Шоми 23-уми июни соли ҷорӣ, дар фурӯдгоҳи “Шереметево”-и Маскав як шаҳрванди 31-солаи Беларус, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, ба кӯдаки дусолае ҳамла кардааст.
Дар наворҳое, ки дар шабакаҳо нашр шудаанд, дида мешавад, ки ин мард дар минтақаи гирифтани бағоҷ ба кӯдак наздик шуда, ӯро ба боло мебардораду ба замин мепартояд, ки дар натиҷа сари кудак ба замин зада аз ҳуш меравад.
Табибони фурӯдгоҳ ба кӯдак ёрии аввалия расонда, ӯро бо мошини ёрии таъҷилӣ ба маркази клиникии кӯдаконаи “Рошал” бурданд. Табибон дар кӯдак осеби пӯшидаи мағзи сар, контузияи мағзи сар ва шикастани сутунмӯҳра ва устухони косахонаи сар ташхис кардаанд ва ҳоло ӯ дар кома қарор дорад.
Оилае, ки кӯдак ба он тааллуқ дорад, муҳоҷирони афғонанд, ки дар шаҳри Москва зиндагӣ мекунанд. Онҳо аз сафарашон ба Эрон, ки дар он ҷо ба зиёрати хешовандон рафта буданд, бармегаштанд.
Аз гумонбар Владимир В ном бурда мешавад, ӯ баъд аз як моҳ кор дар Қоҳира ба Маскав баргаштааст. Пеш аз ҳодиса, ӯ ҳашишро, ки аз Қоҳира харидорӣ намуда будааст, истеъмол намуда, онро бо се шишаи вискӣ дар фурӯдгоҳ нӯшидааст. Вақти бозпурсӣ ин мард ангезаи амалашро фаъмонда натавонистааст.
Инчунин тафтишот муайян кардааст, ки қаблан Владимир В. дар ватани худ барои муомилоти маводи мухаддир маҳкум ба зиндон шудааст.
Кумитаи тафтишотии вилояти Москав нисбати ин шаҳрванди Беларус бо иттиҳои сӯиқасд ба куштор парвандаи ҷиноӣ боз карда, ӯро ба ҳабси пешакӣ гирифтаанд.