Мардум: Ба Раҳмонов бояд ҳукми якумра зиндон диҳанд

Ҳамсари як сокини Данғара, ки баъд аз арақ нушида маст шудани шавҳараш мавриди лату кӯби шадид қарор гирифта буд, дар бемористон ҷони худро аз даст дод.

Акс аз сомонаи Бомдод

Имрӯз, 17-уми ноябри соли 2022, Манижа Достиеваи 27-сола, ҳамсари Шамсиддин Раҳмонов баъд аз панҷ рӯзи беҳӯшӣ дар бемористони марказии ноҳияи Данғара вафот кард. Дар ин бора пойгоҳи хабарии Бомдод иттилоъ додааст.

Ин пойгоҳ ба нақл аз манобеи худ дар бемористони марказии ноҳияи Данғара гуфтааст, ки ин бонуи тоҷик “Соати 09:30 ҷон дод. Мутаассифона, панҷ шабонарӯз талошҳои табибон барои наҷоти Манижа Достиев аз чанголи марг ноком монд ва субҳи 17 ноябр мо ӯро аз даст додем.”  

Бо вуҷуди он, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи ҷузиёти ин ҳодиса дар ноҳияи Данғара дар сомонаи худ иттилоъ надодааст, аммо вокуниши корбарони шабкаҳои иҷтимоӣ нисбат ба ин ҳодиса хеле тезу тунд аст.

Аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо маҳкум кардани ин ҳодиса, на танҳо хостори манъи шаробнӯшӣ, балки сангинтар кардани муҷозоти ин сокини бадмаст, ки сабабгори марги модари 4 фарзандаш шудааст, гардидаанд.

Инчунин чанд нафаре ҳам гуфтаанд, ки дар бемористони ноҳияи Данғара шароит хеле хуб нест ва “агар ба Душанбе меовардан шояд зинда мемонд.”

Гуфта мешавад, Шамсиддин Раҳмонови 31-сола, сокини кӯчаи Гидростроителҳои шаҳраки Данғара бегоҳи 12 ноябри соли 2022 дар ҳолати мастӣ дар хонаи истиқоматиашон бо ҳамсараш Манижа Достиеваи 27-сола ҷанҷол карда ҳамсарашро аввал бо мушту лагат ва сипас бо кунда чанд зарбаи дигар зада аз по афтонда буд. Сипас Манижаро ба бемористон бурданд, ва то дами маргаш ба ҳӯш наомада буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳре, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол додаанд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.