Дар остонаи даҳумин солгарди боздошти раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қарор дорем ва дақиқан даҳ сол пеш дар ҳамин рӯз раҳбарони ҲНИТ аз ҷониби мақомот ва маъмурони Эмомалӣ Раҳмон боздошт гаштанд.
Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 16-уми сентябри соли 2015 роҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро боздошт карданд. Аз ҷумла, муовинони раиси ҳизб — Сайидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳаит — ҳамчунин 11 нафари дигар аз аъзои Раёсати олии ин ҳизб бо иттиҳоми «табаддулоти давлатӣ» дастгир шуданд. Аммо ҲНИТ ин иттиҳомро рад карда, онро беасос меномад.
Ин боздоштҳо дар пайи шӯриши нокоми Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифои Тоҷикистон, ки шаби 4-уми сентябр сурат гирифт ва рӯзи 15-уми сентябр комилан саркӯб гашт, оғоз шуд. Ҳукумат ҲНИТ-ро дар ҳамдастӣ бо Ҳоҷӣ Ҳалим муттаҳам медонад, вале масъулини ин ҳизб ҳар гуна ҳамкорӣ ё даст доштанро рад карданд ва баёнияе дар маҳкумияти он шӯриш низ нашр намуданд. Аммо он баёнияҳо монеи боздошти раҳбарони ҲНИТ нагашт, балки Додситони кулли Тоҷикистон ин ҳизбро террористӣ эълон намуд ва фаъолияташро манъ кард ва раҳбаронашро ба солҳои тӯлонӣ ва ҳатто ҳабси абад маҳкумнамуда, равонаи зиндон кард.
Боздоштҳо ба ҳамин 13 нафар аз аъзои РО ҲНИТ хотима наёфт ва ин тоза оғози корзоре буд барои саркӯби саросарии пайравону фаъолони ин ҳизб дар дохили марзҳои Тоҷикистон ва берун аз он.
Дар идомаи саркӯбҳо садҳо нафар аз раҳбарон, аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ дар дохили Тоҷикистон боздошт гаштанд ва бисёриҳо низ дар Русия ва дигар кишварҳо ба шумули Наимҷон Самиев ва дигарон боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуданд.
Ба ибораи дигар, ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳама абзорҳо ва имконоти молӣ, дипломатӣ ва қудратии ҳукумат корзори саркӯби мухолифинашро шуруъ кард. Дар дохили Тоҷикистон бошад, боздошт, зиндон, мусодираи амвол, ихроҷ аз корҳои давлатӣ, тавҳину таҳқири пайвандони зиндониён ва баргузории тазоҳурот дар назди хонаҳояшон; дар хориҷ бошад, бо истифода аз Интерпол ва дигар абзорҳо пайгард ва таъқиби мухолифин дар кишварҳои собиқ шӯравӣ, Эрон, Туркия ва то ҷое пеш рафт, ки ҳатто кишварҳои аврупоиро низ барои мухолифинаш танг сохт. Дар идомаи ин саркӯбҳо, бисёре аз мухолифин ҳатто аз Аврупо низ ба Тоҷикистон истирдод гаштанд ва дар Тоҷикистон барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ бо шумули СММ, Иттиҳоди Аврупо ва САҲА боздошти раҳбарони ҲНИТ-ро маҳкум карданд ва хоҳони раҳоии боздоштшудагон гаштанд. Вале ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар вокуниш ба ин даъватҳо вакилони дифои раҳбарони зиндонии ҲНИТ Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамовро низ бо иттиҳомҳои беасос ва бофта боздошт ва сипас барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард.
Аз замони боздошти раҳбарони ҲНИТ дар Тоҷикистон, ки 16-уми сентябри соли 2015 сурат гирифт, то замони эълони ҳукмашон дар додгоҳ беш аз 9 моҳ тӯл кашид ва Додгоҳи олӣ пушти дарҳои баста рӯзи 2-юми июни соли 2016 ҳукми онҳоро содир намуд.
Дар натиҷа, Додгоҳи олии Тоҷикистон 2-юми июни соли 2016 ду муовини раиси ҲНИТ Сайидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳаитро ба ҳабси абад, Раҳматулло Раҷаб, Абдуқаҳҳори Давлат, Қиёмиддини Аваз ва Саттор Каримовро ба 28 сол, Зубайдуллоҳи Розиқро ба 25 сол, Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммадро ба 23 сол, Саъдиддини Рустам ва Воҳидхони Қосиддинро ба 20 сол, Ҳикматулло Сайфуллозодаро ба 16 сол, Муҳаммадшариф Набиев ва Абдусамад Ғайратовро ба 14 сол ва ниҳоят, ягона зан миёни онҳо Зарафо Раҳмониро ба 2 сол зиндон маҳкум кард.
Аз 13 нафар аз раҳбарони зиндонии ҲНИТ феълан 10 нафари онҳо дар зиндон ҳастанд. Танҳо Зарафо Раҳмонӣ дар озодӣ қарор дорад. Сатторов Карим, маъруф ба Маҳсуми Саттор, яке аз раҳбарони зиндонии ҲНИТ, моҳи майи соли 2019 дар пайи шӯриш дар зиндони Ваҳдат ба тарзи мармуз ба қатл расонида шуд ва яке дигар аз раҳбарони зиндонии ин ҳизб, Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, маъруф ба “Қозии Наҳзат”, моҳи июли соли 2024 дар асари бемории тӯлонӣ дар зиндон вафот кард.
Дар остонаи даҳумин солгарди боздошти раҳбарони ҲНИТ мо суҳбате оростем бо коршиноси ҳуқуқи байналмилалӣ Стив Свердлов, намояндаи Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия дар Осиёи Марказӣ Мариюс Фоссум, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ва Шуҳрати Раҳматулло ва Ҳисом Зубайдуллозода — фарзандони зиндониёни сиёсӣ. Биёед бо ҳам назари онҳоро дар бораи он чи, ки дар ин 10 сол гузашт ва ояндаи сарнавишти зиндониёни сиёсиро бишнавем.
Azda.tv аз фарзандони маҳбусони сиёсӣ пурсид, ки 10 сол аз боздошт ва зиндонӣ шудани падаронатон сипарӣ гашт ва бо гузашти 10 сол оё умеде ба озодияшон доред? Агар доред, фикр мекунед чӣ гуна озод хоҳанд гашт, зери фишорҳои байналмилалӣ ё умед ба марҳамат ва бахшиши Эмомалӣ Раҳмон?
Шуҳрати Раҳматулло, писари маҳбуси сиёсӣ Раҳматуллои Раҷаб дар суҳбат бо мо гуфт, ки умед аз Худо дорад, ки падараш озод мешавад. Ба гуфтаи ӯ, интизори бахшиш ва ё афви ҷониби мақомот нест, зеро падари ӯ бегуноҳ аст ва бояд бе ягон шарт озод карда шавад.
Шуҳрат инчунин нақши созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷиро дар озод намудани маҳбусони сиёсӣ муҳим дониста, мегӯяд ки бояд онҳо барои озодсозии зиндониёни сиёсӣ фишор болои мақомоти Тоҷикистонро зиёд кунанд.
Ҳисомиддин Розиқов, писари бузургсолтарин маҳбуси сиёсӣ Зубайдуллоҳи Розиқ, низ умед ба озодии падари 80 солааш дорад. Ба гуфтаи ӯ, падараш чанд вақти охир сахт бемор аст ва дар бемористони маҳбаси Ваҳдат табобат мегираду каме саломатияш беҳтар шудааст.
Ҳисомиддин умед дорад, ки мақомот вазъи салотӣ ва синни падарашро ба инобат гирифта, ӯро озод мекунанд.
Ҳамзамон писари Зубайдуллоҳи Розиқ аз собиқ ҳаммаслакони падари худ, ки дар муҳоҷират ҳастанд, изҳори нороҳатӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, бисёре аз онҳо аз ҳоли падари ӯро намепурсанд.
Дар идома Azda.tv аз Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ суол кард, ки барои раҳоии зиндониёни ҲНИТ чӣ корҳое анҷом доданд?
Ҷаноби Кабирӣ мегӯяд, ки аз рӯзи аввале, ки раҳбарон ва аъзои ҳизб боздошт шуданд, раҳбарияти дар хориҷбудаи ҲНИТ озод кардани маҳбусони сиёсӣ, сабук кардани муҳлати ҳукм ва беҳтар кардани шароити онҳо дар зиндонҳо яке аз нуқтаҳои меҳвари мубориза буд.
“Парвандаи беш аз 10 маҳбуси сиёсӣ, ки аксарашон узви ҲНИТ ҳастанд ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ рафт, ки ҳиҷ кишвари дигар на танҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ин миқдор парвандаро дар ин кумита надорад… Мо парвандаи ҷиноии Эмомалӣ Раҳмонро ба Додгоҳи байналмилалии Ҳаг бурдем, ки аксари ин парванда дар мабнои парвандаи маҳбусони сиёсии ҲНИТ шакл гирифтааст. Илова бар ин, чандин созмонҳои махсуси маҳбусони сиёсӣ ташкил шуд, ки аксарашон бо ширкати ҷонибдорон ва аъзои ҲНИТ фаъолит доранд.” – таъкид кард раҳбари ҲНИТ.
Дар ҳамин ҳол Стив Свердлов, ҳуқуқшиноси байналмилалӣ бар ин назар аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ сарфи назар аз нақзи зиёди ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон то ҳол фишори кофӣ ба низоми Эмомалӣ Раҳмонро наовардааст.
“Созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон, ба мисли СММ, Кумитаи ҳуқуқи инсон ва Парлумони Аврупо, даҳҳо нақзи ҳуқуқро сабт мекунанд ва мекӯшанд ба он диққати ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб намоянд. Аммо ҳамзамон мо мебинем, ки, масалан, Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро бо низоми Раҳмон идома медиҳад ва ҳар сол дар Душанбе конфронсҳо оид ба масъалаҳои об баргузор мекунад”, — гуфт Свердлов.
Ӯ қайд намуд, ки тафовут байни сухан ва амалҳои ниҳодҳои гуногуни байналмилалӣ ба мақомоти тоҷик паём медиҳад, ки “Раҳмон метавонад бе ҷазо амал кунад”.
Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, ҳатто ИМА таваҷҷуҳи кам ба Осиёи Марказӣ зоҳир мекунад ва абзорҳои мавҷудаи фишор, аз ҷумла таҳримҳо алайҳи шахсони алоҳида, истифода намешаванд.
“Мо маълумоти зиёдеро дар бораи шахсони масъул дар ҳукумати Тоҷикистон, ки дар шиканҷа даст доранд, ба рӯйхати “Магнитский” пешниҳод кардем, аммо ин муроҷиатҳо беҷавоб монданд”, — илова кард Свердлов.
Ӯ ҳамчун аз додани ариза ба Додгҳи байналмилалии ҷиноятӣ дар Гаага ҷонибдорӣ намуда гуфт, парвандаҳои қонуншикании мақомдорони тоҷик ба додгоҳҳои чандин кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Олмон низ бояд супорида шавад.
Намояндаи Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия дар Осиёи Марказӣ Мариус Фоссум дар мавриди боздошти раҳбарони ҲНИТ ва нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфт, ки мутаассифона, дар Аврупо дар бораи ин вазъият хеле кам медонанду мегӯянд.
“Барои сиёсатмадорони аврупоӣ ба ҳолати Белоруссия таваҷҷуҳ кардан осонтар аст. Онҷо ҳамсоя аст ва буҳронҳояш бевосита ба Аврупо таъсир мерасонанд. Тоҷикистон бошад дур аст ва аз ин рӯ сарфи назар кардан аз фоҷиаҳои мардуми он осонтар мегардад. Аммо ин иштибоҳ аст. Рушди Тоҷикистон ва сарнавишти мардуми он барои тамоми минтақа аҳамияти бузург дорад ва Аврупо бояд инро дарк кунад” – таъкид мекунад Ҷаноби Фоссум.
Инчунин ӯ мегӯяд, ки созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ қарорҳо ва изҳоротҳои зиёде қабул кардаанд, вале онҳо бештар дар сатҳи мухан боқӣ монданд ва барои он ки таъсир дошта бошанд, зарур аст таҳримҳои шахсӣ алайҳи мансабдорони баландпояи Тоҷикистон ҷорӣ шаванд, онҳое, ки барои фишорҳо ва нақзи ҳуқуқи инсон масъуланд, аз ҷумла барои ҳодисаҳои фоҷиавӣ дар Бадахшон. Ба гуфтаи ӯ “ин роҳ дароз аст, вале танҳо ҳамин гуна метавон ба тағйирот ноил шуд”.
Ҳамзамон Муҳиддин Кабирӣ дар муроҷиате ба маҳбуси сиёсӣ онҳоро қаҳрамони зинда номида гуфт, ки “Ҳама маҳбусони сиёсӣ мутмаин бошанд, ки бародарону хоҳарон ва фарзандони онҳо, инчунин ҳама нафароне, ки дилашон барои миллат ва зиндониҳо метапад ҳамеша дар фикри онҳо ҳастанд ва тамоми талошҳои худро карда истодаанд, то ин ки ҳатто як рӯз ҳам бошад зудтар онҳоро аз ин мусибат озод кунанд.
Раҳбари ҲНИТ дар идомаи паёмаш гуфт, ки имкониятҳои муборизин маҳдуд аст ва худро дар назди маҳбусон як кам хиҷолатзада медонанд, чун натавонистанд дар ин 10 сол аз ғаму дарди онҳо камтар кунанд. Вале ӯ бар ин бовар аст, ки маҳбусони сиёсӣ, ки аксарашон ин роҳро қабл аз ҳама огоҳона интихоб кардаанд ва устоди ин роҳ ҳастанду ба дигарон устоворӣ, сабр ва муборизаро омухтаанд, муборизини дар хориҷбударо дарк мекунанд. Ӯ гуфт, ки зиндониёни сиёсӣ бо он сабру таҳаммул ва устуворие, ки то ин дам аз худ нишон доданд, дар рӯйхати қаҳрамонони ин миллат шомил шудаанд.
Инчунин Муҳиддин Кабирӣ дар идомаи суҳбаташ дар ишора ба пайвандони маҳбусони сиёсӣ ва дигар мухолифону муборизон афзуд, ки мо ҳама бояд як хонавода бошем ва агар дар масъалаҳои сиёсӣ ва шахсӣ баҳсоҳое миёни ҳам дорем, ин табиӣ аст ва аммо бояд дар масъалаи зиндониёни сиёсӣ ҳамчун як хонавода рафтор кунем ва барои онҳо талош кунем.
Кабирӣ гуфт, ки масъалаи зиндониёни сиёсӣ ягона масъалаест, ки мо дар бораи он ихтилофи назар надорем ва мо бо якдигар метавонем ҳамкорӣ кунем ва ҳамкорӣ дар ин росторо вазифаи имонӣ, виҷдонӣ ва сиёсӣ хонд.