33.9 C
Dushanbe

Дар Белорус як тоҷик низ дар рӯйхати таҳримшудаҳои Иттиҳоди Аврупо ворид карда шуд

Акс: censor.net

Бритониёи Кабир ва Канада бархе аз намояндагони Ҳукумати Белорусияро барои нақз кардани ҳуқуқи башар ва истифодаи зургарӣ ба эътирозгарон   таҳрим кардаанд, ки дар раъси таҳримҳо Александр Лукашенко президенти эътироф нашудаи ин кишвар аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад.

Дар рӯйхате, ки давлати Канада таҳрим кардааст, 11 нафарро дар бар мегирад ва аз Британиё шомилӣ 8 нафар аст, ки номи як тоҷик низ дар ин таҳрим зикр гардидааст. Атобеков Ҳазалбек Бахтибекович тоҷикест, ки дар баробари Лукашенко дар рӯйхати шахсони мавриди таҳрими Бритониё қарор гирифтааст.

Акс: belnovosti.by

Бино ба маълумоте, ки дар Википедия – Атобеков дар он саҳифа дорад – навишта шудааст, ӯ рутбаи сарҳанг (полковник) дошта, аз соли 2018 ҳамчун муовини фармондеҳи нерӯҳои дохилии Белорус фаъолият доштааст. Ҳамчунин тибқи маълумоти Википедия аз соли 2012 Атобековро Иттиҳодияи Аврупо низ таҳрим кардааст.

Дар шарҳи ҳоли Атобеков омадааст, ки ӯ тоҷик аст ва соли 1990 Омӯзишгоҳи олии ҳарбиву сиёсии Минскро хатм кардааст. То соли 2009 дар симатҳои гуногуни нерӯҳои дохилии Белорус хидмат кардааст.

Аз соли 2009 то 2012 фармондеҳи яке аз зербахшҳои муҳим – Бригадаи 3-юми таъиноти вижаи нерӯҳои дохилии ВКД ва баъдан муовини сардори раёсати омодагии низомӣ ва фаврии Сарраёсати фармондеҳии нерӯҳои дохилии ВКД Белорус кор кардааст.

Атобеков пас аз пароканда кардани эътирозгарон дар моҳи декабри соли 2010  дар Минск ба далели фармони “нерӯҳои аз ҳад зиёд” дар рӯйхати таҳримшудаҳои давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ворид гардид, ки дигар наметавонад ба қаламрави ин давлатҳо сафар кунад.

Аз 22 майи 2018 Атобеков Ҳазалбек ба ҳайси муовини фармондеҳи неруҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Белорус фаъолият дорад. Моҳи август соли равон  аз сӯйи Александр Лукашенко дар пасманзари муқовиматҳои шаҳрвандӣ ба медали дараҷаи 5 “Барои хидмати бенуқсон” қадрдонӣ шудааст.

Бархе расонаҳои Белорусия навиштаанд, ки Атобеков ҳамсари белорусӣ ва аз он се фарзанд дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Гурӯҳе аз имомони мусалмони кишварҳои ғарбӣ ба Исроил сафар карданд

Субҳи 7-уми июл, Президенти Исроил Исаак Ҳерсог дар қароргоҳаш бо як гурӯҳ аз имомон ва намояндагони ҷомеаҳои мусалмонӣ аз Фаронса, Белгия, Нидерланд, Италия ва Британияи Кабир дидору гуфтугӯ намудааст.

Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро аз листи террористон хориҷ кард

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро, расман аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кард.

Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон омад

8-уми июли соли 2025 Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо даъвати раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе омад.

Дар Маскав беш аз 500 муҳоҷирро ба шуъбаҳои пулис бурдаанд

Мақомоти Русия дар шаҳри Маскав барои ошкор кардани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ "рейд" гузарондааст.