Як идда сокинони кишвар аз навоҳии гуногун ба “Аздо тв” хабар доданд, ки аз ҳоло дар кишвар лимити барқ ҷорӣ шудааст. Гуфта мешавад, дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон бо вуҷуди он ки рӯзона барқ нест, баъзе шабҳо низ пурра хомӯш мегардад, яъне давоми ҳолатҳое шудааст, ки аз 20 соат бештар ҳам бебарқ мемонанд.
Ҳамзамон дар ин бора сомонаи “Фараж” аз қавли сокинони чанд навоҳии кишвар хабар додааст. Вале ширкати “Барқи тоҷик” ҷорӣ гардидани лимити барқро рад кардааст.
Ин дар иҳолест, ки сокинон мегӯянд, танҳо аз аз тарафи субҳ ба муддати 3 соат барқ доранду халос. Як сокини деҳаи дурдасти ноҳияи Панҷ дар суҳбати телефонӣ гуфтааст, шаби гузашта то субҳ, ҳудуди 7 соат барқ надоштанд ва аз соати 8-и саҳар низ то кунун барқашон хомӯш будааст.
Дар ҳамин ҳол як корманди Шабакаи барқи ноҳияи Панҷ, ба шарти бурда нашудани номаш ба “Фараж” гуфтааст:
“Лимити барқ дар ноҳия аз рӯзи гузашта сар шуд. Минбаъд бояд шабона аз соати 22 то 5-и субҳ ва рӯзона аз 8-и саҳар то 17-и бегоҳ барқ ба аҳолӣ қатъ карда шавад”.
Ҳамчунин баъзе сокинони ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ва деҳаи Ғусари шаҳри Панҷакент аз ҷорӣ гардидани лимит хабар додаанд.
Сухангӯйи ширкати “Барқи тоҷик” Нозирҷон Ёдгорӣ ҷорӣ гардидани лимитро рад карда гуфтааст: “дар кишвар ягон хел лимит нест”.
“Ширкати “Барқи тоҷик” бо сабаби иҷрои охирин корҳои назоратии тайёрӣ ба зимистон дар зеристгоҳҳои бузургу хатҳои баландшиддат ва дар аксар маҳалҳо тавассути хатҳои эҳтиётии интиқоли нерӯи барқ дар баъзе минтақаҳо, аксаран дар соатҳои вақти рӯзона, эҳтимоли қатъ гардидани қувваи барқ ба миён меояд”, – гуфтааст, сухангуйи “Барқи тоҷик”.
Дар идома иброз доштааст, ки ин ҳолат ҳеҷ вақт набояд ҳамчун ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли барқ дар ҳудуди кишвар ҳисобида шавад. Корҳои назоратӣ, таъмирӣ ва профилактикӣ вобаста ба ҳаҷми таҷҳизоти таъмиршаванда дар муҳлати кӯтоҳ ба охир мерасад ва интиқоли барқ боз ба эътидол медарояд.
Рӯзи 28-уми июли соли равон Ҳукумати Тоҷикистон бо изҳороти расмӣ эълон карда буд, ки дар пайи шадидан кам шудани оби обанбори нирӯгоҳи Норак маҷбур шудааст дар фасли гармо “лимит” ё маҳдудияти нерӯи барқро ҷорӣ кунад, то мардум дар тирамоҳу зимистон ба мушкили ҷиддӣ дучор нашаванд.
Дар Тоҷикистон расман аз соли 2017 лимити барқ бекор карда шуд. Баъди ба кор даромадани ду чархаи нерӯгоҳи Роғун ва фаъол шудани Маркази барқу гармидиҳии Душанбе умеди сокинон ба дарёфти барқи бештар ва муназзам зиёд шуд, аммо ҳар дафъа қатъи нерӯи барқ бо баҳонаҳои “таъмир” ва “камии об” шикояти сокинонро ба вуҷуд меорад.