26.9 C
Dushanbe

Дар Русия ду муҳоҷири тоҷик захмӣ шудаанд

Нашрияи “МК” Руссия хабар дод, ки дар сохтмони мактаби №1368 дар ҷанубуғарби шаҳри Маскав кӯчаи Академик Понтрягин дар натиҷаи чаппа шудани чӯбҳо ду муҳоҷир аз Тоҷикистон ҷароҳат бардоштаанд.

Нашрия навиштааст, ки муҳоҷирони тоҷик дар ин сохтмон кор мекардаанд, яке 28 сола ва дигарӣ 23 сола будааст.

Гуфта мешавад, ҳангоми кори ин ду муҳоҷи тоҷик тахтаҳои зери пояшон канда мешаванд, ки дар натиҷа ҳардуяшон ба рӯйи замин афтода ҷароҳат мебарадоранд ва онҳоро ба бемористон интиқол медиҳанд.

То ҳол  ҳеҷ маълумоте дар бораи ҳувият ва ҷои истиқомоти ин муҳоҷирон дар Тоҷикистон чизе нашр нашудааст ва инчунин аз вазъи саломатии онҳо хабаре нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ВКД-и Тоҷикистон хостори таҳқиқи латтукӯби донишҷӯён шуд

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо ирсоли барқияе аз мақомоти Русия хостори таҳқиқи латтукӯби донишҷӯён ва "рейд"-и муҳоҷирони тоҷик шудааст.

Вазорат латтукӯби бераҳмонаи сарбозро рад кард, аммо шоҳидон чизи дигар мегӯянд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо нашри изҳороте хабари бераҳмона латтукӯб шудани сарбози қаторӣ Маҷидов Аслиддинро аз ҷониби ҳамхизматонаш беасос номид. 

Истеъфои сармуррабии футбол

Сармураббии дастаи пуровазадори "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода аз мақомаш истеъфо дод.

Ҳалокати як ҷавони тоҷик бар асри раъду барқ

Бар асри боришоти зиёди жола ва зарби раъду барқ дар бархе манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон як нафар ба ҳалок расидааст.