Нархи визаи Тоҷикистон дар бозорҳои сиёҳи Афғонистон

Нархи раводиди Тоҷкистон дар бозорҳои сиёҳи Афғонистон ба маблағи то 400 доллар хариду фурӯш дорад.

Шабакаи телевизионии “Тулӯънюс“-и Афғонистон дар гузорише хабар додааст, ки бисёре аз сафоратхонаҳо дар Кобул баста ҳастанд, аммо раводиди кишварҳои ҳамсояро дар Афғонистон метавон дар бозори сиёҳ харидорӣ кард.

Шафӣ Самим, раҳбари як ширкати сайёҳӣ дар Кобул дар сӯҳбат ба Тулӯънюс мегӯяд, танҳо раводиди Покистонро метавон аз намояндагии ин кишвар расман гирфит, вале раводиди боқӣ кишварҳои ҳамсоя дар бозори сиёҳ савдо мешаванд.

Ба гуфтаи Шафӣ, дар бозорҳои сиёҳи Кобул раводиди Покистон то 350 доллар, Тоҷикистон то 400 доллар, Ӯзбекистон то 1350 доллар ва Туркия то 5000 доллар фурӯхта мешаванд.

Қаблан нархи аслии раводиди Покистон 15 доллар, Ҳиндустон 20 доллар, Тоҷикистону Ӯзбекистон 60 доллар ва аз Туркия ба 120 доллар баробар буд.

Ҳамзамон шуморе аз шаҳрвандони Афғонистон бо тасдиқи ин мушкилот ва аз байн рафтани бозори сиёҳи хариду фурӯши раводид аз кишварҳои хориҷӣ, ба хусус ҳамсояҳои Афғонистон даъват кардаанд, ки фаъолияти худро оғоз карда, расман додани раводидро дубора оғоз кунанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки шумори дигаре аз сокинони Афғонистон шикоят кардаанд, ки бо вуҷуди доштани раводид барои онҳо иҷоза намедиҳанд, то ба хориҷ сафар кунанд. “Мардум дар ин ҷо аз як то ду моҳ интизоранд”. Онҳо раводид доранд, аммо намемонанд, ки аз Торхам бигузаранд. “Як Бозори сиёҳ ҷур кардаанд, дусад то сесад доллар мегиранд ва сипас иҷозатнома медиҳанд.”

Гуфта мешавад, то кунун фурӯдгоҳи Кобул кори худро пурра аз сар нагирифта аст ва шумораи одамоне, ки мехоҳанд ба хориҷа раванд, ҳамарӯза меафзояд.

Талоши мо барои гирфтани назари масъулони сафорати Тоҷкистон дар Кобул ва ҳамзамон Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон натиҷа надод. Дар ҳоли дарёфти назари масъулон мо онро низ нашр хоҳем кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия мехоҳад аз соли 2027 кори муҳоҷиронро дар таксӣ маҳдудтар кунад

Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд.

Дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, таъқибро бас кунад ва расонаҳо озод бошанд

Бритониё ва Норвегия дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, фаъолияти озоди журналистонро таъмин карда, таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсиро қатъ кунад.

Ҳамлавари Краков баъди куштани 6 нафар дар беморхона фавтид

Рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, дар маркази шаҳри Кракови Лаҳистон як ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуданд.

Шикояти муштарӣ аз “Душанбе Сити Бонк”: ду соат интизорӣ барои як мушкили хурд

Рӯзи душанбе, 9-уми ноябр, як шаҳрванд дар саҳифаи фейсбукии худ аз сатҳи хидматрасонии "Душанбе Сити Бонк" шикоят кард.