13.9 C
Dushanbe

Дар Тоҷикистон суғурта иҷборӣ мешавад?

Роҳандозии суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон  ба таври иҷборӣ мешавад. Гуфта мешавад, ин суғуртаро ташкилотҳои суғуртавии КВД “Тоҷиксуғурта”, ҶСП ТС ”Суғуртаи аввалини миллӣ” ва ҶСДММ “Спитамен Суғурта” роҳандозӣ мекунанд.

Бино ба иттилои дафтари  матбуоти БМТ, қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт” моҳи августи соли равон қабул шуда, зарурати он аз байн бурдани инҳисор (монополия) ва таъмин намудани рақобати солим дар бозори суғуртавӣ маънидод мешавад.

Дар идома гуфта шудааст, ки дар ин санад ба амалишавии саривақтии пардохти суғуртавӣ, имконияти мустақилона интихоб намудани ташкилоти суғуртавӣ, таъмин намудани ҳимояи манфиатҳои молиявӣ ва иҷтимоии суғурташавандагон кафолат дода мешавад.

Арзиши чунин суғурта дар ҳаҷми аз 2 то 3 нишондиҳанда барои ҳисоб муқаррар шудааст.

Ҳаҷми суғурта барои автомобилҳои сабукрав ва микроавтобусҳо, трактор ва дигар худравҳо ба маблағи 2 нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳагнда – 60 сомонӣ) муайян шудааст.

Суғуртаи автобусу троллейбус, нақлиёти боркаш дар ҳаҷми 3 нишондиҳанда барои ҳисоб ва моторсиклет 1 нишондиҳанда муқаррар гардидааст.

Дафтари матбуотии бонки миллӣ навиштааст, ки дар қонун барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар, шахсоне, ки бар асари фалокати Нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил зарар дидаанд, инчунин маъюбони гурӯҳҳои I ва II имтиёзҳо пешбинӣ гардида, онҳо аз 50% ҳаққи суғурта маъофандҳ.

Гуфта мешавад, ба соҳибони воситаҳои нақлиёт бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда бобати дар давоми идоракунии бефосилаи воситаҳои нақлиёт вайрон накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ низ имтиёз дода мешавад.

Дар идома зикр гардидааст, ки ҳангоми аз 5 то 10 сол беқонуншиканӣ ва бесадама идора кардани воситаи нақлиёт пардохти мукофоти суғуртавӣ ба андозаи 5% , аз 10 то 15 сол – 10%  ва аз 15 сол ва зиёда аз он – 20% кам карда мешавад.

Маблағи ниҳоии суғуртавӣ дар ҳаҷми 818 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (49 080 сомонӣ аз соли 2021) муқаррар карда шудааст.

Ҳодисаҳои расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатӣ аз ҷониби суғуртакун дар ҳаҷми то 545 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (32,7 ҳазор сомонӣ аз соли 2021) ва барои молу мулк то 273 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (14 220 сомонӣ аз соли 2021) ҷуброн карда мешавад.

Зикр гардидааст, ки ташкилотҳои суғуртавӣ новобаста аз шакли моликияташон барои амалӣ намудани суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт ҳуқуқ доранд.

Аз руйи маълумотҳои расман тасдиқ нагардида гуфта мешавад, ки   ҶСП ТС ”Суғуртаи аввалини миллӣ” ба ширкати “Фароз” домоди Эмомали Раҳмон Шамсулло Соҳибов таалуқ дорад.

Ҳамчунин  молики ҶСДММ “Спитамен Суғурта” домоди дигари Президент шаҳвари Озодаи Раҳмон Ҷамолиддин Нуралиев  муовини Раиси бонки миллии Тоҷикистон гуфта мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.