Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд рӯзи 21-уми сентябри соли 2026 бо иштироки раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт ба истифода дода шуд.
Тибқи иттилои сомонаи расмии Президент, сохтмони нерӯгоҳ моҳи ноябри соли 2025 бо ташаббуси ширкати “AYON ENERGY” оғоз шуда, иншоот дар масоҳати 793 гектар ҷойгир аст. Барои пайвастани он ба шабакаи энергетикии кишвар хатти интиқоли барқи 220-киловолта бо дарозии 9,8 километр сохта шуда, дар сохтмон беш аз 500 мутахассиси маҳаллӣ ва чинӣ иштирок кардаанд. Ва пас аз ба истифода додани нерӯгоҳ 40 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.
Мақомот мегӯянд, ин нерӯгоҳ метавонад тақрибан 40 дарсади талаботи вилоятро ба нерӯи барқ таъмин кунад. Аммо дар хабарҳои расмӣ мушаххас нашудааст, ки фаъолияти нерӯгоҳ маҳдудияти барқрасонӣ ба аҳолиро то чӣ андоза коҳиш медиҳад.
Мақомот ҳамчунин аз афзоиши 61-дарсадии истеҳсоли барқ дар минтақа хабар дода, вале дар иттилои нашршуда давраи муқоиса ва тарзи ҳисоб кардани ин нишондиҳанда, шарҳ дода нашудааст.
Бояд гуфт, иқтидори насбшудаи 250 мегаватт маънои тавлиди шабонарӯзии ҳамин миқдор барқро надорад, зеро истеҳсоли нерӯгоҳи офтобӣ ба рӯшноӣ ва шароити обу ҳаво вобаста аст.
Ҳангоми боздид аз Ашт Раҳмон ҳамчунин дастур додааст, ки то соли 2027 дар вилояти Суғд неругоҳҳои иловагии офтобӣ бо иқтидори умумии 700 мегаватт сохта шаванд. Ӯ ба истифода додани низомҳои захирасозии барқ бо ғунҷоиши на камтар аз 200 мегаватт-соатро низ талаб кардааст. Чунин низомҳо барои нигоҳ доштани барқи истеҳсолшуда ва истифодаи он дар соатҳои дигар пешбинӣ мешаванд.
Нерӯгоҳи Ашт бахше аз созишномаи сармоягузориест, ки 13-уми январи соли 2026 байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати “AYON ENERGY” имзо шуд. Созишнома сохтмони ду нерӯгоҳи офтобӣ дар ноҳияҳои Ашт ва Ҷайҳун ҳар кадом бо иқтидори 250 мегаваттро пешбинӣ мекунад. Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 250 миллион доллар эълон шуда, сармоягузор уҳдадор шудааст ҳар ду нерӯгоҳро то поёни соли 2026 ба истифода диҳад.
“AYON ENERGY” дар расонаҳо ҳамчун ширкати тоҷикистонӣ муаррифӣ мешавад. Аммо маълумоти тасдиқшуда дар бораи муассисон ва соҳибони ниҳоии он дар манбаъҳои баррасишуда дастрас нест.
Қаблан тарҳҳои дигари энергетикаи офтобӣ низ эълон шуда буданд. Соли 2024 Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо ширкати чинии “Eging PV Technology” барои татбиқи лоиҳа дар Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” ёддошти тафоҳум имзо карда буд. Арзиши умумии тарҳи чормарҳилаӣ 1,5 миллиард доллар гуфта мешуд. Дар марҳилаи аввал сохтмони нерӯгоҳи 200-мегаваттӣ дар масоҳати 250 гектар бо маблағи 150 миллион доллар пешбинӣ шуда буд. Вазъи кунунии иҷрои ин тарҳ аз маълумоти дастрас рӯшан нест.
Дар баробари тарҳҳои офтобӣ, дар Суғд нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум бо маблағгузории 196 миллион доллар низ навсозӣ шудааст. Бонки аврупоии таҷдид ва рушд моҳи ноябри соли 2025 аз анҷоми лоиҳа хабар дода, дар натиҷа иқтидори нерӯгоҳ аз 126 ба 174 мегаватт расида буд.
Бо вуҷуди сохтмону навсозии нерӯгоҳҳо, норасоии мавсимии барқ солҳои зиёд аз мушкилоти Тоҷикистон буда, ҳатто пас аз оғози кори ду агрегати “Роғун” маҳдудиятҳои барқрасонӣ аз байн нарафтанд.
Ҳамсола мақомот истифодаи барқро маҳдуд мекунанд ва ҳамеша тирамоҳи гарму камбориш ва поин рафтани сатҳи об дар обанборҳо аз сабабҳои норасоӣ номида мешаванд.
