24.9 C
Dushanbe

Сабти 41 ҳолати тармафароӣ дар як рӯз дар Тоҷикистон

Дар як шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 41 ҳолати лағзиши тарма ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ дода, ки “21 – уми феврали соли равон дар қаламрави кишвар 41 ҳодисаи лағзиши тарма ва як ҳодисаи омадани сел ба қайд гирифта шуд.”

КҲФ ҳамчунин навишта, ки “танҳо дар ҳудуди роҳҳои байнидеҳавии ноҳияи Рӯшони ВМКБ 38 тарма омад.”

Мақомот сабаби зиёд фаромадани тармаро дар ҳудуди кишвар, дар гарм шудани ҳаво медонанд, ки ба гуфтаи онҳо, ин ҳолат “боиси об шудани барфҳо ва афзудани шумори зиёди тарма мешавад.”

“21 феврали соли 2023 тахминан соати 10:22 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километри 426 роҳи мошингарди Дарвоз – Ванҷ – Хоруғ, дар наздикии Бедараи ҷамоати деҳоти Водхуди ноҳияи Ванҷ лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.”, омадааст дар иттилоияи КҲФ.

Тибқи иттилои КҲФ, хушбахтона, дар ин ҳолатҳои лағзиши тармаву омадани селҳо дар Тоҷикистон ҳеч талафоти ҷониву хисороати дигар ба қайд гирифта нашудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Танишҳои дипломатӣ байни Русия ва Озарбойҷон

Дар пайи боздошти даҳҳо озарбойҷонӣ дар шаҳри Екатеринбург, байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон танишҳои шадиди дипломатӣ ба миён омадааст.

130 млн доллари Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Фонди Рушди Арабистони Саудӣ Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот кардааст.

Ихроҷи густардаи афғонҳо аз Эрон

Мақомоти эронӣ пас аз ҷанги 12-рӯза бо Исроил ихроҷи густардаи муҳоҷирони афғонистониро рӯи даст гирифтаанд.

Ҳушдор! Ба Белорус сафар накунед!

Он муҳоҷирони тоҷикистоние, ки аз Русия бо сабабҳое ихроҷ ва мамнуъулвуруд шудаанд, ба Белорус ҳам сафар карда наметавонанд.