда, онҳоро барои фаъолияташон зиндонӣ накунанд.

Гулноза Саид ҳамоҳангсози барномаҳои CPJ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ мегӯяд, “тасмими мақомот барои маҳкум кардани Мамадшоеваи 65- сола, ки метавонад умри боқимондаи худро паси панҷара сипарӣ кунад ва ҳамчунин ҳукми Хушрӯз Ҷумъаев даҳшатовар буда, ҳукумати Тоҷикистон барои ин ҳукмҳои сангин далели асосноке пешниҳод накард ва махфӣ будани парвандаи рӯзноманигорон ҳам комилан беасос аст. Мамадшоева ва Чумъаев фавран бояд озод шуда, барои идомаи корашон иҷозат дода шавад.”

Мақомоти Тоҷикистон Хушрӯз Ҷумъаев ва Улфатхоним Мамадшоеваро моҳи майи соли ҷорӣ пас аз ҳодисаҳои хунин дар ин вилоят, боздошт ва дар аввали моҳи ҷорӣ дар мурофиаҳои баста Ҷумъаевро ба 8 сол ва Улфатхоним Мамадшоеваро ба 21 соли  зиндон маҳкум карданд.

Бино ба иттилои расонаҳо мақомот блогнависи ҷавон Хушом Ғуломро дар узвият ба гурӯҳи ҷиноӣ ва Улфатхоним Мамадшоеваро ба 8 моддаи ҷиноӣ, аз ҷумла “даъват ба сарнагунии ҳукумат” гунаҳкор донистаанд. Чун мурофиаҳо пушти дарҳои баста баргузор шудаанд, маълум нест ин хабарнигорон чӣ гуфтаанд ва оё аз болои ҳукм шикоят мебаранд ё не. Аммо Улфатхоним Мамадшоева дар мурофиаҳои гузашта иттиҳомоти нисбаташ эълоншударо рад карда буд.  

Гуфта мешавад, CPJ барои шарҳ ва тасдиқи ҷузъиёти ҳар як парванда ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кул нома фиристод, аммо ҳеҷ посухе дарёфт накардааст.

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон дар гузашта низ хостори озодии рӯзноманигори зиндонӣ шуда буд. Аммо мақомот ба ин даъватҳо мисли даъвати дигар созмонҳо то ҳанӯз посухи мусбат надодааст.

Ин ягона созмони ҳуқуқие нест, ки мақомоти тоҷикро барои боздошти рӯзноманигорон, фаъолон ва ҳомиёни ҳуқуқ мавриди танқид қарор медиҳад ва озодии онҳоро талаб мекунад.

Гузоришгари вежаи Созмони Миллали Муттаҳид дар бораи ҳомиёни ҳуқуқ Мери Лоулор, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон рафта буд, мегӯяд, ки дар мулоқот бо мақомоти Тоҷикистон гуфтааст, ки бояд онҳо дар самти ҳуқуқи башар корҳои мусбат анҷом бидиҳанд, чун обрӯи ин кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ хеле поин рафтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мишустин аз густариши ҳамкориҳои Русия бо Тоҷикистон гуфт

Михаил Мишустин, сарвазири Русия дар суҳбат бо ҳамтои тоҷикаш...

Трамп расман ба даст доштан дар ҷинояти нав муттаҳам шуд

Доналд Трамп, собиқ раисҷумҳури Амрико аз сӯи Вазорати додгустарии ин кишвар дар парвандаи нигаҳдории асноди маҳрамонаи давлатӣ пас аз поёни давраи президентияш муттаҳам мешавад.

Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо Додситони кулли Туркия

Ашрафҷон Гулов, домоди Эмомалӣ Раҳмон ва сафири Тоҷикистон дар Туркия, 8-уми июни соли ҷорӣ бо Додситони кулли Туркия Бекир Шоҳин мулоқот карда, ба густариши ҳамкориҳо таъкид кард.

Ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ бо ҳузури Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.