Шоми 28-уми июли соли 2022 дар хобгоҳе дар кӯчаи Алма-Атинская, ҷануби Маскав сӯхтор ба амал омад. Дар натиҷаи ин ҳодиса 8 муҳоҷири меҳнатӣ ба ҳалокат расиданд.
Ба гузориши хабаргузории ТАСС, то ҳол маълум нест муҳоҷирони ҳалокшуда шаҳрвандони кадом кишвар будаанд. Аммо, ба гуфтаи манбаъ, муайян кардани ҳувияти онҳо идома дорад.
Дар шарҳи ин қазия гуфта мешавад, сӯхтор дар ҳудуди 100 метри мураббаъ дар ошёнаи якуми хобгоҳе, ки дар кӯчаи Алма-Атинская, хонаи 7, бинои 2 ҷойгир буд, рух додааст.
Ба иттилои як манбаъ аз Хадамоти таъҷилӣ, “дар ин ҳодиса ҳашт нафар ба ҳалокат расиданд, ки ҳамаи фавтидагон муҳоҷир буда, айни замон шаҳрвандии онҳо муайян карда мешавад. Як нафар наҷот дода шуда, 200 нафари дигарро аз бино берун карданд. Сӯхтор соати 00:47 хомӯш карда шудааст.”
Иллати сӯхтор дар ин хобгоҳро “расиши ноқилҳои барқ” гуфтанд. Низ гуфта мешавад, бо сабаби дер хабардор кардани сӯхторнишонон ва талоши мустақилона барои хомӯш кардани он боиси теъдоди зиёди қурбониҳо шудааст.
Бино ба далели марги одамон дар натиҷаи сӯхтор Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия аз рӯи аломатҳои ҷиноят мувофиқи қисми 3-и моддаи 238-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия (Хизматрасоние, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавоб намедиҳад ва аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё зиёда шахсон шудааст) парвандаи ҷиноӣ боз карда, тафтишотро оғоз кардааст.