25.9 C
Dushanbe

Дар авҷи баҳси маҳалгароӣ КДАМ вориди амал шуд?

Абдухалил Холиқзода, раҳбари бемористони Ибни Сино дар Тоҷикистон ба хонаводаи афсари кушта шудаи КДАМ ба шарти он, ки ба касе чизе нагӯянд, дар маркази шаҳри Душанбе манзили зистеро туҳфа кардааст.

Дар оғози июни соли ҷорӣ Раҳмоналӣ Мирализода, раҳбари Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо нашри як тақриз дар саҳфаи фейсбукии худ дар бораи китоби тозанашри раҳбари бемористони Ибни Сино Абдухалил Холиқзода бо номи “Ҳаводиси рӯзгори ман” як мавҷи ҷадиде аз маҳалгароиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд овард.

Раҳбари Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар он матлаби худ, муаллифи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро ки бо ду хат ҳам срилик дар Тоҷикистону ва ҳам порсӣ дар Эрон нашр шудааст, ӯро ба маҳалгароӣ, тавҳину таҳқири сокинони минтақаҳои Тоҷикистон ва худбартарбинӣ муттаҳам карда буд.

Ин матлаб дар як муддати кӯтоҳ ба вокунишҳои тунде аз ҷониби хеле аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки худро зодаи минтақаҳои ҷануби Тоҷикистон ва ба хусус минтақаи Кӯлоб медонанд, рӯбарӯ шуд. Асли даъвои ишон он буда, ки муаллифи он китоб бо овардани қиссаи “Нозанин ва Қизилбошӣ” мардуми минтақаи Ховалинги вилояти Хатлонро таҳқир ва таҳвин кардааст. Қиссае, ки Абдухалил Холиқзода онро аз забони генерал Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ки худаш ҳам зодаи Ховалинг аст, нақл кардааст.

Дар ин баҳсҳо бархе мувофиқон ва мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон низ баъзан бо нармӣ ва дар мавридҳои дигар хеле тунд вориди амал шуда, бардоштҳо ва ё иттиҳомоти Раҳмоналӣ Мирализодаро дар ҳаққи Абдухалил Холиқзода дорои ангезаҳои сиёсӣ ба хотири ғасби моликияти ӯ талаққӣ карданд. Иддаъоҳое, ки раҳбари Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанг онҳоро беасос ва худро аз ин иттиҳомот пок медонад.

Дар ин раванд, бархе аз мубаллиғони Ҳукумати Тоҷикистон, ки аксари онҳо зодагони ноҳияҳои ҷанубии Тоҷикистон ва бахусус минтақаи Кӯлоб ҳастанд, ба мисли Саъдӣ Маҳдӣ, Сайёф Мизроб, Абдуқодир Талбаков, Мирзоалӣ Миарлиев ва дигарон ва аз ҷониби дигар бархе аз зодагони минтақаи Зарафшону Хатлон, ба мисли шоир Исфандиёри Назар, тоҷир Шамс Саид, рӯзномагирон Додоҷон Атовуллоев, Исфандиёри Одина, Дорюши Раҷабиён ва дигарон, ки аксарашон дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебаранд, ва бардошти онҳо аз мутолеаи он китоб ба гунаи дигар аст, низ вориди баҳсҳои тезу тунде шудаанд…

Бо вуҷуди ин ҳама баҳсҳо, муаллифи китоб, ки худ зодаи Зарафшон асту ба қавли худаш дӯстони азизаш ба мисли Саймумин Ятимов, Риси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зодагони минтақаи Кӯлоб мебошанд, дар зарфи чанд рӯзи ахир ба сурати расмӣ ба ин баҳсҳо ворид нашуда буданд.

Аммо имрӯз, хонум Малоҳати Саидҷафар, ҳамсари Комрон Раҷабзода, собиқ сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, ки моҳе пеш дар ноҳияи Дарвоз ба қатл расид, бо нашри як матлаб дар ҳимоят аз раҳбари бемористони Ибни Сино мегӯяд, пас аз қатли ҳамсараш Абдухалил Холиқзода ба хонаи иҷораи онҳо рафта, арзи тасалият карда ва як хонаи се ҳуҷрагӣ дар маркази пойтахт ба онҳо туҳфа кардааст.

Хонум Малоҳати Саидҷафар, ки худро зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ медонад, таъкид карда, ки ҳар чанд муаллифи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” пеш аз тақдими туҳфа шарт гузошта буд, ки дар бораи ин хайр ба касе чизе нагӯянд, чун “имрӯз ман бо чор фарзандам, дар ин хона, ки бо тамоми ҷиҳози барои зиндагӣ зарурӣ муҷаҳҳаз буда, дар маркази шаҳри Душанбе қарор дорад, зиндагӣ мекунем. Вале шарти акаи Абдухалилро шикастам. Ба хотири он ки нишон диҳам ӯ кист ва онҳое, ки ҷонибаш санги бухлу ҳасад мепартоянд, дар асл кистанд.”

Гуфтанист, ин матбали хонум Малоҳатро хелеҳо аз ҷумла бархе аз фейкҳои мансуб ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳам дар саҳфаҳои худ бознашр карданд ва инро метавон ба сурати ғайрирасмӣ ворид шудани КДАМ ва дигар мақомоти интизомӣ ба ин баҳс арзёбӣ кард. Баҳсе, ки алангаи оташи он ҳанӯз шуълавар асту то рафт густараи доманаи он васеътар мешавад. Акнун баъд аз ворид шудани пойи КДАМ ба ин баҳсҳо охири он то куҷо мерасад, вақт муайян мекунад.

PS: Бинои асосии бемористони Ибни Синои Тоҷикистон дар қалби пойтахт, шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Ва бино ба маълумоти дарёфтӣ, ҳудуди 70 дарсад саҳмияҳои он моли сармоягузорони эронӣ ва 30 дарсади ахир ҳам аз сармоягузорони тоҷикистонӣ, бахусус Абдухалил Холиқзода ва раиси КДАМ Саймумин Ятимов дониста мешавад. Ва ба гуфтаи раҳбари созмони Ватандор: “Бемористони Ибни Сино, бо шаҳодати мутахассисон, яке аз беҳтарин шифохонаҳои Тоҷикистон аст, ки ба ҳама меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ аст. Худи бинои он дар маркази пойтахт, хидматгузории он бо ҷалби пизишкони номвари Эрон ва кишварҳои дигар рашки ҳамшаҳриёни Нозанини таҷовузшударо меоварад. Гарчанде соҳиби он аз тарафдорони ҳукумат аст, «география»-аш рост намегирад.

Қизилбошӣ ва Нозанин танҳо баҳона ва замина оростан асту бас барои ба «худиҳо» додани ин сайди тайёр. Аз нашри китоб се моҳ гузашт, ҳама ҷо «гул» буд. Ҷӯгиҳо ҳам дар паи хӯрдану ридану талбидану таҷовуз буданд. Ҳоло чаро?!…”

АМРУЛЛОҲИ НИЗОМ

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Таркиш: Беш аз 300 кушта ва захмӣ дар Қарбоғи Кӯҳӣ

Бар асари як таркиш дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ зиёда аз 300 нафар кушта ва захмӣ шудааст.

Изҳороти Вазорати корҳои хориҷӣ

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Узбекистон бо нашри "изҳороти матбуотӣ"-и муштарак аз баргузории ҷаласаи як ҳафтаинаи мақомоти ду кишвар хабар доданд.

Пулиси нозири роҳ ронандаро зад

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуда, ки дида мешавад,...

Тазоҳуроти мухолифон дар Олмон алайҳи сафари Раҳмон ба ин кишвар

Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" эълон кардааст, ки рӯзи 28-уми сентябр дар шаҳри Берлини Олмон алайҳи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар гирдиҳамоии эътирозӣ барпо хоҳанд кард.