25.9 C
Dushanbe

Дар Алмаато шаҳрвандони Тоҷикистон як ҳамватани худро рабуданд

Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон чанд зодаи Тоҷикистон як ҳамватани худро рабуда, бар ивази озодияш пул талаб кардаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Қазоқистон, дар бораи нопадид шудани як марди 32-солаи тоҷик, як шаҳрванди дигари Тоҷикистон ба пулис хабар дода, гуфтааст, ки рӯзи 13-уми августи соли ҷорӣ дӯсташ ба мулоқот рафта, барнагаштааст.

Дар пайи ин хабар пулис муайян кардааст, ки марди 32-солаи тоҷикро чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистон рабуда ва дар яке аз хонаҳо дар ноҳияи Медеуи Алмаато нигоҳ медоранд.

Ҷанат Нургалиев, сардори шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Раёсати пулиси шаҳри Алмаато ба расонаҳо гуфтааст, ки бо кумаки нерӯҳои вежаи пулис амалиёт барои раҳо намудани ин шаҳрванди Тоҷикистон анҷом шуд ва дар пайи он шаш шаҳрванди Тоҷикистон дастгир гаштанд.

Ба гуфтаи ӯ, ин шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамватани худро латтукӯб карда, ба навор гирифтаанд ва бар ивази раҳоияш 20 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардаанд.

Нисбати ин шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳомӣ одамрабоӣ парванда боз шуда, дар ҳоли ҳозир ҳамаи гумонбарон дар боздошгоҳ қарор доранд.

То ҳанӯз ҷузъиёти ин парванда, назари гумонбарон ва вакилони дифоашон дастраси расонаҳо нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Халиқ Бонк Тоҷикистон” ба “Актив Бонк” табдили ном кард

Бонки миллии Тоҷикистон ба "Актив Бонк" барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дод.

Таркиш: Беш аз 300 кушта ва захмӣ дар Қарбоғи Кӯҳӣ

Бар асари як таркиш дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ зиёда аз 300 нафар кушта ва захмӣ шудааст.

Изҳороти Вазорати корҳои хориҷӣ

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Узбекистон бо нашри "изҳороти матбуотӣ"-и муштарак аз баргузории ҷаласаи як ҳафтаинаи мақомоти ду кишвар хабар доданд.

Пулиси нозири роҳ ронандаро зад

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуда, ки дида мешавад,...