9.9 C
Dushanbe

Дар паси деворҳои симхорӣ чӣ мегузарад? Зиндонҳои Тоҷикистон ва бозӣ бо тақдири мардум

Дар бораи зиндонҳои Тоҷикистон маълумоти кам дастрас аст. Мақомот кӯшиш мекунанд оид ба вазъияти дохилии ин муассисаҳо шарҳи зиёде надиҳанд. Вале, бо вуҷуди ин, маълумоти мувассақ дар мавриди ин ки дар дохили зиндонҳо чӣ мегузарад ва зиндониён дар чӣ шароите нигаҳ дошта мешаванд, ба берун мебоарояд.

Низоми муассисаҳои ислоҳотии Тоҷикистон на танҳо муассисаҳое ҳастанд, ки он ҷо инсон муҳлати муаяйнеро барои ҷиноятҳои содиркардааш мегузаронад, балки маконҳое ҳисоб мешаванд, ки барои аз ҷомеа ҷудо кардан ва тарсонидани мунтақидон ва мухолифон низ истифода мешаванд.

Имрӯзҳо дар кишвар 18 муассисаи ислоҳотӣ вуҷуд дорад. Аз онҳо, 8 муассисаи ислоҳотии низомашон гуногун, як зиндон барои ноболиғон ва як зиндони занона, 3 маҳбаси маскунӣ (колония-поселение) ва 5 боздоштгоҳи муваққатӣ фаъолият мекунанд.

Аз рӯи маълумоти расмӣ, дар ҳамаи ин муассисаҳои ислоҳотӣ ва боздоштгоҳҳо ҳудуди 15 ҳазор нафар нигоҳ дошта мешаванд. Ҳомиёни ҳуқуқ қайд мекунанд, ки адади зиндонҳо дар кишвар кофӣ нест ва мақомот зиндонҳои нав бино мекунад.

Тавре аз аксҳои моҳвораӣ дида мешавад, дар зиндони Ваҳдат айни ҳол марҳилаи севвуми васеъкунӣ рафта истодааст. Дар 15 соли охир ҳудуди зиндон ва масоҳати умумии ҳуҷраҳо се маротиба бештар шудааст ва ҳоло ин бузургтарин зиндон дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Чунин корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳоҳи ислоҳотии Душанбе ва Бохтар низ ҷараён доранд.

Аз тарафи дигар, сохтмони зиндонҳои нав ба мантиқи режим созгор аст, зеро машинаи саркӯбгари он бо тамоми қувват фаъолият мекунад ва мардумро барои камтарин танқиду эрод таъқиб мекунад. Тасаввур кунед, аз моҳи апрели соли 2018 то майи соли 2025 мақомоти додгоҳӣ зиёда аз 1,5 ҳазор шаҳрванди кишварро танҳо барои “лайкҳо” ва “комментария”-ҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба муҳлатҳои гуногун ба ҳабс маҳкум кардаанд. Дар соли 2024 додгоҳҳои Тоҷикистон ҳатто як ҳукми сафедкунанда ҳам содир накарданд.

Коршиносони СММ, ки соли 2023 аз чанд зиндонҳои Тоҷикистон дидан карданд, дар гузоришҳояшон зикр карданд, ки ҳуҷраҳои зиндонҳо беш аз меъёр серодам буда, ба қоида ва меъёрҳои санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ нестанд, адади ташнобу ҳаммомҳо кофӣ нестанд.

Аз сабаби набудани тозагӣ, сатҳи пасти ёрии тиббӣ, шиканҷаҳои мунтазам сатҳи маргумири зиндониёни тоҷик хеле баланд боқӣ мондааст.

Вале маъмурияти зиндонҳои Тоҷикистон ҳамаи ин мушкилиҳоро ба фоидаи худ истифода мебаранд ва дастрасии зиндониёнро ба шароити муносиб ба як “тиҷорат” табдил додаанд.

Масалан, барои фиристодани маҳкумшуда ба зиндоне, ба маҳалли зисти оилаи ӯ наздик бошад, дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия наздиконаш гӯё дар бозор бошанд, савдо мекунанд, зеро барои ин аз онҳо маблағи муайяне талаб мекунанд. Арзиши он метавонад аз чандсад то чанд ҳазор доллар бошад. Агар маблағи зарурӣ нашавад, маҳбусро ба дуртарин зиндон мефиристанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ ва собиқ зиндониён ҳаҷми маблағҳои ситонидашавандаро ба ду қисми асосӣ – хурд ва бузург тақсим мекунанд.

Маблағҳои хурд барои лавозими зарурӣ ва хидматрасониҳои ҳаррӯза ситонида мешаванд. Масалан, барои расонидани ғизо, либос ва доруворӣ, ки хешовандон меоранд. Дар акси ҳол, метавонанд онро бо баҳонаи рӯйхати чизҳои манъшуда қабул накунанд, ё танҳо қисми хурде аз он ба маҳбус мерасад.

Илова бар ин, дар дохили зиндон нозирон бар ивази маблағе иҷозат медиҳанд, ки зиндониён бо телефонҳои оддӣ ё тавассути видеозанг аз телефонҳои нав бо берун тамос бигиранд.

Ҳамчунин, бар ивази маблағи иловагӣ дар ҳуҷраи васеътар ҷойгир шудан ё чанд бор дар як ҳафта ҳамом кардан мумкин аст. Дар зиндонҳое, ки зиндониён ба фаъолияти корӣ машғуланд, бар ивази маблағи иловагӣ маҳбусро ба гурӯҳе шомил кардан мумкин аст, ки аз корҳои вазнин озод карда шудаанд.

Маблағҳои бузург барои амалҳои низомии масъулони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва маъмурияти зиндонҳо мебошанд. Бештар аз ҳама, аз хешовандон маблағҳои бузург барои кам кардани муҳлати ҷазо ё пурра озод шудан ҳангоми афви миллӣ талаб карда мешавад.

Маъмурият бисёр вақт маълумотномаҳои тиббии қалбакӣ омода мекунанд, то маҳбусро шомили авф намоянд. Арзиши чунин хидматҳо вобаста ба моддаи ҷиноятӣ метавонад аз чанд ҳазор то даҳҳо ҳазор доллар бошад. Дар ин корҳои коррупсионӣ на танҳо кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, балки додситонҳо ва додрасон низ иштирок мекунанд.

Роҳи дигари ситонидани маблағи бузург бо ҷой кардани маҳбус ба утоқи ҷаримавӣ (ШИЗО) мебошад. Маъмурият аз дараҷаи “равғанин” будани фиристодаҳо ва пардохтҳои ғайрирасмӣ хуб медонад, ки хешовандони ҳар маҳбус чӣ қадар имкониятҳои молӣ дорад. Нозирон ба чунин маҳбусон диққати махсуси медиҳанд ва бо хурдтарин баҳона нисбаташон протокол тартиб дода, ба утоқи ҷаримавӣ мефиристанд. Дар он ҷо ӯро шиканҷа мекунанд ва маҷбур месозанд, ки ба хешовандон занг занад, то барои озод кардани ӯ аз утоқи ҷаримавӣ маблағҳои калон пардохт кунанд. Арзиши чунин хидмат аз чанд сад то якуним ҳазор доллар мешаванд.

Инчунин навъи дигари ситонидани маблағ дар шакли “хидмат бар ивази хидмат” вуҷуд дорад. Маъмурият маҳбуси сарватмандеро пайдо карда, ошкоро пешниҳод мекунад, ки ба ивази муносибати хуб ва ҳимоя ба як фонди ғайрирасмии дастгирии кормандони зиндон маблағи муайян пардохт намояд. Чунин маҳбусонро гоҳ-гоҳ вазифадор мекунанд, ки шароити дохили зиндонро беҳтар кунанд, масалан, сохтмони масҷид, ҳаммомхонаҳо, ҳоҷатхонаҳо, ободонии саҳни зиндон ё таъмири ҳуҷраҳоро таъмин намоянд.

Масалан, соли 2019 маъмурияти зиндони Ваҳдат аз соҳибкори маъруф Зайд Саидов, ки ба 29 соли зиндон маҳкум шудааст, талаб кард, ки бинои нави бо ҳаммом ва ҳоҷатхонаҳояш бино кунад.

Дар зиндонҳое, ки зиндониён ба фаъолияти корӣ машғуланд, маъмурият ҳамеша маҳбусонро дар корхонаҳои истеҳсолӣ ба кор маҷбур мекунад. Тавассути миёнаравҳо маъмурият барои истеҳсоли маҳсулоти металлӣ ва чӯбӣ фармоиш мегирад. Ҳамчунин маҳсулоти дар дохили зиндон истеҳсолшуда ғайрирасмӣ фурӯхта мешаванд, аз хишти оддӣ ва блокҳои сементӣ то молҳои истеъмолии ҳаррӯза.

Ба ибораи дигар, зиндонҳои Тоҷикистон барои роҳбарияти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва маъмурияти зиндонҳо манбаи даромади назаррас мебошанд. Ҳукумат низ инро хуб медонад. Бинбар ин, гоҳҳо аз роҳбари Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва муовинонаш талаб мекунад, ки саҳмгоузор бошад, масалан, дар ин ё он ноҳия таъмири роҳро маблағгузорӣ намоянд. Моҳи майи соли 2025 роҳбари Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ Мансур Умаров таъмири як роҳи дохилиноҳиявиро дар зодгоҳаш ноҳияи Фархор маблағгузорӣ кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Паём чӣ паём дошт?

Паёми ғайришаффоф. Стротежии милии рушд тайи се сол такмил мешавад?

Хазонрез – Истеъфои масъулони баландпояи ҲНИТ

Дар рӯзҳои охири соли ҷорӣ ду масъули баландпояи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз сафи ҳизб канор рафтанд.

Собиқ раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон аз зиндон озод шуд

Маҳмадрӯзӣ Искандаров, собиқ раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон ва яке аз мухолифони Эмомалӣ Раҳмон аз зиндон озод шуд.

Таҳримҳои Аврупо бар зидди бонкҳои Тоҷикистон

Интиқоли маблағи муҳоҷирони тоҷик аз Русия тавассути бонкҳо ҳанӯз дучори мушкили ҷиддӣ нашудааст.