Дар Тоҷикистон боз лимити барқ ҷорӣ шудааст?

Сокинони деҳаҳои Панҷакент аз ҷорӣ шудани дигарбораи лимити барқ шикоят доранд. Рӯзи 24 декабр соли ҷорӣ сокинони деҳаҳои Навобод, Марғидар, Ғусур ва Рукнобод дар тамоси телефонӣ бо “Аздо ТВ” гуфтанд, ки чанд рӯзи ахир аз соати 8:00- и субҳ то соати 16:30 интиқоли барқ қатъ мегардад.

Ба гуфтаи сокинон дар баъзе деҳаҳо аслан барқ нест. Онҳо мегӯянд, дар байни мардум овоза шудааст, ки аз моҳи январ боз лимити барқ мисли пештара ҷорӣ мешавад. Ин овозаҳо боис шуда, ки мардум ба ҷамъоварӣ ва захираи таппак шуруъ кунанд. Овозаи ҷорӣ шудани дубораи лимити барқ дар манотиқи Тоҷикистон сабаби гароншавии таппак, ҳезум ва ангишт гаштааст.

Сурат: Азия-Плюс

Ба ҳамин монанд ҳамчунин аз баъзе навоҳии вилояти Хатлон низ ба “Аздо тв” хабар доданд, ки лимит як ҳафта боз ҷорист. Баъд аз эълони рафъи лимит танҳо як ҳафта барқ пурра буду халос. Пас аз як ҳафта боз лимитро ҷорӣ кардаанд.

Ҳамзамон имрӯз 25 декабр низ хабар расид, ки дар ВМКБ низ мардум аз ҷорӣ шудани лимит шикоят доранд.

Дар ҳамин ҳол яке аз пайвондони маҳбусон бо шарти зикр нашудани номаш ба “Аздо тв” гуфт, “ҳатто дар зиндонҳои Тоҷикистон лимити барқ дигарбора ҷорӣ шудааст, маҳбусон хӯрокҳои хунук мехӯранд ва дар як шабонарӯз чанд бор барқ қатъ мешавад, ки ин мушкилии маҳбусонро бештар кардааст”.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон моҳҳои ноябр-декабр шаҳрвандон аз ҷорӣ шудани лимити барқ шикоят карда мегуфтанд, ки барқ танҳо бо реҷаи муайянгардида рӯзона аз соати 7:30 то 17:30, шабона аз 22:30 то 5:00 сӯбҳ хомӯш карда мешавад.

Бо вуҷуди шикоятҳои пайдарпай ва сару садоҳои зиёди сокинон, “Барқи тоҷик” расман ҷорӣ гардидани лимитро тасддиқ накард ва ҳамеша намояндагони ин ширкат қатъ гардидани барқро вобаста ба корҳои таъмири истгоҳҳои барқӣ рабт медоданд.

Баъд аз шикояти пайдарпайи сокинон 10 декабр лимит бардошта шуд ва интиқоли доимии он расман шуруъ гардид. Раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишварро ҳушдор дод, ки агар барқро сарфакорона истифода накунанд, зарурати ҷорӣ кардани лимит пеш меояд. Гарчанде, ки захираи имрӯзаи об басанда ҳам бошад.

Ин шикояти сокинон аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ дар ҳоле садо медиҳанд, ки масъулони ширкати “Барқи тоҷик” расман рӯзи 10 декабри соли ҷорӣ аз мардуми кишвар барои қатъ гардидани барқ узр пурсида ва маҳдудиятро пурра бардоштанд. Вале бо ташкили як Ситоди назоратгар барои сарфи нерӯи барқ пайваста таъкид мешуд, ки барқ бояд сарфакорона истифода шавад ва дар акси ҳол боз лимит ҷорӣ мешавад.

Аммо коршиносон дар бораи ташкили ин Ситоди назоратгар ва таҳдиди мардум барои дигарбора ҷорӣ шудани лимити барқ мегӯянд, ки Ситод набояд мардуми оддиро назорат кунад, чун онҳо ҳисобкунанкҳои барқии дуруст доранд ва маблағи барқро сари вақт месупорад. Аммо ин Ситод мебоист барқи корхонаҳову дастгоҳҳои бузурги мансабдорон, хусусан наздикони раисҷумҳурро назорат мекард, ки чӣ миқдор барқ масраф мекунанд ва то кадом андоза маблағи онро мепардозанд.

Бино ба гуфтаи шоҳидон дар он кӯчае, ки як мансабдори баландпоя ва ё яке аз пайвандони Президент зиндагӣ мекунад, дар ҳама солу моҳ барқ вуҷуд дорад ва лимит ҳечгоҳ ҷорӣ намешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Роғун” ё нерӯгоҳи офтобӣ, ки бо суръат арзон мешавад? Кадоме беҳтар аст? 

Дар ҳоле ки қимати нерӯгоҳ ва барқи офтобиву бодӣ бо суръат арзонтар мешавад ва суръати сохтмони нерӯгоҳи офтобӣ низ бамаротиб тезтар аст, оё месазад ба ҷои “Роғун” дар Тоҷикистони офтобӣ нерӯгоҳи офтобӣ сохта шавад?

Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Душанбе аз таҳримҳои зидди Эрон ҳимоят намекунад

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ гуфт, Душанбе мухолифи таҳримҳои зидди Эрон аст ва чунин маҳдудиятҳоро ба нафъи ҳеҷ кишвар намедонад.

СММ: Дар се соли охир наздик ба шаш миллион муҳоҷири афғон ба ватанашон баргаштаанд

Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) мегӯяд, дар давоми наздик ба се соли охир тақрибан шаш миллион шаҳрванди Афғонистон аз кишварҳои хориҷӣ ба ватанашон баргаштаанд.

Боз марги як сарбоз дар артиш. Чаро касе сабаби маргашро шарҳ намедиҳад?

Солеҳ Файзиеви 19-сола, ки ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафта буд, дар шароити номаълум ба ҳалокат расидааст.