17.9 C
Dushanbe

Дар мурофиаи додгоҳии Бузургмеҳр Ёров чӣ гузашт?

Имрӯз, 14-уми июн дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе марҳилаи дувуми мурофиаи додгоҳии парвандаи чоруми маҳбуси сиёсӣ ва адвокати шинохтаи тоҷик Бузургмеҳр Ёров баргузор гардид. 

Парвандаро додраси шаҳри Ваҳдат баррасӣ дорад ва дирӯз дар нахустин мурофиаи додгоҳӣ шоҳидон пурсида шудаанд. 

Ҷамшед Ёров, раиси “Бунёди Бузургмеҳр” дар суҳбат бо Azda.tv гуфт, ки дар мурофиаи имрӯза Ҳасан Ҳасанов, маҳбусеро, ки иддао дорад, Бузургмеҳр Ёров ӯро фиреб додааст, бо бародараш рӯ ба рӯ кардаанд.

Гуфта мешавад, маҳбус Ҳасанов пойфишорӣ кардааст, ки Бузургмеҳр Ёров бо ваъдаи озодиаш аз маҳбас аз ӯ 42 ҳазору 500 сомонӣ гирифтааст. Адвокати шинохтаи тоҷик чунин муомила бо Ҳасан Ҳасановро рад карда, онро туҳмати навбатӣ номидааст. 

Ба иттилои Ҷамшед Ёров, инчунин дар ин мурофиа Хосият Ёрова, хоҳар ва Заррина Набиева ҳамсари Бузургмеҳр низ ширкат доштаанд.

Пештар аз ин Бузургмеҳр Ёров бо навиштани номае аз тафтишот хоста буд, ки ӯро бо даъвогар Ҳасан Ҳасанов рӯ ба рӯ кунанд ва ба наздиконаш ҳамчун шоҳид иҷозаи ширкат дар рафти муҳокимаро диҳанд. 

Ҷамшед Ёров, раиси “Бунёди Бузургмеҳр” мегӯяд, ки дар мурофиа адвокате ширкат кард, ки мисли додрас аз Ваҳдат оварда шудааст ва онро барои ҳимоя аз Бузургмеҳр Ёров давлат дархост кардааст. 

Ба гуфтаи ӯ, “ҳангоме, ки додрас ба танаффус мебарояд аз онҷо бо адвокат ба толори мурофиа бармегарданд”.

Раиси Бунёди Бузургмеҳр мегӯяд, ки парвандаи нави Бузургмеҳр Ёров беш аз 500 саҳфа дошта, адвокату додрас пойфишорӣ доранд, ки мурофиаҳо тез ба анҷом расанд ва ҳукм эълон шавад. 

Аммо, ба гуфтаи Ҷамшед Ёров, адвокати давлатӣ, ки чанд соат пеш аз мурофиа даъват шудааст, чӣ гуна ва то куҷо дар муддати кӯтоҳ 500 саҳифаи парвандаро хондааст, маълум нест.

Дар мурофиа Бузургмеҳр Ёров низ ба ин нуқта ишора кардааст. 

Ҷамшед Ёров инчунин таъкид кард, ки дар рафти мурофиа ягон исботи воқеии гунаҳкории Бузургмеҳр Ёров дар қаллобӣ ошкор нашудааст ва танҳо хаёлу тасаввуроти муфаттишон дар парванда оварда шудааст.  

Дар ҳамин ҳол Ҷамшед Ёров мегӯяд, “Пас аз он, ки дар расонаҳо хабари оғози мурофиаи додгоҳии нашр мешавад, дар рӯзи дуюм мақомот аз наздикони мо забонхат мегиранд ва таъкид мекунанд, ки мурофиа махфӣ аст ва ҳақ надоред ҷузъиёти онро расонаӣ кунед”. 

Ба гуфтаи Ҷамшед Ёров, “барои баргузор кардани мурофиаи бо моддаи 247, яъне қаллобӣ ба шакли пӯшида ягон асоси воқеӣ вуҷуд надорад. Дар Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ ва дар Қонун дар бораи сири давлатӣ оварда шудааст, ки дар ҳолатҳое мурофиа пӯшида баргузор мегардад, ки дар он ягон маълумоти хусусияти шахсӣ ё шаҳвонӣ ва ё сирри давлатӣ вуҷуд дошта бошад”.

Раиси Бунёди “Бузургмеҳр” мегӯяд, ки парвандаи нави Бузургмеҳр Ёров пурра сохта ва сиёсӣ буда,  мақомот бо пӯшида баргузор кардани мурофиаи додгоҳии бародараш мехоҳанд, ҷиноятҳои муфаттишону додрасҳо ва прокурорро рӯйпӯш кунанд. 

Ёдовар мешавем, ки 24-уми ноябри соли 2022 адвокати тоҷик Бузургмеҳр Ёров аз зиндони шаҳри Ваҳдат барои 2 сол ба зиндони низомаш пӯшида ва пурзӯри маъруф ба “критий”-и шаҳри Душанбе интиқол ёфта буд. 

Баъд аз ин Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ нисбати ӯ парвандаи нав (парвандаи чорум)-ро бо иттиҳоми қаллобӣ боз кард ва то эълони ҳукм ва бо талаби худаш ӯро ба Боздоштгоҳи муваққатии рақами 1 гузарониданд. Бузургмеҳр Ёров бо навиштани нома аз дохили зиндон иттиҳомоти нави мақомотро сохта номид.  

Пайвандони Бузургмеҳр Ёров ин иттиҳоми нави мақомотро сиёсӣ номида, мегӯянд, ки ба мисли дигар парвандаҳои мухолифини режими Эмомалӣ Раҳмонов ва ё фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фазои дурӯғ, пинҳонкорӣ, бо фишору шиканҷа нисбати гумонбарон ва шоҳидону наздикони онҳо сохтаву бофта шудааст.

Ин адвокати шинохта ва маҳбуси сиёсии тоҷик Бузургмеҳр Ёров 28-уми сентябри соли 2015 баъди эълони омодагӣ ба ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ дастгир ва дар ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла қаллобиву сохтакорӣ ва таҳқири Президент айбдор шуд. Бар ин асос додгоҳ ӯро ба 28 соли зиндон маҳкум кард. Худи ӯ ва тарафдоронаш ин иттиҳомотро рад карда, ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

То ҳол кишварҳои ғарбӣ ва чандин созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки Бузургмеҳр Ёровро бидуни қайду шарт аз зиндон раҳо кунанд, вале мақомоти кишвар дар ҳеч маврид дархости ниҳодҳои ҳуқуқиро ба инобат нагирифтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Манъи ҳиҷоб дар мактабу беморҳохонаҳо

Мақомоти тоҷик пас аз қабули тарҳи нави қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” дар мактабу бемористонҳо "рейд" гузаронда, ҳиҷоби занҳоро зӯран мекашанд.

Сарвазирро кӣ ва чаро парронд?

Рӯзи чоршанбе, 4-уми май пас аз як нишасти давлатӣ, ба ҷони Сарвазири Словакия Роберт Фитсо сӯиқасд сурат гирифта, ӯ ба бемористон мунтақил шуд.

Тамдиди муҳлати ҳабси гумонбарони ҳамла ба Крокус

Додгоҳе дар Русия муҳлати ҳабси чор зодаи Тоҷикистонро, ки дар дар ҳамлаи хунин ба “Крокус Сити Ҳолл” гумонбар мебошанд, барои 3 моҳи дигар дароз кард.

“Идгардак”-у пешвози ҳоҷиён ва “либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона” манъ шуд

Дар Тоҷикистон "идгардак"-и кӯдаконро дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбонро манъ карданд.