1.9 C
Dushanbe

Дар як таркише дар Арабистони Саудӣ, 4 нафар маҷрӯҳ шудаанд

Сурат: Twitter-Clarencewoman

Хабаргузории Ал-Ҷазира аз қавли Вазорати корҳои хориҷии Фаронса хабар медиҳад, ки имрӯз, чаҳоршанбе ҳангоми маросими ёдбуди хотимаи Ҷанги якуми ҷаҳон, дар як қабристони ғайримусалмонон дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ таркиш ба амал омада, дар паи ин ҳамла чанд нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ёдбуди хотимаи Ҷанги якуми ҷаҳон ба 11 ноябр рост меояд.

Вазорати корҳои хориҷии Фаронса гуфта, ки ҳангоми таҷлил аз солгарди хатми Ҷанги якуми ҷаҳон дар қабристони ғайримусалмонон дар Ҷидда, консули ин кишвар бо чанд дипломати дигар ширкат доштаанд. Ин қабристон субҳи имрӯз ҳадафи ҳамла қарор гирифта, бар сари таркиш чанд тан ҷароҳат бардоштааст.

Хабарнигори Ал-Ҷазира дар Париж гуфт, ки вазорати умури хориҷаи Фаронса ишора карда, ки ҳангоми таркиш бо норинҷаки дастӣ, ки аз пушти девори атрофи қабристон партофта шуда буд, ҳадди аққал ду нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин маросим дар баробари консули Фаросна як қатор консулҳои хориҷӣ аз кишварҳои дигар низ, ҳузур доштаанд.

Париж ин ҳамларо маҳкум карда онро “ҳамлаи ноҷавнмардона, ки ба ҳеҷ ваҷҳ тавҷеҳ намешавад”, унвон кардааст. Ҳамзамон аз мақомоти Арабистони Саудӣ даъват кардаанд, ки ба ин ҳамла ҳарчи бештар равшанӣ андозанд ва ҷинояткоронро муайян кунанд. То ҳол аз ҷониби Арабистони Саудӣ дар бораи ин ҳодиса изҳори назаре нашудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

НБО “Роғун” ё гови ҷӯшоии Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо оилааш лоиҳаи дорои аҳамияти миллиро ба сарчашмаи оддии ғорати сарвати миллат табдил додааст.

Нигоҳе ба вазъи иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2024

Мушкилоти муҳоҷирон дар кишварҳои ИДМ, таварруми пули миллӣ ва таъсири он  дар иқтисоди кишвар аз ҷумлаи чолишҳои бузурги соли 2024 буд.

Боздоштҳои сиёсӣ ва истирдоди шаҳрвандон аз хориҷ ба кишвар дар соли 2024

Боздошти чеҳраҳои сиёсӣ ва истирдоди шаҳрвандон аз хориҷ ба Тоҷикистон аз хабарҳои муҳиме буд, ки соли 2024 дар титри расонаҳои дохил ва хориҷ қарор гирифт.

Радиои Озодӣ соҳибони Net Solutions-ро дар Тоҷикистон ошкор кард

Санадҳои ёфтаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нишон медиҳанд, ки...