Дар шаш моҳ 87 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шуд

Тибқи омори нави Вазорати корҳои дохилии Русия, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 87 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд.

Гуфта мешавад, ин омор назар ба ҳамин давраи соли гузашта 13 ҳазор нафар бештар аст. Ҳамчунин тоҷикистониҳо дар омори семоҳаи аввали соли ҷорӣ бо беш аз 44 ҳазор нафар аз дигар миллатҳо пешсаф буданд.

Бино ба иттилоиин ниҳод, ҳоло 128 ҳазору 156 нафар аз шаҳрвнадони Тоҷикистон иҷозаи иқомати ин кишварро доранд, ки чанде пас онҳо низ шаҳрвандии Русияро ба даст хоҳанд овард.

Гуфта мешавад, дар гирифтани шаҳрвандии Русия тоҷикистониён мисли солҳои қаблӣ аз дигар миллатҳо пешсафанд. Пас аз он шаҳрвандони Украина дар ҷои дувум қарор доранд, ки шуморашон ба 39 ҳазор расида. Дар мақоми сеюм Арманистон бо 18 ҳазор нафар, сипас Қазоқистон – 13 ҳазору 876 нафар, Қирғизистон – 10 ҳазору 500 нафар, Узбекистон – 9 ҳазору 340 нафар, Озарбойҷон – 7 ҳазору 457 нафар шаҳрвандии ин кишварро ба даст овардаанд.

Вазорати корҳои дохилии Русия бо нашри ин омори нав мегӯяд, соли 2022 дар маҷмуъ қариб 287 ҳазор нафар аз шаҳрвандони хориҷӣ шиносномаи кишварашро ба даст оварданд, аммо дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ аллакай ин омор наздик ба 205 ҳазор нафар расидааст.

Коршиносони тоҷик пешсаф будани шаҳрвандони Тоҷикистонро дар гирифтани шиносномаи Русия нишони дар ҳолати бад қарор доштани иқтисоди Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд.

Як иқтисоддони тоҷик, ки нахост номаш зикр шавад, ба Azda tv гуфт, “Омили аслӣ ва аввалии ин қадар зиёд талош намудани шаҳрвнадони Тоҷикистон барои дарёфти шиносномаи Русия ин вазъи ногувори иқтисоди Тоҷикистон мебошад. Агарчи кишвари мо дар Осиёси Марказӣ аз ҳама хурдтар аст, вале шароити баъди иқтисод мардумро маҷбур сохтааст, ки барои пайдо кардани як луқмаи нони беозор ба ҳар коре розӣ шаванд.“

Ӯ дар идома афзуд, ки “Тоҷикиони мо на танҳо дар Русия барои гирифтани шиноснома дар сафи пешанд, балки дар баробари кишварҳои ҳамсоя шояд мо дар муҳоҷират ба дигар кишварҳо ва фирори мағзҳо аз дохили кишвар пешсаф бошем. Чун, ҳоло дар аксар бемористонҳои Русия тоҷикон ҳатто дар мансабҳои болоӣ кор мекунанд. Ҳамаи ин бармегардад ба авзои ногувори иқтисодӣ дар кишвар ва вуҷуди ришварву муносибати ноҷури ҳукуматдорон бо мардумдар.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ГӮШТИ ДАМИ ТӮП: ЗИНДОНИЁНИ ТОҶИКИ ЗИНДОНҲОИ РУСИЯ, КИ ПУШТУ ПАНОҲЕ НАДОРАНД

Фарзандони тоҷик дар ҷанги бегонаву бемаънии Русия бар зидди Украина ҳамчун гӯшти дами тӯп истифода мешаванд…

Қоидаи нави вуруд ба Қазоқистон: QazETA барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳатмӣ мешавад

Қазоқистон аз тобистони соли 2027 барои аксари шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи электронии вуруд (QazETA)-ро ҳатмӣ мекунад.

Олмон аз сарнавишти Асадулло Бобоев хабар надорад

Чаҳор моҳ пас аз истирдоди Асадулло Бобоев аз Олмон, ҳукумати ин кишвар дар посух ба дархости вакилон гуфтааст, ки дар бораи боздошт ва парвандаи ҷиноятии ӯ дар Тоҷикистон маълумот надорад.

Русия квотаи иқомати муваққатии хориҷиён (РВП)-ро боз кам кард

Ҳукумати Русия квотаи иҷозаи иқомати муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷиро дар соли 2027 то 3010 адад коҳиш дод, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 792 адад, ё тақрибан 21 дарсад камтар аст.