24.9 C
Dushanbe

Сармоягузории беш аз 100 млн сомонӣ барои меҳмонхонаҳо дар соли 2021

Дар ёздаҳ моҳи соли 2021 барои бунёди меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳои нав дар Тоҷикистон ҳудуди 115 миллион сомонӣ сармоягузорӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ин рақам нисбат ба ҳаҷми маблағи дар ҳамин давраи соли 2020 сармоягузоришуда 1,9 маротиба бештар аст.

Дар моҳи сентябри соли 2019 сохтмони 9 меҳмонхона оғоз шуда буд, ки чаҳортои он дараҷаи  “5 ситораӣ” доранд ва бештари ин меҳмонхонаҳо дар шахри Душанбе сохта мешаванд.

Қарор буд, то 30-солагии истиқлолият, яъне то 9-уми сентябри соли гузашта чандтои он ба истифода дода шаванд. Аммо корҳои сохтмонии баъзе аз мехмонхонаҳо мавқуф гузошта шуд. Дар робита ба ин масъала Кумитаи меъморӣ ва сохтмон хабар дод, ки ба таъхир гузоштани сохтмон ба пандемияи коронавирус ва омилҳои он марбут аст.

Дар маҷмуъ, дар лоиҳаҳо бунёди 9 меҳмонхонаи нави замонавӣ бо 630 ҳуҷра пешбинӣ шудааст, ки дар як вақт қабули зиёда аз 1000 нафарро пешбинӣ мекунад.

Ба монанди ин меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон биноҳо зиёданд, ки дар вақташ ба истифода дода намешаванд. Аз ҷумла меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ”-и Ҳасан Асадуллозода, ки 15 сол боз сохтмонаш идома дорад. Дар муддати 15 соли сохтмони ин меҳмонхона, барои он ҳамасола имтиёзҳо дода мешавад, аз ҷумла ҳарсол аз андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз даромад ва боҷи гумрукӣ озод мегардад. Вале маълум нест кай сохтмони ин меҳмонхона кай ба охир мерасад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.