9.9 C
Dushanbe

Дар бузургроҳҳои Тоҷикистон чанд мошин зери санг монд

Дар ҳафтаи гузашта ба далели боришоти шадид дар минтақаҳои мухталифи кишвар ҳодисаҳои зиёновар, аз ҷумла резиши кӯҳпора ва санг рух дода, харобиҳоеро ба бор овардааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, давоми рӯзҳои 28-уми март то 1-уми апрели соли 2025 дар баъзе минтақаҳои кишвар бар асари боришоти шадид, омадани сел, резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ ва ба болои бинои истиқоматӣ афтодани дарахт ба қайд гирифта шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, баъд аз зуҳри 31-уми марти соли ҷорӣ дар километри 25-уми роҳи мошингарди Левакант-Данғара резиши санг рух дод, ки бар асари ин ҳодиса ду мошини сабукрав зарар диданд ва яке аз мусофирони ин мошинҳо ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхонаи шаҳри Леваканд бистарӣ шудааст.

Ҳамин тавр зуҳри 27-уми март дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Ванҷ-Хоруғ дар наздикии ҷамоати деҳоти Водхуди ноҳияи Ванҷи ВМКБ низ резиши рег ва санг ва осеб дидани мошинҳо гаштааст.

Ин ниҳод мегӯяд, боришоти шадиди ҳафтаи ахир ва омадани сел низ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳи вилояти Суғд беш аз 20 сар чорвои хурдро нобуд кард.

КҲФ ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки эҳтимоли вуқуи ҳодисаҳои мушобеҳ дар рӯзҳои оянда вуҷуд дорад ва таъкид карда, ки қоидаҳои бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сайругашт дар кӯҳҳо, ҷамъоварии ҳезум, шикор, моҳидорӣ ва ғайра худдорӣ кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боз як тоҷики дигар дар доираи парвандаи “Крокус” маҳкум ба зиндон шуд

Як шаҳрванди Тоҷикистонро дар Русия бо иттиҳоми сафедкунии ҳамлаи террористии ба "Крокус Сити Холл» равонаи зиндон карданд.

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми СММ барои ҳуқуқи занон

Дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба вазъи занон дар шаҳри Ню-Йорк намояндагони Тоҷикистон иштирок карданд.

Амрико барои хариди нефти Русия ба кишварҳо иҷозат дод

Амрико бо судури иҷозати муваққатии 30-рӯза ба кишварҳо имкон дод, ки нефти таҳримшудаи Русияро харидорӣ кунанд.

Беш аз 170 миллиард рубл даромад аз ҳисоби патенти муҳоҷирон

Дар соли 2025 шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия бо патент кор мекунанд, ба буҷети ин кишвар 172 миллиард рубл даромад ворид карданд.