33.9 C
Dushanbe

Дар Тоҷикистон беш аз 74 ҳазор кӯдак ройгон хатна шуданд

Ба гузориши маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷотимоии аҳолиии Тоҷикистон, давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 74 ҳазору 718 кӯдак дар марказҳои тиббии кишвар ройгон хатна шуданд.

Ин ниҳоди дармонии кишвар мегӯяд, дар саросари ҷумҳурӣ 584 ҳуҷраи “махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон фаъолият дошта, дар онҳо давоми 9 моҳи соли 2022 ба 74 ҳазору 718 нафар кӯдакон амалиёти хатна ба таври ройгон гузаронида шудааст.”

Гуфта мешавад, Ҳукумат аз соли 2017 тибқи Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар кишвар хатнаи кӯдаконро ройгон ба роҳ монд. Ва то он замон ин суннатро бештар табибони халқӣ дар шароити хона анҷом медоданд. Ва дар урфи тоҷикон хатнаи кӯдакон баробар ба тӯйи арусии ҷавонон бо як дабдабаи хос мегузашт. Аммо ҳоло дар аксар манотиқи кишвар аз ин маросим хабаре нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Гурӯҳе аз имомони мусалмони кишварҳои ғарбӣ ба Исроил сафар карданд

Субҳи 7-уми июл, Президенти Исроил Исаак Ҳерсог дар қароргоҳаш бо як гурӯҳ аз имомон ва намояндагони ҷомеаҳои мусалмонӣ аз Фаронса, Белгия, Нидерланд, Италия ва Британияи Кабир дидору гуфтугӯ намудааст.

Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро аз листи террористон хориҷ кард

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро, расман аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кард.

Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон омад

8-уми июли соли 2025 Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо даъвати раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе омад.

Дар Маскав беш аз 500 муҳоҷирро ба шуъбаҳои пулис бурдаанд

Мақомоти Русия дар шаҳри Маскав барои ошкор кардани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ "рейд" гузарондааст.