Дар Русия 50 муҳоҷири тоҷикро ОМОН лату кӯб кард

Акс аз ВЕСТИ RU

Субҳи 9 сентябр зиёда аз 50 муҳоҷири тоҷикро дар ноҳияи Шербинкаи вилояти Маскав шахсоне, ки ба гуфтаи онҳо “дар тан либоси кормандони дастаи зудамал ё ОМОН-и Русия дошта”, лату кӯб намудаанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои лаҳзаи лату кӯб шудани муҳоҷирони тоҷик нашр шуд, ки дида мешавад, афроди ниқобпӯш муҳоҷиронро аз бинои баландошёна ба саҳни он берун карда, бо чӯбдаст дар пой ва пушти ду муҳоҷир мезананд.

Шӯъбаи пулиси ноҳияи Шербинкаи Маскав гуфтааст, аз ин ҳодиса хабар надорад ва аз муҳоҷирон ҳам дар ин бора шикояте дарёфт накардааст.

Насим Ҷобиров, яке аз муҳоҷироне, ки дар он хобгоҳ будааст, рӯзи 15-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт:

“Соати 5-и субҳи 9-уми сентябр гурӯҳи низомипӯшон вориди хобгоҳ шудаанд, ҳар нафаре, ки сабаби ворид гардидани онҳоро пурсид, лату кӯб кардаанд”.

Ба гуфтаи ӯ, “ҳар касе хоб буд ё бедор, заданд ва фармон доданд, ки ба берун бароем.”

Ба гуфтаи муҳоҷирон, баъдан маълум гардидааст, ки ворид шудани нерӯҳои ОМОН ба хобгоҳи муҳоҷирон барои ҷустуҷӯи маводи мухаддир будааст, баъд аз он ки чизе пайдо нашудааст, муҳоҷиронро раҳо кардаанд.

Як муҳоҷири дигар бо номи Шариф гуфтааст:

“Ягон муҳоҷирро ба ҷое набурданд. Аз саҳни ҳавлӣ ҳамаро раҳо карданд, вале бисёриҳо баргаштанд, ки пулҳояшон аз ҷойи хоб гум шудааст”.

Дар Шӯъбаи навбатдории пулиси ноҳияи Шербинкаи Маскав ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, аз ҳодиса хабар надоранд ва касе ҳам барои таҳқиқ ба онҳо муроҷиат накардааст.

“Агар муроҷиат шавад, ҳатман санҷида мешавад. Мо ягон навори лату кӯбро ҳам надидаем”,- гуфтаанд дар Шӯъбаи пулис.

Дар баробари ин низ сафорати Тоҷикистон дар Русия аз ин ҳодиса изҳори бехабарӣ кардааст.

Видео аз Радиои Озодӣ

Муҳоҷирон гуфтаанд, аз тарси боздошту ихроҷ шудан ба ҳеч ҷой шикоят накардаанд. Ба гуфтаи онҳо ба ҷое шикоят бурдан дар ҳар сурат боз як дарди сари зиёдатӣ ба сарашон бор мешавад.

Ҳолатҳои лату кӯб ва озори муҳоҷирон аз ҷониби пулиси Русия борҳо дар расонаҳо нашр мешавад, вале аз ҷониби мақомоти тоҷик ҳамеша хомӯшиву худбехабарӣ садо медиҳад.

Ба гуфтаи коршиносон дар Русия агар шаҳрванди дигар кишварҳо чунин мавриди озору азият қарор гиранд, Вазорати корҳои хориҷии он кишвар садо баланд мекунад ва ҳатто нотаи эътирозӣ равона мекунад.

Ба гуфтаи ин коршиносон сабаби хомӯшии мақомоти тоҷик ин вобаста будан ба сиёсатҳои Русия аст, ҳамчунин метарсанд, ки айбҳову сирҳояшонро Русия ифшо накунад, ё боз ҳамон мисли боздошти писари собиқ раиси роҳи Тоҷикистон Амонулло Ҳукумов иттифоқ наафтад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Марзи номус: Галустяни “ҚАҲРАМОН” ва Раҷабови “ҶИНОЯТКОР”

Ду таҳқир, ду вокуниш: ҷомеъа якеашро диду вокуниш нишон дод, аммо мақомоти ҳардуяшро нодида гирифтанд ва ҳатто дар таҳқири миллат шарик шуданд.

Дар Русия мехоҳанд аз пули фиристодаи муҳоҷирон андоз ситонанд

Баъзе аз сиёсатмадорон дар Русия пешниҳод кардаанд, ки ҳангоми интиқоли пул аз Русия ба хориҷ то 3 дарсад маблағи иловагӣ ситонида шавад.

СММ: Беш аз 70 дарсади офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба об рабт доранд

Беш аз 70 дарсади офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба об рабт дошта, зиёда аз 80 дарсади хисороти аз офатҳои табиӣ расидаро ташкил медиҳанд.

“Бесавод” ва “неандертал”: Интиқоди Шаҳидӣ аз мунтақидони Галустян

Пас аз сафари Михаил Галустян ба Тоҷикистон ва вокунишҳои тунди ҷомеаи шаҳрвандӣ, Табрез Шаҳидӣ, писари оҳангсоз Толиб Шаҳидӣ аз ӯ ҳимоят карда, мунтақидонро "неандертал" хонд.