32.9 C
Dushanbe

Дар Тоҷикистон давоми 9 моҳ ҳазорҳо соҳибкор фаъолияти худро қатъ карданд

Бино ба иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ 652 шахсони ҳуқуқӣ (ширкату корхонаҳо) ва ҳудуди 17 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ тиҷорати худро барҳам дода, корхонаҳояшон аз фаъолият бозмондааст.

Дар иттилоияи Агентӣ омадааст, ки 824 соҳибкори инфиродӣ бо шаҳодатнома ва 14,4 ҳазор соҳибкорони инфродӣ, ки тибқи патент кор мекарданд ва инчунин 1,7 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ (ба соҳибкорони инфиродӣ мансубанд) фаъолияти худро қатъ кардаанд.

Дар гузориш гуфта мешавад, то 1 октябри соли равон шумори субъектҳои амалкунандаи хоҷагидорӣ 337 ҳазорро ташкил дода, 35,6 ҳазор шахсони ҳуқуқӣ ва зиёда аз 301 ҳазор – соҳибкорони инфиродиро дар бар мегирад.

Дар муқоиса нисбат ба соли гузашта шумораи умумии субъектҳои амалкунандаи хоҷагидорӣ 2,4% ё худ 7,9 ҳазор зиёд гардидааст.

Дар вилояти Хатлон ҳудуди 29%-и субъектҳои хоҷагидорӣ дар вилояти Суғд беш аз 26%, дар шаҳри Душанбе зиёда аз 24%,  дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳудуди 16% ва дар ВМКБ 5% амал мекунанд.

Коршиносон яке аз сабабҳои қатъ гардидани фаъолияти корхона ва ширкату субеъкҳои хоҷагидориро андозҳои баланд, санҷишҳои аз ҳад зиёди мақомоти назоратӣ ва коррупсияро ба сифати омилҳои асосии монеагузор дар рушди тиҷорат дар Тоҷикистон унвон мекунанд.

Чанде қабл Барномаи рушди СММ дар бораи таъсири пандемия ба вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар Тоҷикистон таҳқиқотеро нашр намуд, ки дар он дар бораи маҳдуд сохтани доираи фаъолияти корхонаҳои хурду миёна аз ҷониби корхонаҳои бузурги давлатӣ сухан мерафт.

Гуфта мешавад, идомаи ин раванд, роҳ ёфтани ширкатҳои начандон бузурги хусусиро ба бозор боздошта, ба фароҳам овардани шароити баробар аз лиҳози рақобатпазирӣ ва дастрасӣ ба захираҳо монеъа эҷод месозад.

Дар таҳқиқот гуфта шуда, ки Ҳукумат тавассути корхонаҳои давлатӣ ба назорат аз болои бахшҳои муҳими стратегӣ, аз қабили шабакаҳои барқу гармидиҳӣ, фулузоти сиёҳу ранга, саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, саноати хӯрокворӣ, сохтмон, нақлиёт, телекоммуникатсия, авиатсия ва ғайра идома медиҳад.

Дар идома муаллифон қайд кардаанд, ки  соли 2019 дар қаламрави кишвар зиёда аз 1,1 ҳазор корхонаҳои давлатӣ амал мекарданд, ки 24 адади онҳо корхонаҳои бузург буда, ҳаҷми дороиҳояшон тақрибан 42% нисбат ба ММД-ро ташкил медод.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.

Эълони ҳукми зиндони сарбозоне, ки наваскаронро латтукӯб карданд

Чанд сарбозе, ки дар як навор навсакаронро бераҳмона латтукӯб мекарданд, ҳамаи онҳо равонаи зиндон шуданд.

Сафорат боздошти муҳоҷирон дар Митиноро шарҳ дод

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ пас аз боздошти беш аз 150 муҳоҷири корӣ, ки дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ бозтоби густарда ёфт, шарҳ дод.