Ба иддаои мақомоти Тоҷикистон суръати интернет дар кишвар боло ва нархаш пойин рафтааст.
Исфандиёри Саъдулло, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон 23-уми июли соли ҷорӣ, зимни нишасти матбуотии ниҳоди зери раҳбарияш ба хабарнигорон гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли 2025 дар кишвар 811 истгоҳи базавӣ насб карда шуд, ки ин рақам панҷ маротиба бештар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Ва то охири соли ҷорӣ боз насби 1000 истгоҳи базавии дигар ба нақша гирифта шудааст.
Инчунин ба гуфтаи сардори хадамот барои вусъат бахшидани фаъолияти бемайлони истгоҳҳои базавӣ ва дастрасӣ ба шабакаи баландсуръати интернет имсол 253,7 километр хати нахи нурӣ кашида шуда, ҳоло дар кишвар 8530,5 километр шоҳроҳҳои хати нахи нурии алоқа амал мекунанд ва кашидани 419 километр хати нахи нурии дигар ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон Хадмоти алоқа дар якҷоягӣ бо шарикони рушд лоиҳаи “Навсозии шабакаҳои магистралии нахи нурии ҶСК «Тоҷиктелеком»”-ро бо дарозии 3459 км ва 9 нуқтаи пайвасти байналмилалӣ бо арзиши 50 млн доллари ИМА-ро таҳрезӣ намудааст.
Тибқи маълумоти Исфандиёри Саъдулло, дар ҷумҳурӣ 8,3 миллион муштарии алоқаи барқӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 7,8 миллион аз хизматрасониҳои мобилӣ истифода мебаранд. Шумораи истифодабарандагони интернет ба 5,1 миллион нафар расид, ки 4,9 миллиони онҳо муштариёни интернети мобилӣ мебошанд. Ин рақам дар муқоиса бо нимсолаи гузашта 600 ҳазор нафар зиёд шудааст.
Бо вуҷуди зиёд шудани муштариён раиси ин ниҳод иддао дорад, ки аз 15 июли соли 2025 суръати минималии интернет дар кишвар ба 15 Мбит/с расида, мақомот ният доранд то охири сол онро ба 30 Мбит/с ва дар се соли оянда то 100 Мбит/с расонда, интернети мобилиро пурра ба стандартҳои 4G ва 5G дар тамоми минтақаҳои кишвар гузаронанд.
Ба гуфтаи ӯ ҳоло дар Душанбе ва Хуҷанд 5G фаъол буда, то 3 соли оянда 80% аҳолӣ бо интернети собит (проводной) фаро гирифта мешаванд.
Исфандиёри Саъдулло мегӯяд, ки дар кишвар арзиши миёнаи интернет бо суръати 1 Мбит/с то 17,63 сомонӣ коҳиш ёфта, нархи миёнаи бастаи интернети мобилӣ бо ҳаҷми 1 ГБ 2,5 сомонӣ ё 0,25 доллари ИМА арзиш додард.
Дар ҳоле ин мақомдори тоҷик аз боло рафтани суръати интернет ва пойин рафтани нархаш мегӯяд, ки чанд соли охир соҳаи алоқа дар кишвар бо мушкили ҷиддие рӯ ба рӯ гашта буд ва сокинон аз арзиши болои интернету алоқа ва суръати пасти он шикоят мекарданд ва ба назар мерасад бо иваз шудани раиси Хадамоти алоқа ин соҳа каме ҳам бошад, пешрафт дорад.
Ёдовар мешавем, ки бо як қарор аз 23-уми январи соли ҷорӣ, Эмомалӣ Раҳмон қудояш Бег Сабурро бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба ин мақом Исфандиёри Саъдуллои 35-сола, ки 10 соли охир муовини аввали раиси “Телерадиоком” буд, таъйин карда буд.
Бег Сабур, ки бо баёнияҳои баҳсбарангезаш борҳо дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст, 14 сол раҳбарии ин ниҳодро бар уҳда дошт.
Мунтақидони ӯ мегӯянд, ки маҳз баъд аз раиси Хадамоти алоқа шудани Бег Сабур ин соҳа дар кишвар аз рушд бозмонд. Ва тарзи идораи ӯ боис гашт, ки Тоҷикистон дар радабандиҳои ҷаҳонӣ дар робита ба сифати интернет ва нархи он дар байни кишварҳои дунё дар поёнтарин зинаҳо қарор бигирад, чун дар фикри беҳбуди ин ниҳод набуд ва дар дафтари корияш бештар ба фурӯши хонаву тиҷорат машғул буд.
Ҳатто раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2022, зимни ироаи паёмаш ба парулмони кишвар аз суръати пасти интенрент дар Тоҷикистон ва нархи гарони он интиқод карда буд.